Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи 13 узви раёсати ҲНИТ рӯзи ҷумъа идома мекунад


Мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар Додгоҳи олӣ идома хоҳад кард.

Мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки 9 феврал паси дарҳои баста дар Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шуд, рӯзи ҷумъа идома хоҳад кард. Наздикони онҳо мегӯянд, ки ба ҷуз аз вакилони мудофеъ дигарон ҳаққи вуруд ба мурофиаро пайдо накардаанд.

Ин мурофиа дар ҳоле оғоз ёфтааст, ки рӯзи 8 феврал Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.

Надежда Атаева, раҳбари рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ончӣ ки дар робита ба парвандаҳои зидди аъзои баландпояи ҲНИТ дар Тоҷикистон мегузарад, хеле нигаронкунанда аст ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро тақозо мекунад: “Мо аз ҷомиаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки аз ҳукумати Тоҷикистон баргузории муҳокимаи мунсифона ва озоди ин парвандаҳоро тақозо кунад. Ба назари мо, пушти дарҳои баста барпо кардани ин додгоҳ ба ин маъност, ки мақомот мехоҳанд камбуди далелҳои кофӣ алайҳи афроди муттаҳамро аз ҷомиа рӯпӯш кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бар ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад. Яке аз чунин ӯҳдадориҳо риояи меърҳои демократӣ, аз ҷумла таъмини муҳокимаи одилонаи парвандаҳо дар додгоҳҳои ин кишвар аст.”

Ба иттилои Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" дар паҳлӯи 13 нафари раҳбарони ҳизб, инчунин се нафари дигар аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳам ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Атаева гуфт, "Бешубҳа, ин муҳокимаи додгоҳӣ аз назари вазъи умумии сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ нақши хеле муҳим дорад. Масъала ин аст, ки фишорҳои бесобиқа нисбати яке аз ҳизбҳои пешвои мухолифин ҷараён дорад ва ин ҳизб дорои эътибори хеле ҷиддӣ аст. Барои созмони мо иттиҳоми ин ҳизб дар фаълиятҳои террористию экстремистӣ худ як ангезаи сиёсӣ аст".

13 узви раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард. Аммо намояндагони ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин исён танҳо баҳонае барои бастани фаъолияти ин ҳизби мухолиф шуд.

Сафаралӣ Мирзозода, додситони ҳарбии Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи тафтиши парвандаи ошӯби Абдуҳамли Назарзода рӯзи 8 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар маҷмӯъ 199 парванда алакай ба додгоҳ фиристода шудааст: "Аз ин ҳисоб 172 парванда ба гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боқимонда ба аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ марбут аст. 40 тани дигар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд."

Аммо дар баёнияи Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" омадааст: "Иттиҳомот алайҳи аъзои ҲНИТ танҳо бар пояи шаҳодатҳоест, ки дар натиҷаи шиканҷа ба даст омадааст. Бо ин вуҷуд додситонӣ айбномаро имзо карда ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуда ва ба ин тартиб, нақзи муқаррароти қазоӣ аз чашми аҳли ҷомеа пинҳон мемонад."

Надежда Атаева

Надежда Атаева

Надежда Атаева дар сӯҳбат бо Озодӣ бо ишора ба ҷараёни тафтишот, аз ҷумла гузоришҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, фишору таъқиби наздикони онҳо боздошти дастикам ду вакили мудофеъ, ки ба ҳимоят аз онҳо ҷуръат карданд, ва таъини адвокатҳои ба ном “давлатӣ” барои ин боздоштшудаҳо, мегӯяд, дар ғайри сурати баргузории додгоҳи боз ва одилона созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро маҳбусони сиёсӣ эътироф кунанд.

Рӯзи 8 феврал дар остонаи шурӯъи муҳокимаи аъзои ҲНИТ хабар расид, ки мақомот вакили мудофеъ Ҷамшед Ёровро аз ҳаққи вакилии Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ барканор ва ба ҷои ӯ як адвокати “давлатӣ”-ро таъин кардаанд.

Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, назири Human Rights Watch ва Freedom House низ қаблан аз боздошту шиканҷаи аъзои ҲНИТ ва таъқиби наздикони онҳо ибрози нигаронӣ кардаанд. Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико низ дар ибтидои моҳи ноябр дар як гузориш гуфт, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ", то имрӯз дастикам 8 узви ҲНИТ – раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархор Ҳасан Раҳимов (9 соли зиндон), Зайниддин Юсупов (10 сол), Асомиддин Абдураҳмонов (10сол), Таваккал Бобоев (18 сол), Рустам Эмомов (17 сол), Умаршо Давлатов (15 сол), Маҳмадалӣ Исломов (5 сол) ва Завқибек Раҳмонов (4сол) маҳкум ба зиндон шудаанд. Дастикам 6 узви дигари ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ мамнӯъулсафар шуда, даҳҳо узви дигари ҲНИТ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Саидиброҳими назар, Шоҳнаими Карим, Қамариддин Афзалӣ, Хайрисо Саидова, Неъматулло Амонбеков, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG