Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии омор: "Даромади аҳолӣ афзоиш ёфтааст"


Бино ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон даромади пулии аҳолии ин кишвар дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ афзудааст.

Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, даромади пулии аҳолии ин кишвар дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 45,1 дарсад афзуда, ба 3,2 миллиард доллар расидааст. Хабаргузории давлатии "Ховар" менависад, маоши миёна дар Тоҷикистон низ имсол 26,5 фоиз афзуда, дар моҳи феврал 533 сомониро ташкил додааст.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки аз якуми сентябр маоши ҳадди ақал 2,5 маротиба афзуда, ба 200 сомонӣ хоҳад расид.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки сокинонаш музд ва нафақаи камтар ё ночизе мегиранд. Бино ба омори расмӣ, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар як соли пеш 472 сомониро ташкил додааст. Дар ҳоле ки як нафар ба танҳоӣ метавонад ин маблағро барои таъмини рӯзгораш сарф кунад.

Дар ҳамин ҳол, Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузориши таҳриршудааш мегӯяд, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол ва соли оянда 6 фоиз хоҳад шуд. Бар асоси пешбинии Сандуқи Байнулмилалии Пул, таҳвили пули муҳоҷирон, ки соли гузашта 20 дарсад афзуда, ба 3 миллиард доллар расид, имсол боз 13 дарсади дигар хоҳад афзуд.

Ин ниҳоди молӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта аз пули муҳоҷирон бурд кард ва имсол низ аз ин ҳисоб ҳимоят пайдо хоҳад кард.
СБП мегӯяд, имсол ва дар соли 2013 иқтисоди ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ аз 5 то 7 дарсад рушд хоҳанд ёфт.

Аз музди кори худ қонеъ ҳастед? Назари сокинон.

Аз музди кори худ қонеъ ҳастед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG