Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Роҳҳои арзони эмин нигаҳ доштани телефонҳои ҳушманд


Ҳарҷое, ки набошед, чӣ дар роҳ, сари кор ва ё хона, абзорҳои электронӣ ба мисли телефонҳои ҳушманд ва таблетҳо бо шумо ҳастанду, ба қадри кофӣ “азоб” мекашанд.

Фақат як харош дар ойинааш метавонад, телефони ҳушманд ва ё лавҳи электронии гаронқимати шуморо ғайриқобили истифода кунад. Хатари афтидану шикастан ва ё намӣ пайваста ба “ҷони телефонҳои ҳушманду таблети шумо” таҳдид мекунад, вале муҳофизати онҳо аз ин ҳама хатар пулу кори зиёде намехоҳад.

Агар роҳи арзонтарини муҳофизати телефони худро хоҳед, мушкил нест, ҷуроби кӯҳнаи худро метавонед, ба ҳайси рӯкаши он истифода баред, вале албатта пеши дигарон берун кардани телефон аз дохили ҷӯроби куҳна хуб нест ва аз ин рӯ омодаед, барои муҳофизати телефонатон каме пули бештар харҷ кунед.

Дар бозор, интихоби зиёди рангубаранг доред, аз рӯкашҳои резинӣ, то рӯкашҳои пластикӣ ва намадӣ. Аммо ҳамаи онҳо абзорҳои электронии шуморо ба таври яксон муҳофизат намекунанд. Масалан, рӯкаши пахтагӣ ва ё намадӣ барои сафар хуб аст, зеро ба гуфтаи Мартин Пюпе аз Иттиҳодияи саноати технологии Олмон, ҳамроҳ бо телефони ҳушманд калиду, тангаву дигар абзори тез доред, ки метавонанд, ойинаи телефон ва ё лавҳи шуморо бихарошанд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳангоми афтидани телефон ва ё лавҳи электронӣ, ҳеҷ чиз аз дасти рӯкашҳои матоъӣ намеояд ва дар ин ҳолат, рӯкашҳои резинӣ ва ё пластикӣ беҳтаранд, ки ҳамаҷои абзори электронии шуморо мепӯшонанд.


Шаш "гуноҳ"-и телефонҳои ҳушманд


Мартин Пюпе меафзояд, чунин рӯкашҳо, намегузоранд, ки абзори электронӣ бишканад ва ё харош хӯрад ва дар баъзе ҳолат аз тар шудан ҳам нигаҳ медоранд. Ҷойи заъифтарини телефонҳои ҳушманд, лавҳи шишагии он аст, ҳарчанд ҳоло дар аксарияти онҳо аз шишаи мавсум бо Горилла истифода мекунанд, ки харош намехӯрад ва ба осонӣ намешикананд, вале Горилла ҳам заъиф аст. Бласиус Каваловски мутахассиси олмонӣ мегӯяд: Агар лавҳи телефони шумо харошнохурданӣ ҳам бошад, вале онро набояд, ҳамроҳ бо калидҳоятон дар як ҷайб бигузоред.”

Лавҳи шишаӣ назар ба пластикӣ қавитар аст ва дар сурати хароши хурде хурдан, телефони шумо кор хоҳад кард. Барои планшет ва ё лавҳҳои электронӣ, Бласиус Каваловски дигар навъи рӯкашҳоро тавсия медиҳад. Аз ҷумла рукашҳое, ки ба ҳайси такягоҳи планшет хидмат мекунанд. Барои онҳое, ки дар ҷойи пургарду хок ва ё об мераванд, беҳтар аст, рӯкаше бигиранд, ки лавҳи электрониро ба тамом мепӯшонанд. Телефонҳои ҳушмандро ҳам бояд аз рег муҳофизат кунед, зеро ба осонӣ метавонанд, лавҳи онро бихарошанд. Ба гуфтаи мутахассисон, барои муҳофизати дурусти як телефони ҳушманд ҳадди аққал 150 сомонӣ лозим мешавад.
XS
SM
MD
LG