Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, ҳарчанд зуҳуроти нафратангези бачабозӣ аз чандин сол ба ин тараф ба ҳайси як мушкил дар кишвар боқӣ мондааст, аммо ҳоло интиқоди занон аз ин амали нораво бештар шудааст.

Парвин Раҳимӣ, масъули бахши занон дар ин кумиссиюн ба Радиои Озодӣ гуфт, шуморе аз заноне, ки шавҳарашон ба бачабозӣ оғуштаанд, аз онҳо хости талоқ кардаанд: «Парвандаҳое ҳам вуҷуд дошта, ки хонумҳое омаданд ва шокӣ аз ин мавзӯъ буданд, ки шавҳарашон бачаро нигоҳ мекунад, ё шавҳараш бачаро ба хона меорад ва бо ӯ феъли номашрӯъ анҷом медиҳад. Ё хонумҳое ҳам буданд, ки шавҳарашон мафъул аст. Духтархонум омада, номзад шуда ва баъд аз як муддат си дии номзади худро мебинад, ки зангу ҷома баста мекунад ва дар маҳофил мерақсад. Вақте мавзӯъи радди номзадиро матраҳ месозад, ҳатто аз тарафи бузурговорову мардумои зӯрманд таҳдид мешавад, ин духтар, ки номзадии худро рад накунад.»

Хонум Раҳимӣ ҳамчунин афзуд, ки аз аввали имсол то кунун тақрибан 20 зан шикоятҳояшонро дар ин кумиссиюн сабт кардаанд. Ба қавли ӯ, занон дар ин шикоятҳо иддаъо доранд, ки шавҳарони онон, ё дигар мардҳои хонаводаашон ба амали бачабозӣ оғуштаанд. Парвин Раҳимӣ ҳамчунин гуфт, ки феъли зишти бачабозӣ дар ин авохир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Бар асоси гуфтаҳои хонум Раҳимӣ, дар баъзе аз манотиқи кишвар ҳатто ба хотири писарон, рақобат ва ҷанҷолҳо ба миён меояд.

Парвин Раҳимӣ аз ниҳодҳои адлия ва додгоҳҳои Афғонистон хост, дар Қонуни ҷазо барои бачабозӣ ҷазои мушаххас муқаррар кунад. Ба қавли ин ҳомии ҳуқуқ, Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон як таҳқиқеро дар бораи бачабозӣ дар кишвар оғоз кардааст. Адами ҳокимияти қонун, фақр, бархӯрдҳои нодуруст, сӯъиистифодаи ноболиғон аз тарафи зӯрмандон аз омилҳои афзоиши бачабозӣ дар Афғонистон хонда мешавад.

Дар айни ҳол бархе аз олимони дин ин амалро башиддат маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ки ин кор аз нигоҳи шариати ислом як гуноҳи кабира аст. Шамсурраҳмон Фурӯтан, яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар муқобили ин амал, шариати исломӣ аршаддаттарин муҷозотро пешбинӣ мекунад. Яъне ҳокими вақт салоҳият дорад, ки ӯро эъдом бикунад ва ё зери девори кӯҳна бикунад ва ё мутобиқи ҳолат ва шароити шахс, ӯро як навъ ҷазо бидиҳад.»

Як мақоми баландпояи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кумиссиюни махсусе Қонуни ҷазои кишварро бознигарӣ мекунад ва мумкин аст, бандҳое дар бораи бачабозӣ ба ин қонун изофа шавад.

Дар айни ҳол бисёре аз мардуми Афғонистон ҳам ин зуҳуротро маҳкум мекунанд ва онро хилофи арзишҳои ҷомеаи кишварашон медонанд.

Як сокини шаҳри Кобул дар ин бора гуфт: «Мо аз давлат мехоҳем, ки зуд ҷилавашро бигиранд. Касоне, ки ин амала доман мезананд ва фарзандони мардумро аз рӯи маҷбурият ва дар ивази як пули ночиз ба ин амал водор мекунанд, ҷазо дода шаванд.»

Ҷавони дигаре низ аз ҳукумати Афғонистон хост, ки ин зуҳуротро аз кишвар решакан кунад: «Бачабозӣ як амали бад аст ва мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки бачабозиро аз байн бубарад, зеро ин кор аз байн бурдани ислом аст.»

Масъулони Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯянд, писароне, ки дар бачабозӣ истифода мешаванд, шахсияташон аз байн меравад ва уқдаманду беотифа мешаванд. Онҳо мегӯянд, агар барои маҳви ин зуҳурот ҷиддӣ талош накунанд, ин амали манфур дар Афғонистон бештар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG