Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нухбагон ё элитаи феълии Тоҷикистон дар замони истиқлол ва нооромиҳои даҳаи 90-уми қарни гузашта ташаккул ёфта, бо вижагиҳои худ, назири садоқат, волоияти хешу таборӣ ё непотизм ва пуштибонӣ аз мавқеи мақомот, аз системаи ҳамсони кишварҳои демократӣ фарқ мекунад.

Тибқи муқаррароти ғайрирасмӣ, ҳеҷ узви ҳизбҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ба сохторҳои давлатӣ роҳ намеёбанд. Аммо намояндагони ҳизбҳои гӯё мустақил вале дар асл тарафдори ҳукумат метавонанд дар парлумон 1-2 курсӣ ва дар ниҳодҳои давлатӣ мансабҳоеро соҳиб шаванд.

Масалан, ба гуфтаи Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо вуҷуди доштани малакаю таҷриба аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон барои худ кори муносибе пайдо карда наметавонанд ва аз ин лиҳоз, ҳудуди 70 дарсади аъзои ҲСДТ барои дарёфти кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд.

Бад ин тартиб, нухбагони ҷавон дар Тоҷикистон, ки фаъол, пурэнержӣ ва хостаҳо ё амбитсияи сиёсӣ доранд, дар ҳошия қарор мегиранд ва ё кишварро тарк мекунанд. Бар асоси омори ғайрирасмӣ, дар даҳ соли ахир ҳудуди 63 ҳазор ҷавони таҳсилкарда ва ё ба истилоҳ “нухбагони зеҳнӣ” аз Тоҷикистон кӯч бастаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи коршиносон, ҷавононе, ки бо дипломҳои муассисоти таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргаштаанду сармояи зарурӣ ё такягоҳ надоранд, дар ин ҷо кори муносибе пайдо карда наметавонанд ва дубора тарки Тоҷикистон мекунанд.

Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон нухбагон ё элитаи сиёсӣ асосан аз тариқи равобити хешу таборӣ ё непотизм ва садоқат ба ҳукумат ташаккул ёфта, ин афрод дар сохторҳои давлатӣ мақомҳоеро касб мекунанд.

“Ин нухбагон гурӯҳи хурде ҳастанд, дар шароити беҳтарин зиндагӣ карда ва савори мошинҳои гаронбаҳо ҳастанд. Аммо бештари ҷавонон, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил карда ва пурэнержӣ ҳастанд, дар ниҳодҳои давлатӣ ё бахши хусусӣ ҷойгоҳе пайдо карда наметавонанд” - мегӯяд Нуралӣ Давлатов. Агар дар замони Тоҷикистони то истиқлол бачаи деҳқон ҳам метавонист, котиби Кумитаи комсомоли ноҳия тайин шавад ва ба зинаҳои раҳбарӣ боло равад, ҳоло ҳатто таҳсил дар донигоҳ ҳам барои фарзандони хонаводаҳои миёнҳол ба орзӯи дастнорас табдил мешавад.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, нухбагони феълии Тоҷикистон наздикону пайвандони мақомоти кишвар ҳастанд, ки мансабҳои калидиро дар вазорату идораҳо ва сафорату консулгариҳо соҳиб шудаанд. Вале ҷавононе, ки дипломҳои донишгоҳҳои беҳтарини Амрикову Аврупо ва Русияро доранду соҳибкасбу соҳибмалака ҳастанд, дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро пайдо карда наметавонанд.

Дар даҳ соли ахир чеҳраҳои ҷолиби сиёсӣ барои ворид шудан ба саҳнаи сиёсати Тоҷикистон талош карданд, аммо муваффақ нашуданд. Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Раҷаби Мирзо ва Марат Мамадшоев дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ ширкат доштанд, вале ба далели набудани рақобати солими сиёсӣ, интихоботи озоду шаффоф ва мушкилот дар истифодаи малакаю тахассус дар бозори кори кишвар ин афрод дилсард шуда ва аз саҳнаи сиёсӣ канор рафтанд. Бисёр аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки пайваста дар матбуот назар медоданд ва сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекарданд, тадриҷан хомӯш шуданд. Бархе ҳам мехоҳанд талошҳои худро дар кишварҳои озодтар идома диҳанд.

Абдулло Давлат

Абдулло Давлат

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷиктабори Маскав бо ишора ба таҷрибаи худ мегӯяд, ки дар аввалҳои даҳаи 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон пизишки муваффақ ҳисоб меёфт ва дар Душанбе нахустин бемористони муолиҷаи безурётиро таъсис дода буд.

Аммо дар пайи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ба Русия паноҳ бурд ва то ба ҳол дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бар хилофи Тоҷикистон, дар Русия новобаста аз миллату мазҳаб нухбагони донишманду пурэнержӣ шонси бештари расидан ба мартабаҳои баландро доранд.

Аз ҷумла, номзадии Абдулло Давлатов, ки раёсати Иттиҳоди тоҷикони Русия ва Анҷумани созмони тоҷикии “Самандар”-ро ба ӯҳда дорад, аз ҳизби сиёсии “Партия Роста” ба вакилии Думаи давлатии Русия пешбирӣ шудааст.

Ба эътиқоди ҷаноби Давлатов, нухбагони ҷавон, ки фаъол буда, хостаҳои сиёсӣ доранд, ҳатман дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд. Вай ба унвони мисол аз сарнавишти Зайд Саидов, аз муассисони ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” ва Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саршинос ном бурд, ки бо айбномаҳои гуногун боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.

Дар 5-7 соли ахир ба иллати мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, маҳдудиятҳо дар озодиҳои сиёсию мазҳабӣ дар Тоҷикистон тамоюли “фирори мағзҳо” аз ин кишвар зиёд ба мушоҳида мерасад.

Гуфта мешавад, имкон дорад дар сурати тағйири сиёсати кадрии ҳукумати феълӣ ва таҳаввулоти ҷиддӣ дар кишвар ин нухбагон ё элитаи барои ҳукумати феълӣ “бегона” ба Тоҷикистон баргарданд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мактаби нухбагони ҷавони худ - “Созандагони ватан”-ро таъсис кардааст, ки дар панҷ соли ахир дар пуштибонӣ аз сиёсати ҳизби ҳоким дар минтақаҳои гуногуни кишвар чорабиниҳои зиёдеро созмон дода ва марҳила ба марҳила барои касби курсиҳое дар сохтори давлатӣ омода мешаванд.

XS
SM
MD
LG