Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби Ислом Каримов аз Шавкат Мирзиёев ҳимоят кард


Муҳаммад Солиҳ
Муҳаммад Солиҳ

Муҳаммад Солиҳ, аз мухолифони ашаддии ҳукумати Узбакистон, ки дар аҳди Шӯравӣ барои истиқлоли ин кишвар мубориза карда, баъдан таҳти фишор маҷбур ба тарки ватан шудааст, аз раиси ҷумҳури кунунӣ Шавкат Мирзиёев ҳимоят кард. Муроҷиати видеоии Муҳаммад Солиҳ ба забони узбакӣ рӯзи 23 март нашр шудааст.

Ин мухолифи сарсахти ҳукумати Узбакистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ далели ҳимояташ аз Мирзиёевро баён кард. Вай гуфт, “вақте ки Шавкат Мирзиёев бо нақзи Қонуни асосӣ раёсатро бар дӯш гирифт, гуфта будам, ин кори дуруст нест. Ҳанӯз ҳам дар ин мавқеи худ ҳастам. Аммо бисёр корҳое, ки ӯ ба ҳайси президент кард, қобили дастгирист. Аз ҷумла, ӯ ба тарафи мардуме рафт, ки кайҳо фаромӯш шуда буданд. Ин корҳо дар ман умедеро бедор карданд, ки ӯ ниятҳои нек дорад.”

Муҳаммад Солиҳ гуфт, ӯ ва ҳар шаҳрванди дигари Узбакистон дар ҳоли ҳозир аз Шавкат Мирзиёев интизори ислоҳоти ҷиддӣ ҳастанд. “Дар ҳақиқат, дар кишвар гурӯҳи тавоное ҳаст, ки Мирзиёевро аз ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ ҷилагвирӣ мекунанд. Аммо дар паси раиси ҷумҳур давлат истодааст. Барои ҳамин, ӯ ҳақ надорад, ки бигӯяд, ман мехостам корҳои хуб бикунам, вале нагузоштанд. Президент бояд ҷасорат кунад ва кишварро аз ин мафия халос намояд, ки чун алафи печак давлатро бӯғӣ мекунанд. Барои ин солҳо зарур нест, балки бояд ҳарчӣ зудтар анҷом шавад”, - гуфт ӯ.

Муҳаммад Солиҳ, раҳбари Ҳизби "Эрк", рақиби Ислом Каримов дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон дар соли 1991, аз соли 1993 дар хориҷ ва феълан дар Туркия ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG