Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мутахасисон мегӯянд, ки Тоҷикистон аз назарсанҷии фарогир бораи муайян кардани обрӯи сиёсатмадоронаш истиқбол намекунад.

Қатъи назар аз соли интихобот ё маъракаҳои дигари сиёсӣ муайян кардани мизони маҳбубият ва самаранокии фаъолияти президентҳо ё вакилону вазирон дар аксари кишварҳои ҷаҳон як амри маъмулист. Аммо ин иқдом дар Тоҷикистон реша нагирифтаст ва роиҷ нашудаст.


Раҳбари «Шарқ» -- яке аз марказҳои собиқадори омӯзиши афкори умум дар Тоҷикистон, Музаффар Олимов мегӯяд, яке аз сабабҳо дар он аст, ки бисёриҳо чунин назарсанҷиро дар шароити феълии Тоҷикистон як кори «беҳуда ва сарфи барҳадари маблағу вақт» мешуморанд.

Ба гуфтаи Музаффар Олимов, дар ин шароит бе назарсанҷӣ ҳам мешавад тахмин зад, ки мардум ба самаранокии фаъолияти президенти худ чӣ баҳо медиҳанд: «вақте кулли васоити ахбори расмӣ ба тарғибу ташвиқи як нафар ва кори ҳукумат машғул аст ва мардуми Тоҷикистон, ки аксарият дар рустоҳо ба сар мебаранд ва ба иттилои алтернативӣ дастрасӣ надоранд, натиҷаҳои дигарро аз ин назарсанҷӣ наметавон интизор шуд. Аксарияти аз фаъолияти ӯ ризоянд, чун дар садову симо ягон сиёсатмадори дигар ҳам намоён намешавад.»



Ҷаноби Олимов мегӯяд, ки натиҷаи назарсанҷӣ дар бисёр маврид аз тарзи суолгузорӣ ва интихоби посухдиҳандагон ҳам бастагӣ дорад. Ин омилҳо метавонад натиҷаи омӯзиши афкори иҷтимиро кулан тағйир диҳанд.


Сарвари як маркази дигари омӯзиши афкори умум бо номи «Зеркало», Қаҳрамон Бақозода, бар ин аст, ки гузаронидани назарпурсӣ дар мавриди рейтинги сиёсатмадорон дар Тоҷикистон дардисарзо аст. Чунки натиҷаи пурсиш чӣ гунае, ки шавад ҷонибҳо онро дуруст қабул намекунанд: «агар ҳозир касе пурсиш гузаронад, ки «маҳбубтарин сиёсатмадори Тоҷикистон кист?» ман 150 дарсад боварӣ дорам, ки ҳама номи президентамонро мегиранд. Ин аниқ аст. Аммо вақте таҳқиқот ба чунин натиҷа мерасад, таҳлилгарон, ВАО ва бархе аз мухолифин шояд натиҷаҳои онро зери суол мебаранд. Агар натиҷаҳои пурсиш дигар шавад аз ҷониби дигар мепурсанд, ки Шумо аз куҷо ин иттилоъро гирифтед, кӣ ҳақ дод … Хуллас Шумо як корро мекунам гуфта худатонро таги гап мемонед».

Ҷаноби Бақозода гуфт, ки солҳои 2000-ум созмони «Зеркало» пурсишҳоеро дар мавриди маҳбубияти сиёсатмадорон дар Тоҷикистон анҷом дода буд, аммо ба далели серкорӣ ва набуди фармоиш ҳоло масъулияти ин гуна таҳқиқҳоро бар дӯш намегирад.

Суҳбати мо бо омӯзандагони афкори ҷомеа дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки рузи 19-уми август, натиҷаҳои насарсанҷии маркази давлатии «Иҷтимоӣ фикр»-и Узбакистон дар бораи баҳои шаҳрвандон ба фаъолияти президенти ин кишвар, Ислом Каримов, нашр шуд. Бино бар он, қариб 99 дарсади шаҳрвандони Узбакистон аз кори президент Каримов ризо будаанд. Ҳарчанд ҷомеашиносон дурустии натиҷаҳои ин пажӯҳишро зери суоли бузурге мебаранд, худи суолгузорӣ дар кившаре, ки ҷомеаи баста ва дорои низоми диктаторӣ шумурда мешавад, ҷолиб аст.

Таври маълум навъе аз назарсанҷиҳо на баёнгари афкори умум, балки созандаи чунин афкоранд ва нерӯҳои гуногун аз онҳо ба таври мухталиф истифода мебаранд. Аммо таъсири чунин пажӯҳишҳо ба воқеияти онҳо вобаста аст. Мардум аксаран ба назарсанҷиҳое, ки ба хотири таблиғот истифода мешаванд, итминон надоранд.

Рашид Ғанӣ Абдулло таҳлилгари тоҷик мегӯяд, модоме, ки дар Узбакистон гузаронидани чунин таҳқиқот имконпазир бошад, дар Тоҷикистон ҳам чунин имконият мавҷуд аст: «дар Тоҷикистон ҳам шароити сиёсӣ ва ҳам имконияти зеҳнии баргузор кардани чунин назарсанҷӣ вуҷуд дорад. Аммо ман намефаҳмам, ки чаро онҳое, ки дар мавқеи муқобили сиёсӣ қарор доранд чунин назарсанҷиҳоро фармоиш намедиҳанд? Чунки як созмон ба таври маҷҷонӣ чунин пурсиш намегузаронад, чунки он хароҷоти муайянеро талаб мекунад».

Ҷаноби Абдулло мегӯяд, маълум мешавад ҳоло ҳам дар Тоҷикистон ҷомеа ба чунин назарсанҷиҳо ниёз пайдо накардааст. Чун талабот нест, пешниҳод ҳам пайдо намешавад, меафзояд Рашид Ғанӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG