Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон дар соли 2014 вориди рақобат барои хабару маълумот шуданд, ҳамзамон худсонсурӣ ва суистифода бештар шуда, таъсири ноаёни мақомот афзоиш ёфт.

«Имрӯз News» - ягона рӯзномаи мустақили Тоҷикистон шумораи 1000 – уми худро ба нашр расонд. Соли сеюм аст, ки нашр мешавад. Аммо ҳеҷ кас, ҳатто муассиси он ин умедвориро надошт, ки пойдории як рӯзнома дар Тоҷикистон аз рӯъё ба воқеият табдил ёбад, зеро дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон чӣ расад ба рӯзнома, балки ҳафтаномаҳо, ҳатто гоҳномаҳо ин кафолатро надоранд.

Рустами Ҷонӣ, муассиси «Имрӯз News», мегӯяд, дар қиёс бо ҳафтанома роҳандозии рӯзнома мушкилиҳои худро дорад: “Барои мо чолиши аз ҳама асосӣ ин буд, ки дар Тоҷикистон худ таҷрибаи роҳандозии рӯзномаи мустақил тайи 2 даҳсола вуҷуд надошт. Бозори рӯзнома набуд. Аввалин вазифа пеши мо ин буд, ки бар иловаи анҷоми корҳои эҷодӣ барои он бозор ба вуҷуд орем, яъне дар баробари таҳияи мавод мо муваффақ шудем, ки бозори онро ба вуҷуд орем.”

Рустами Ҷонӣ

Рустами Ҷонӣ

Ба монанди «Имрӯз News» дигар нашрияҳои Тоҷикистон низ бо мушкилоти меросмонда аз солҳои гузашта, аз ҷумла гаронии андоз, ки 48 дарсади даромадҳояшонро мебалъад, шумораҳои охирини худро дар соли 2014 ба нашр месупоранд. Аммо масъулони нашрияҳо худро дар пешорӯи як бӯҳроне тасаввур мекунанд, ки онҳоро дар соли 2015 интизор аст. Онҳо мегӯянд, ҳоло бо захираҳои коғазу дигар маводи зарурии чоп аз соли 2014 нашрияҳояшонро ба чоп мерасонанд, аммо аз соли нав дар пайи бӯҳрони Русия интизор доранд, ки қимати коғазу ранги русӣ барояшон бо нархҳои имрӯз дастрас нахоҳад шуд.

Соли 2014 ба истиснои “парвандаи зиёиён ва “Азия - плюс”, ки аз соли 2013 мерос монда буд, танҳо парванда алайҳи рӯзноманигорон дар вилояти Суғд баррасӣ шуд. Рӯзноманигор Қамари Аҳрор барои эҷоди монеа ба кори муовини сардори милисаи шаҳри Хуҷанд 120 сомонӣ ҷарима шуд, ҳарчанд баъдтар дар як озмуни ҳукуматӣ онро бо ҷоизае ба маблағи 4,5 ҳазор сомонӣ “ҷуброн” карданд.

Тибқи иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳоло 516 расона дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки аз ин ҳудуди 300 адади онҳо фаъол мебошанд. Бар 20 радиое, ки то соли 2013 дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, соли 2014 ду радиои маҳаллӣ - “Садои Осиё” дар Турсунзода ва “Диёр ФМ” дар Истаравшан афзуда шуданд.

Шеваи кори 4 телевизиони давлатӣ аз гузашта фарқ намекард, агар дар ин миён наворҳои бадахлоқиҳои муллоҳоро ба намоиш намегузоштанд ва ба ҳамин минвол, боиси вокунишҳои зиддунақиз дар ҷомеа намешуданд.

Аммо телевизионҳои мустақили Тоҷикистон ба соли 2015 бо нигароние ворид мешаванд, ки соли 2014 халқ кард. Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пиёда мешавад, аксари онҳоро дар ҳошия гузоштааст. Соли 2004 ба истиснои чор телевизиони давлатӣ – “Шабакаи аввал”, “Сафина”, “Баҳористон” ва “Ҷаҳоннамо” 6 телевизиони хориҷӣ - НТВ – футбол, Спорт 1, Евронююс, Наука, РТР – Планета ва National Ceоgraphics ба мултипакети Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Зиннатулло Исмоилов

Зиннатулло Исмоилов

Зиннатулло Исмоилов, мудири телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ)» ва раиси Анҷумани радио ва телевизионҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, 15 шабакаи мустақили телевизионӣ аз ин ҳақ то ба ҳол маҳруманд: “Аз 10 шабакаи телевизионӣ, ки ба пахши рақамӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд шурӯъ карданд, ягон телевизиони мустақил нест. Танҳо ду телевизион дар Суғд – СМ – 1 ва “Азия” ба таври тестӣ ворид шудаанд, ки заминаи ҳуқуқӣ ҳанӯз надоранд ва эҳтимоли берун андохтанашон вуҷуд дорад”

Соли 2014-ро соли рушди расонаҳои электронӣ меноманд, ки то ҷое мавқеи худро дар ҷомиа қавӣ ва “нон” – и нашрияҳоро ним карданд. Сабқате дар пахши хабарҳо эҳсос мешуд, ки аз навпоии ин навъи рақобат дар матбуот шаҳодат медиҳад.

Аммо Қироншоҳ Шарифзода, устоди рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раиси пешини Шӯрои васоити ахбори ом, мегӯяд, эҳсос мешуд, расонаҳо ва раҳбаронашон худсонсуриро дар қиёс бо солҳои пешин тақвият додаанд ва эҳтиёт карданд, ки корашон ба додгоҳ накашад: “Аксари расонаҳои мо, аз ҷумла ба истилоҳ, нашрияҳои мустақил аз фишорҳо ё таъсири ноаёни бархе мақомот бархӯрдор буданд. Масалан, дар нашр кардани матолиби якҷонибаи, ба истилоҳ, “фабрикаи ҷавоб”. Яъне нашрияҳои мо имсол ҳам аз “маслиҳат”-ҳо ва пешниҳодҳои бархе аз мақомоти ҳукуматӣ берун баромада натавонистанд.”

Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, аз ҷониби ҳукумат ин андеша дар сиёсатҳои дохилии расонаҳо талқин мешавад, ки ба хотири амнияти миллӣ онҳо набояд зиёдаравӣ кунанд ва ин ҳол роҳи баррасии хеле аз масоили доғи ҷомеаро бастааст.

Ду ҳодисаро низ ҳамсӯҳбатони мо дар соли 2014 зикр мекунанд, ки ишораҳои пинҳону ошкоре доштанд. Аввал, “Ҳафта”, ки мебоист ҳафтаномаи сиёсиву ҷамъиятии нав бошад, як шумора нашр ва ба ҳамин қатъ шуд. Мавриди дувум, манъи чопи ду шумораи ҳафтаномаи “Нигоҳ” аст, ки чопашро аз сар гирифт, аммо ба андешаи Қироншоҳ Шарифзода, ишорае ба расонаҳо буд, ки дар остонаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 аз эҳтиёти боз ҳам зиёдтар кор гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG