Пайвандҳои дастрасӣ

Дар гузориши солонаи созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ дар 90 кишвари олам арзёбӣ шудааст.

Созмони Human Rights Watch (HRW), ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, рӯзи панҷшанбе гузориши нави худро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар 90 кишвари ҷаҳон нашр кард. Ин созмон ҳушдор медиҳад, ки ҷараёнҳои демократии бисёри кишварҳои мавриди таҳқиқи онҳо бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Муаллифони гузориши нави HRW дар робита ба ҳаводиси ахири Ховари Миёна навиштаанд, омодагиҳои ҳукуматҳои нави минтақа ба арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар намоиш хоҳад дод, ки ошӯбҳои “Баҳори араб” - ибтидои рӯ ба демократия овардани ин кишварҳост ё сабаби барқарор шудани шаклҳои нави режимҳои худкома.

HRW дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар дар Русия мегӯяд, Владимир Путин баъди бозгашт ба садри кишвар аз чораҳои шадид алайҳи фаъолони шаҳрвандӣ кор гирифт. Анна Севортян, раиси дафтари HRW дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “соли гузашта бадтарин сол барои ҳуқуқи башар дар таърихи навини Русия буд”. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар Русия қонунҳои табъизомез қабул шуданд ва ин раванд идома дорад. Ин қонунҳо, меафзояд хонум Севортян, вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Русияро куллан тайғир медиҳанд.

Моҳи июн дар Русия қонуне тасвиб шуд, ки бар пояи он ҷарима барои ширкат дар раҳпаймоиву гирдиҳамҳоиҳои эътирозии бидуни иҷоза ба карат боло рафт. Тибқи қонуни дигар, созмонҳои ғайриҳукуматие, ки аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ мешаванд, ва аммо ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғуланд, “гумоштаи хориҷӣ” эълон хоҳанд шуд.

HRW ҳамчунин вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказиро танқид кардааст. Ба гуфтаи Миҳра Риттлам, пажуҳишгари HRW дар минтақа, тули соли 2012 дар Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо дар озодии баён ва пайгарди қонун қарор гирифтани мунаққидони ҳукуматҳо зиёд мушоҳида мешуд.

Юлия Горбунова, пажуҳишгари HRW дар Белорус ва Украина ба идомаи таъқибу фишор аз сӯи режими Александр Лукашенко ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, "бӯҳрони ҳуқуқи башар дар Белорус дар соли 2012 амиқтар шуд ва он далел, ки дар интихоботи ахири парлумонӣ аҳзоби мухолиф ба парлумон роҳ наёфтанд, баёнгари дар Белорус барқарор мондани режими табъизомезу худкома аст".

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти Эрон таъқибу фишор болои ҷомеъаи шаҳрвандиро идома доданд. Соли 2012 мақомоти Эрон ба номзадҳо аз мухолифин иҷозаи ширкат дар интихоботи парлумониро надоданд. Раҳбарони маъруфи мухолифин соли гузашта ҳам таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштанд. Дар гузориш ҳамчунин гуфта шуд, ки порсол теъдоди афроде, ки барои қочоқи маводи мухадир эъдом шуданд, афзоиш ёфт. Муаллифони гузориши HRW дар мавриди Афғонистон ба он нукта таъкид кардаанд, ки ҳукумат дар қиболи ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи занон аз чораҳои муассир кор нагирифтааст.

Тоҷикистон: Шиканҷа дар зиндонҳо, нақзи озодии баён ва мазҳаб

Дар гузориши HRW ба идома ёфтани шиканҷаву бадрафторӣ дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон таъкид шудааст. Ба навиштаи муаллифон, дар Тоҷикистон муҷозот барои шиканҷа шадидтар шудааст. Соли гузашта як додгоҳи Хатлон афсари полис Машраф Алиевро барои шиканҷаи як ноболиғ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Аммо бо вуҷуди ин шиканҷа алайҳи маҳбусону боздоштшудагон қатъ нашуд, мегӯяд ин созмон. Моҳи сентябр созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва расонаҳои мустақил дар бораи ҳалокати Ҳамза Икромзодаи 27-сола ба асари шиканҷа дар зиндон хабар доданд.

Дар робита ба озодии матбуот дар Тоҷикистон, HRW ба баста шудани бархе аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, сомонаҳои мунаққиди ҳукумат ишора кардааст.
Гузориш мегӯяд, ки моҳи март дар ин кишвар дастрасӣ ба сомонаи русии zvezda.ru, ки як матлабро аз ҷаласаи пушти дарҳои бастаи ҳукумат нашр кард, номумкин шуд. Моҳи июл ва август – дар рӯзҳои аввали амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ ва баъди он ҳукумат ба сомонаҳои ВВС, РИА Новости, Лента ру, Сентразия.ру-ро баст. Ҳамчунин як муддат вуруд ба сомонаи YouTube, ки он ҷо наворҳои видеоӣ аз намоишҳои зидди амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ нашр шуда буданд, мамнӯъ гардид. 8 май ду шахси ношинос хабарнигори телевизион ва раҳбари гурӯҳи “Қадам ба қадам” Далер Шарифовро лату кӯб карданд. Ҳамчунин нависанда Равшани Ёрмуҳаммад ва хабарнигорон Салим Шамсиддинов ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ба мавзӯи нақзи ҳуқуқи афроди мазҳабӣ муроҷиат карда, менависанд, ки дар Тоҷикистон соли 2012 мақомот аз таҳсили ҷавонон дар мактабҳои динии сабтиномнашуда ҷилавгирӣ карда, устодони ин мактабҳоро муҷозот намуданд ва масҷидҳои сабтиноманашударо бастанд. Муаллифон ба баста шудани масҷиди Муҳаммадия дар ноҳияи Ваҳдат ҳам, ки мутааллиқ ба хонаводаи рӯҳонии маъруф ва яке аз раҳбарони мухолифин дар ҷанги шаҳрвандӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аст, ишора карданд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ ва хушунат алайҳи атфол ҳам идома дошт.
XS
SM
MD
LG