Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мудири "ExxonMobil"-ро вазири хориҷӣ интихоб мекунад


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Телевизиони NBС-и Амрико гузориш дод, ки интизор меравад Доналд Трамп – президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида – мудири иҷроияи ширкати нафтии "ExxonMobil"-ро ба мақоми вазири умури хориҷӣ интихоб кунад. Хабаргузории Ройтерс низ бо такя ба як мақоми тими интиқолӣ гуфт, номи Рекс Тиллерсон рӯзи ҷумъа ба унвони номзади ин симат дар назар гирифта шуд ва ӯ субҳи шанбе бо оқои Трамп дидор кард. Ширкати нафтии "ExxonMobil" дар бештар аз 50 кишвари дунё фаъолият дорад. Ин ширкат соли 2011 бо "Роснефт", бузургтарин корхонаи нафтии Русия, ҳам дар заминаи корҳои иктишофӣ ва тавлид қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонд. Ба навиштаи Ройтерс, ситоди Доналд Трамп то ҳол ба ин хабар вокуниш нишон надодааст. Трамп дар интихоботи 8 ноябри Амрико бар рағми интизориҳо ба рақибаш Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ пирӯз шуд. Вай то шурӯи расмии кор ба ҳайси раиси ҷумҳур дар Кохи Сафед ба ҷобаҷо кардани тимаш машғул хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG