Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, чун ду сол пеш, аз сокинони кишвар даъват кард, ки барои ду соли оянда озуқа захира кунанд.

Аммо таҷрибаи солҳои охир гувоҳи он аст, ки бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон имкони амалии захираи озуқаро на барои ду сол, балки ҳатто барои чанд моҳи оянда надоштаанд.
Бисёре аз шаҳрвандон моил ҳастанд, ки барои ояндаи хонаводаашон ғизо захира кунанд, аммо роҳу воситаҳои захиракуниро намедонанд ва барои анҷоми ин кор, ба вижа шаҳрнишинон, шароити мусоид надоранд...


Аввалин суоле, ки дар пайи даъвати президент дар зеҳни бисёриҳо пайдо шуд, ин буд, агар нархи як халтаи панҷоҳкилоии орд то 140 сомониву 1 литр равған ба 8 сомонӣ расидааст, бо маоши ҳадди ақалли 80 сомонӣ аз куҷо ва чӣ тавр барои ду соли зиндагӣ орду равғанро захира кардан мумкин аст?!

Ин саволи ягона нест. Агар ба ин масъала аз нуқтаи назари як сокини Хатлонзамин нигарем, даҳҳо саволе дар миён меояд, ки инсонро нороҳат мекунад.

Барои мисол:

- Имкониятҳои табиии вилояти Хатлон барои истеҳсол ва таъмини чӣ қадар маҳсулоти озуқа кифоят мекунад? Бар ҳар сари аҳолии вилоят чӣ қадар орду гандум ва дигар навъҳои хӯрока рост меояд?

- Истеҳсоли гандум барои имсол чӣ қадар пешгӯӣ мешавад? Бахусус дар ҳоле, ки аксари кишоварзон аз камборишӣ ва норасоии об дар заминҳои кишти гандуму полезӣ нигарон буда, аллакай гандуми киштшуда дар садҳо гектар замин талаф ёфтааст…

- Мизони воридоти маҳсулоти озуқа ба қаламрави вилояти Хатлон чӣ қадар аст? Чӣ бештар ворид мешавад?

- Захираи ҳозираи озуқа дар вилоят барои чӣ қадар аҳолӣ ва барои чанд вақт мерасад?

- Ниёзмандиҳои мардумро ба навъҳои хӯрока кӣ ва чӣ гуна ҳисоб мекунад?

- Сабади истеъмолии шаҳрвандон ҳоло ба чанд сомонӣ баробар аст? Маоши миёна барои хариди ғизои чандвақта мерасад?

- Роҳҳои таъсиррасонӣ ба коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят кадомҳоянд?

- Мардуми вилоят дар шароити хонаҳои баландошёна ва ҳавлӣ чӣ гуна метавонанд озуқаи дусолаи худро захира кунанд?

- Пешниҳоди мушаххаси коршиносон ба сокинони вилояти Хатлон, ки роҳу воситаҳои захира кардани озуқаро барои мӯҳлати дароз дуруст намедонанд ё ба маслиҳати мутахассисон эҳтиёҷ доранд, чист?

Дар ниҳоят: Чӣ тавр барои ду сол захира кунем?

Мутаассифона, бисёре аз ин саволҳо беҷавоб мондаанд.

Бино ба пешбиниҳои коршиносон, имсол ҳосилнокии гандум, картошка, сабзавот, полезӣ, меваҷот то андозае коҳиш хоҳад ёфт. Табиист, ки болоравии нархҳо дар бозор дар назар аст.

Агар меъёри истеъмоли гандум ба як нафар дар як сол 137 килограмм бошад (ба иддаои оморшиносон), соли ҷорӣ, бино бар таҳлили коршиносон, истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон аз меъёри истеъмол камтар хоҳад буд.

Дар воқеъ, бисёре аз шаҳрвандон моиланд, барои ояндаи хонаводаашон ғизо захира кунанд, аммо роҳу воситаҳои захиракуниро намедонанд ва барои анҷоми ин кор, ба вижа шаҳрнишинон, шароити мусоид надоранд.

Аммо ҳамин сокинони шаҳрҳои вилоят ҳарчанд мехоҳанд, ки захираи озуқа дошта бошанд, намедонанд бо кадом роҳ ин корро анҷом диҳанд. Масъулони шаҳрдории Қӯрғонтеппа, масалан, ягон барномаи мушаххас надоранд, то бо истифода аз он сокинони шаҳр тавонанд, миқдори лозими маводи озуқаро барои ақаллан як соли оянда дар шароити хонаҳои танги баландошёна захира кунанд.
Яке аз роҳҳои коҳиши ниёзи мардум ба озуқа - додани имтиёз ба соҳибкоронест, ки ба воридоти он аз хориҷи кишвар машғуланд...


Ба иттилои хадамоти гумруки минтақа, имсол на танҳо маҳсулоти орду гандум, балки дигар анвои озуқа, аз қабили равғану шакар, биринҷу макарон ва мисли он ба вилояти Хатлон коҳиш ёфтааст. Феълан дар фурӯшгоҳҳои Хатлон нархи маводи озуқа рӯ ба афзоиш дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ҳисоби коршиносон, талаботи солонаи сокинони вилояти Хатлон ба гандум ба 361 000 тонна баробар аст. Ҳамин тавр, талаботи солонаи хатлониҳо ба картошка 118 000 тонна ва ба маҳсулоти сабзиҷот 377 000 тонна мебошад.

Мутахассисон муҳайё кардани шароит барои захира, яъне таъсиси анборҳои махсуси иловагӣ, роҳнамоии кишоварзон барои дуруст нигаҳдорӣ кардани гандуму сабзиҷотро муҳим мехонанд. Ба иддаои масъулони иттифоқи ҷамъияти "Матлубот"-и вилояти Хатлон, шумораи анбору мавзеъҳои нигаҳдорӣ ва захираи озуқа дар ҷануби кишвар зиёд буда, имкон ҳаст, ки ғизои дар он захирашуда барои як сол бирасад.

Яке аз роҳҳои коҳиши ниёзи мардум ба озуқа - додани имтиёз ба соҳибкоронест, ки ба воридоти он аз хориҷи кишвар машғуланд ва ҳамчунин кӯмакҳои амалӣ ба кишоварзон, дастгирии молиявии онон аст. Ба назари коршиносон, коллективизатсияи замони Шӯравӣ як низоми хуби кишоварзӣ буд, ки бояд дубора эҳё шавад, зеро айни замон аз тақсим шудани собиқ колхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо теъдоди маҳдуди одамон манфиати молии заминро мебинанду тамом.

Гулнора Ғозиева, роҳбари созмони Ҳизби демократ дар минтақа, мегӯяд, бояд мардумро ба фарҳанги истеъмоли сарфакоронаи ғизо таблиғ кунем. Ба гуфтаи ӯ, масалан лӯбиё метавонад ниёзи инсонро ба нон ва гӯшт бисёр коҳиш диҳад. Он витаминҳое, ки дар лӯбиё ҳаст, бешак, гӯштро метавонад иваз кунад. Лӯбиё дар бозор арзонтар аз гӯшт аст ва дар қиёс бо гӯшт, лӯбиёро мешавад барои мӯҳлати дароз захира кард.
Оё шумо шароити захира кардани ғизои хонаводаатонро барои ду соли оянда доред? Агар ҳа, пас чӣ гуна ва дар кадом шароит ин корро мекунед?


Дар мавриди роҳу воситаҳои захирасозӣ дар шароити деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ё ҳатто як оила метавонад, ки аз рӯи талабот ва имконоташ бо ташкил кардани чоҳҳои махсус дар шакли анборҳои зеризаминӣ, бо таъмини ҳарорати мӯътадил ва ҳаворасӣ миқдори муайяни озуқаро захира намояд. Масалан, захираи анор ё қаланфури булғорӣ. Мешавад, ки ин маҳсулотро андаруни покетҳои махсуси полиэтиленӣ ҷойгир кард. Ба ин восита маҳсулоти мо метавонад то чанд моҳ бенуқсон истад…

Аммо бо он маоши миёна, ки дар Тоҷикистон ҳаст, захира кардани озуқаи дусола барои ҳар оила имконпазир ҳаст ё на, суоли дигар аст. Бар асоси ҳисобҳои Идораи омори Хатлон, меъёри якмоҳаи истеъмоли озуқа барои ҳар як нафар ба 241 сомонӣ баробар аст. Агар оила ба ҳисоби миёна аз 6 нафар иборат бошад, барои хариди танҳо ғизо моҳе зиёда аз 1 ҳазору 500 сомонӣ лозим будааст.

Агар ин рақамро ба 24 моҳ, яъне 2 сол зарб занем чӣ? 36 ҳазор сомонӣ, муодили 8 ҳазор доллар! Ин ҳам рақамҳои камтарини тахминӣ аст, танҳо барои хариди маводи озуқа. Оё оилаҳои хатлонӣ харҷи ин миқдор маблағро ба худ иҷоза дода метавонанд?

Бо ин ҳама коршиносони масоили кишоварзӣ иддао доранд, ки ба хотири таъмини беҳтари амнияти ғизоӣ давлатро мебояд ғалларо аз деҳқонон харидорӣ карда, захираи давлатии маводи озуқаро ғанӣ гардонад.

Воқеан, оё шумо шароити захира кардани ғизои хонаводаатонро барои ду соли оянда доред? Агар ҳа, пас чӣ гуна ва дар кадом шароит ин корро мекунед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG