Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилҳои қиёсӣ нишон медиҳанд, ки дар семоҳаи дувуми соли 2016 қурби пулҳои миллии аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар муқобили доллар тағйири чандоне накардаанд. Қурби сомонӣ аз моҳи апрел ба ин тараф аслан тағйир наёфтааст.

Таҳлилҳои қиёсӣбаъди тақрибан ду соли талотумҳо як андоза ором шудани вазъи бозорҳои асъор дар кишварҳои пасошӯравиро нишон медиҳанд. Дар семоҳаи аввали сол қурби пули миллии аксари ин кишварҳо дар баробари доллари Амрико ҳудудан 10-15 дарсад пойин рафт, вале дар семоҳаи дувум, яъне моҳҳои апрел-июн тағйири қобили мулоҳизае дар ин бозорҳо мушоҳида намешавад.

Аз ҷумла сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон, ки дар семоҳаи аввали сол 12,6 дарсади қурбашро дар муқобили доллар аз даст дод, дар се моҳи охир тағйир наёфтааст. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии як долларро барои рӯзи 1 июл 7,8680 сомонӣ муқаррар кардааст. Рӯзи 1 апрел низ қурби расмии доллар 7,8696, яъне ҳамин 7 сомониву 86 дирам буд.

Барои муқоиса, рӯзи 1 январи соли ҷорӣ 1 доллар расман дар Тоҷикистон 7 сомониву 11 дирам, вале 1 июли соли гузашта 6 сомониву 26 дирам ва 1 июли соли 2014, яъне дуруст ду сол пеш, 4 сомониву 94 дирам қурб дошт. Яъне дар ду сол пули миллии Тоҷикистон қариб 58 дарсад ва дар як соли охир 25 дарсади арзишашро гум кардааст.

Тағйири қурби доллар дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2016 дар ҶАДВАЛИ ГӮЁ:

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳар сурат, билохира ист кардани раванди коҳиши қурби сомониро натиҷаи сиёсати дурусти ин ниҳоди маъсули танзими бозори асъору низоми бонкии ин кишвар мешуморад.

Корафтодагон низ мегӯянд, ки мардум ва бонкҳо низ батадриҷ ба қоидаҳои нави ҷоришуда дар бозори асъор, аз ҷумла аз ин бозор рондани саррофони хусусӣ ва пурра ба дасти бонкҳо супурдани мубодилаи асъор одат карданд. Як ҳамсӯҳбати Озодӣ гуфт, ки бонкҳо низ бо қурби тақрибан баробари қурби расмӣ доллари мардумро иваз мекунанд: “Ман худам дар “Соҳибкорбонк” ҳатто бо қурби 7 сомониву 87 дирам иваз кардам. Вале чанд рӯз пеш дидам, ки бонке, ки маошамро аз онҷо мегирам, вақти табдил қурби долларро каме пойинтар – 7 сомониву 79 дирам – ҳисоб кардааст.”

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ба сурати умум амалкардҳои Бонки миллӣ дар амри танзими бозори асъорро наметавон нодуруст номид. Ба ақидаи ӯ, бо он имконоти хеле маҳдуде, ки Тоҷикистон ва Бонки миллиаш дар ихтиёр доранд, ин як натиҷаи ҳадди аксаре буд, ки ба даст омадааст. Константин Бондаренко, ки бо Радиои Озодӣ аз Украина сӯҳбат мекард, афзуд: “Вале дар дурнамо ҳама чиз боз ҳам аз омилҳои беруна бастагӣ дорад. Иқтисоди Тоҷикистон осебпазир аст, камбудиҳои зиёде дорад, вале ислоҳоти лозим дар иқтисоди ин кишвар анҷом дода намешавад. Дар фасли тобистон бозорҳо одатан ороманд ва то расидани тирамоҳ гумон аст, ки қурби пул ҷиддан болову пойин биравад. Вале баъд, агар вазъи иқтисоди Русия бадтар шавад, ки хеле имкон дорад, мо аз нав шоҳиди афтодани қурби пул хоҳем шуд.”

Бӯҳрони иқтисодии Русия бо коҳиши башиддати пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар баробари уфти нархи маводи сӯхт ва молҳои дигар дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз омилҳои асосии сар аз миёнаи соли 2014 башиддат рӯ ба уфт овардани қурби пулҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус кишварҳои аз пули муҳоҷиронаш дар Русия вобастае, чун Тоҷикистон ном бурда мешуд.

Қурби рубли Русия, ки дар таърихи 1 июли соли 2014 барои 1 доллар 33,84 рубл буд, дар якуним сол беш аз ду маротиба пойин рафт ва ин кишвар ба соли нави 2016 бо қурби 72,92 рубл барои як доллар ворид шуд. Аммо рӯзи 1 апрел қурби як доллар дар Русия 67,85 рубл ва 1 июл алакай 64,17 рублро ташкил медод.

Аз байни пулҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ уфти аз ҳама бештар- қариб ду маротибаро дар ду соли охир тангаи Қазоқистон рӯбарӯ шудааст. Нархи як доллар аз 183 тангаи 1 июли соли 2014 то 1 январи соли равон ба ҳадди 340 танга боло рафт ва рӯзи 1 апрел ба 343 танга расид. Вале дар семоҳаи дувуми сол тангаи қазоқӣ як каме худро “ба даст гирифт” ва қурби расмии як доллар барои рӯзи 1 июл алакай 6 танга камтар – 337 танга барои як долларро ташкил медод.

Қурби соми Қирғизистон – боз як кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – аз соли 2014 ба ин тараф қариб 40 дарсади қурбашро гум кард ва рӯзи 1 январи соли ҷорӣ як доллар дар ин кишвар ба 75,89 сом харида мешуд. То 1 июл қурби доллар дар инҷо ба ҳадди 67,46 сом, яъне беш аз 9 дарсад пойин оварда шуд, ки баландтарин натиҷа дар ин минтақа аст.

Дар Туркманистон қурби манат бо дастури Бонки миллиаш таъин мешавад. Ин Бонк баъди 6 соли ҳифзи қурби пули миллиаш дар ҳадди 2 манату 85 танга барои як доллар, аз 1 январи соли 2016 бо як фармон қурби долларро ба ҳадди 3 манату 50 танга боло бурд. Аммо дар бозори сиёҳи Туркманистон як доллар, бино ба хабарҳо, бо қимати қариб ду маротиба бештар аз қурби расмӣ – 6 манат барои як доллар харидуфурӯш мешавад.

Аз байни пулҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ду соли охир камтар аз ҳама – зери 30 дарсад – қурби сӯми Узбакистон тағйир ёфта, аз 2316 сӯм барои як доллар дар таърихи 1 июли соли 2014 ба 2943 сӯм дар таърихи 1 июли соли 2014 расидааст. Аммо нозирони умур мегӯянд, қурби расмии сӯм танҳо як фиреби зоҳир аст ва дар асл дар Узбакистон бозори сиёҳ авҷ гирифтааст, ки дар он як доллар алакай ба нархи 6200 сӯм харидуфурӯш мешавад.

Саррофиҳо дар Тоҷикистон дигар кор намекунанд.

Саррофиҳо дар Тоҷикистон дигар кор намекунанд.

Константин Бондаренко, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати пеш омадани мавҷҳои нави тағйири қурб имкони рушди бозори сиёҳ дар Тоҷикистон низ зиёд аст: “Бо роҳҳои маъмурӣ нигоҳ доштани қурб имкон дорад, вале он ҳамеша таъсири манфӣ ҳам дорад – бозори сиёҳ рушд мекунад ва рискҳои иқтисодӣ зиёд мешаванд.”

Моҳи майи соли 2015 дар пайи як мавҷи навбатии коҳиши қурби сомонӣ ҳукумат тамоми раҳбарияти вақти Бонки миллиро барканор кард. Раҳбарияти нави ин ниҳод ба роҳҳои маъмурии танзими бозори асъор такя мекунад. Аз ҷумла ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофон маҳдудиятҳои зиёде эҷод шуда, аз 1 декабри соли 2015 фаъолияти саррофони хусусӣ дар Тоҷикистон комилан манъ ва салоҳияти мубодилаи асъори хориҷӣ пурра ба бонкҳо вогузор карда шуд. Ба хотири ҳифзи қурби пули миллӣ дар кишвар барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карда, ҳар навъ муомила бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла харидуфурӯши мошину хона бо доллар манъ шуд.

Аммо нозирон мегӯянд, иқтисоди Тоҷикистон аз омилҳои беруна, ба мисли нархи маҳсулоти асосии содиротиаш – пахтаву алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисоди Русия сахт вобаста аст ва ҳар наавъ тағйир дар ин бозорҳо ва дар вазъи иқтисоди Русия метавонад пули сомониро бо рискҳои нав рӯбарӯ кунад. Бахусус агар ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷиронаш дар Русия, ки аз 3,8 миллиард доллари соли 2014 то 1,2 миллиард дар соли 2015 пойин рафт, ҳамчунон коҳиш биёбад. Омили дигари таъсиргузор ба қурби сомонӣ вазъи бонкҳои Тоҷикистон аст, ки Бонки миллӣ ахиран ҳатто дар ду бонк – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” – маъмурияти беруна таъин кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG