Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: Бан Ки Мун бояд масъалаи Зайд Саидов ва Шӯҳрат Қудратовро матраҳ кунад


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Human Rights Watch (HRW) бо супурдани як ёддошт аз дабири кулли СММ Бан Ки Мун хостааст, ки зимни сафараш ба Тоҷикистон масъалаи Зайд Саидов ва Шӯҳрат Қудратовро матраҳ кунад.

Human Rights Watch (HRW), як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, марказаш дар Ню-Йорк рӯзи 9 июн хабар дод, ки қабл аз сафари дабири кулли СММ ба Осиёи Марказӣ ба Бан Ки Мун як ёддошти кӯтоҳ супурдаанд. Гуфта мешавад, ҳомиёни ҳуқуқ дар ин ёддошт рӯи чанд масъалаи калидие таъкид кардаанд, ки Бан Ки Мун, ба бовари онҳо, бояд дар ҷараёни сафараш ба Осиёи Марказӣ бо ҳукуматҳои он минтақа дар миён гузорад.

Вероника Сзенте Голдстон, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёӣ марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфтааст, "ҳуқуқи башар бо он таъқиби зиёде, ки аз тарафи давлат дар Осиёи Марказӣ рӯбарӯст, сазовори як ҷойгоҳи шоиста дар рӯзномаи сафари дабири кулл ҳаст. Бан Ки Мун бояд ба иқдоми мушаххасе ноил шавад, ки ба бадрафторӣ ва беҷазо мондани омилони шиканҷа поён диҳад, раҳоии афродеро, ки иштибоҳан маҳкум шудаанд, таъмин кунад, ба гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва журналистон иҷозат бидиҳанд, то вазифаашонро анҷом диҳанд."

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ таъқибу ҳатто ба зиндон афкандани ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомиа ба далоили сиёсӣ, маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва матбуот ва беҷазо молндани масъулони шиканҷаро аз ҷумлаи масоили меҳварие номидааст, ки ба ақидаи муаллифони ёддошт, дабири кулли СММ бояд дар Осиёи Марказӣ дар миён гузорад.

Дар мавриди Тоҷикистон дар ин номаи Human Rights Watch ба Бан Ки Мун парвандаҳои вакили дифои мустақил Шӯҳрат Қудратов ва соҳибкор Зайд Саидов зикр шудааст: "Дар байни парвандаҳои алоҳидае, ки дабири кулл бояд матраҳ кунад, аз ҷумла инҳоянд: раҳбари мухолифин Владимир Козлов дар Қазоқистон, ҳомии ҳуқуқи инсон Азимҷон Аскаров дар Қирғизистон, вакили мустақил Шӯҳрат Қудратов ва раҳбари мухолифин Зайд Саидов дар Тоҷикистон, дигарандеши сиёсӣ Гулгелдӣ Аннаниёзов дар Туркманистон ва ҳомии ҳуқуқи инсон Аъзам Фармонов дар Узбакистон."

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Human Rights Watch ҳамчунин аз ҳукми зиндони, ба ақидаи ин созмон, сиёсии журналисти узбак Муҳаммад Бекҷонов, ки 16 сол боз дар зиндон аст, ва собиқ вазири хориҷаи Туркманистон Борис Шайхмуродов ёдовар шудааст.

Дар нома зикр шудааст, ки баъд аз охирин сафари Бан Ки Мун ба Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2010 сурат гирифта буд, давлатҳои ин минтақа озодиҳои сиёсии мардум ва майдони фаъолияти гурӯҳҳои ғайридавлатиро боз ҳам маҳдудтар карданд ва озодии матбуоту озодии мазҳаб ва ҳаққи мардум ба гирдиҳамоиро боз ҳам коҳиш доданд. Вероника Голдстон гуфт, "сафари дабири кулл як имкони калидие барои мутақоид сохтани раҳбарони Осиёи Марказист, то шурӯи ислоҳоти кайҳо боз ногузирро дар авлавият қарор бидиҳанд."

Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, дар соли 2013 дар пайи эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав, боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳоло Додгоҳи олӣ муҳокимаи парвандаи наве алайҳи ин соҳибкор бо иттиҳоми ҷиноятҳои иқтисодиро идома дода истодааст.

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов, ки дар додгоҳҳо аз чеҳраҳое, чун Ёқуб Салимов - вазири собиқи умури дохила, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон, Ҷӯрабек Охунов - раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ва аз Зайд Саидов ҳимоят карда буд, дар соли 2014 боздошт шуд. Ӯ дар моҳи январи соли 2015 бо ҷурми қаллобӣ ва пешниҳоди пора ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукми ӯро то 3 солу 8 моҳ коҳиш дод.

ШАРҲИ ДИДБОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Стив Сведлоу-намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch барои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, дар остонаи боздид аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Human Rights Watch ба Бан Ки Мун муроҷиат кард ва хоҳиш намуд, ки ба ҳассостарин масъалаҳои кунунии ҳуқуқи башар дар минтақа таваҷҷуҳ кунад.

Стив Сведлоу: Дар давоми як соли гузашта ё ҳатто дар давоми ду соли гузашта раванди маҳдудсозии майдони фаъолиятҳои маданӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа мушоҳида мешавад. Мо мебинем, ки дар интихоботи порламонии Тоҷикистон ҳеҷ як аз номзадҳои ҳизбҳои мухолиф натавонист ба порламон роҳ ёбад. Дар таърихи Тоҷикистони муосир бори аввал чунин раванд мушоҳида шуд. Фишор ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба аҳзоби мухолиф, ба вижа ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон кардааст. Мо дархости худро дар ин бора ба Бан Ки Мун пешкаш кардем ва хостем, ки дар Душанбе ба парвандаи Зайд Саидов ва Шӯҳрат Қудратов таваҷҷуҳ кунад. Ҳоло онҳо мӯҳлати ҷазои худро дар зиндон сипарӣ мекунанд. Ба назари мо ҷараёни мурофиаи онҳо бо нақзи ҳар гуна муқаррарот ҳамроҳ буд. Ба ин сабаб аз Бан Ки Мун хостем, ки вай ин масъалаҳоро бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар миён гузорад. Инчунин масъалаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, ба вижа ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳдудияти озодии баён барои шаҳрвандон масъалаи муҳим аст. Воқеан ҳам ин маҳдудсозӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ҳимоят мешуд. Вале мо хостем, ки Бан Ки Мун аз иқдомоти мусбати ҳукумат низ роҷеъ ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ситоиш кунад, то қонун дар бораи пешгирӣ аз хушунати хонаводӣ тақвият ёбад. Он гуна, ки шумо медонед, ҳоло дар Тоҷикистон пешнависи қонунеро таҳия мекунад, ки он ба қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” дар Қирғизистон ва Русия монанд аст. Мо умед дорем, ки ин масъаларо низ Бан Ки Мун бо ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мекунад ва мегӯяд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд кори худро анҷом диҳад ва фаъолияти онҳоро фаъолияти “ҷосусӣ” ном набаранд.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки Тоҷикистон дар ин масъала мисли Қирғизистон аз паси Русия меравад ва бо таҳияи пешнависи қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” мехоҳад фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башарро маҳдуд созад?

Стив Свердлоу

Стив Свердлоу

Стив Сведлоу: Воқеан ҳам мо ин равандро мушоҳида мекунем. Вале дар муқоиса бо Русия мо дар Қирғизистон ва дар Тоҷикистон мебинем, ки тардид ё дудилагӣ вуҷуд дорад. Шояд дар ҳукумат шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷомеаи бози Тоҷикистон эҳтиром гузоранд, ба фазои бозе, ки Тоҷикистон пештар бо он аз кишварҳои дигари минтақа, ба хусус аз Узбакистону Туркманистон фарқ мекард. Мо умед дорем, ки Тоҷикистон ҷомеаи фаъоли шаҳрвандиро ҳифз хоҳад кард. Ин дастоварди Тоҷикистон аст ва ба он бояд эҳтиром гузорад.

Гузашта аз ин мо умед дорем, ки Бан Ки Мун ба сухани ононе ҳам гӯш хоҳад дод, ки мумкин аст аз минтақаи обанбори ниругоҳи Роғун кӯч дода шаванд.Умедворем, ки ҳукумати Тоҷикистон сокинони ин минтақаро баъд аз кӯч додан бо ҷои нави зист, бо мактабу соиришароити иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин хоҳад кард.

Озодӣ: То оғози боздиди Дабири кулли СММ аз Тоҷикистон дар ин кишвар дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуд. Вале бо оғози ин боздид маҳдудиятро бардоштанд. Human Rights Watch ба ин кор чӣ гуна баҳо медиҳад?

Стив Сведлоу: Ин масъала ба озодии баён дахл дорад. Дар саросари ҷаҳон хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар Амрико ин озодиҳо бояд таъмин бошанд. Шаҳрвандон бояд ҳақи озоди баён дошта бошанд. Албатта, интиқод аз ҳукумат сабаб дорад. Вале вақте, ки сухан дар бораи таблиғи терроризм дар миён аст, баъзе истисноҳо вуҷуд дорад. Вақте ки ақидаҳои тундгароёна ё муноқишаангез таблиғ мешавад, ҳукумат заъфият нишон намедиҳад ва сомонаҳоеро, ки бо таблиғи гурӯҳҳои мамнуъ машғуланд, онҳоро мебандад.

Озодӣ: Шумо фазои сиёсиро барои фаъолияти ҳизбҳои сисёсии мухолифи давлати Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Стив Сведлоу: Ин масъала нигаронии моро ба бор овардааст. Талошҳои мухталифро мушоҳида кардаем, ки бисёриҳо мехостанд, таасуроте ба вуҷуд оранд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон созмони мануъ аст. Дар маъракаи пешазинтихобоӣ ҳатто раҳбарони мазҳабӣ дар суханрониҳои худ фаъолияти ин ҳизбро маҳкум мекарданд. Албатта, чунин раванди нигаронкунанда дар давоми чанд соли охир мушоҳида мешавад. Масалан, дар соли 2013 ба Маҳмадалӣ Ҳаит-муовини раиси ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ҳамлаи бераҳмона сурат гирифт. Омилони ин ҳамла пайдо карда нашуданд. Ин гуна муносибату бархурд аз муддатҳо пеш идома дорад. Акнун он чиро, ки мо мебинем, натиҷаи ҳамин маърака аст. Мо медонем, ки он ба нафъи Тоҷикистони демократӣ нест, ки майдони сисёсиро барои фаъолият маҳдуд созад. Гуногунандешӣ ҷанбаи мусбат дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Умед дорем, ки имсол дар ин самт беҳбудиҳо хоҳанд шуд.

Озодӣ: Оё чунин вазъ танҳо дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва ё дар кишварҳои дигари минтақа низ чунин вазъ ба мушоҳида расидааст?

Стив Свердлоу: Бо вуҷуди он ки мо кишварҳоро бо ҳам муқоиса намекунем, вале дар Узбакистону Туркманистон ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар сатҳи хеле поин қарор дорад. Дар Узбакистон ҳазорон нафар зиндониёни сиёсӣ ҳастанд. Дар Туркманистон даҳҳо нафараз зиндонҳо бедарак шудаанд ва бештар аз даҳҳо сол аз онҳо хабаре нест. Аз соли 2002 ба ин сӯ касе аз хешовандони онҳо намедонад, ки онҳо зиндаанд ё мурда. Ба ҳамин далел вазъ дар Тоҷикистон ҷиддитар аст. Дар Қирғизистон низ ҳоло баъзе нигарониҳо пеш омадааст ва он ба тасвиби ду қонун иртибот дорад. Яке ба таблиғоти гурӯҳҳои ЛГБТ ё ақаллиятҳои ҷинсӣ ва дигарӣ ба “агентҳои хориҷӣ” иртибот дорад.

Ҳатто дар Қазоқистон вазъи озодии баён дар чанд соли охир бадтар шудааст. Мо умед дорем, ки бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷараёни боздидаш аз кишварҳои минтақа ин масъалаҳоро бо раҳбарони ин кишварҳо дар миён мегузорад ва баррасӣ мекунад, зеро он ба нафъи ҳамаи ин кишварҳост, ки уҳдадориҳои байналмиллалии худро иҷро кунанд ва ҳуқуқи башарро дастгирӣ намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG