Пайвандҳои дастрасӣ

Коре осонтар аз ширкат дар интихоботи Афғонистон ҳаст?


Корти райъдиҳии хабарнигори Озодӣ

Корти райъдиҳии хабарнигори Озодӣ

Қиссаи хабарнигори Озодӣ, ки бо вуҷуди шаҳрванди Австралия буданаш тавонист худро барои ширкат дар овоздиҳӣ барои интихоботи президентии Афғонистон ба осонӣ сабти ном кунад.

Тааҷҷубовар аст, ки оё интихоботи раёсати ҷумҳурии 5 апрели Афғонистон нисбат ба интихоботи соли 2009 озоду одилонатар хоҳад буд, интихоботе, ки он вақт саропо аз тақаллуб иборат буд ва СММ ҳам аз он интиқод кард. Барои дарёфти посух ба ин суол Фруд Бежан - хабарнигори радиои Озодӣ дар Кобул ба як қитъаи райдиҳӣ рафт ва ба ин суол то андозае посух ҳам пайдо кард. Вале чӣ тавр?

Фруд дар гузориши худ дар ин бора чунин менависад: “Ман шаҳрванди Афғонистон нестам ва шиносномаи Афғонистон ҳам надорам. Бо вуҷуди ин ман тавонистам барои раъйдиҳӣ дар интихоботи рӯзи шанбе , 5 апрел худро сабти ном кунам.”

Фруд Бежан менависад, барои расидан ба ҳадаф бояд аввал дастгоҳи сабти садо ё видео ва ё ҳатто як дафтарчаи кӯҳнаи ёддоштро дар даромадгоҳи қитъаи раъйдиҳӣ намоишкорона ба ҳар сӯ ҷилва диҳед. Албатта, чунин қитъаҳо дар саросари Кобул зиёданд. Он вақт дар назди дари даромад ба посбонон бигӯед, ки шумо рӯзноманигор ҳастед ва бо ононе, ки ҳамин ҳоло худро сабти ном карданд ва корти раъйдиҳии наву оҳариро ба даст гирифтаанд, мехоҳед мусоҳиба анҷом диҳед, акс бардоред ва ба навор гиред.

Нигарон набошед ва хавотир ҳам нашавед. Ба шумо зарурат надорад, ки дар паси садҳо нафар раъйдиҳандагони маъмулӣ дар назди дари даромад навбат бигиред, чунки баъзе аз ин раъйдиҳандагон шояд барои даромадан ба дохили қитъаи раъйдиҳӣ чанд рӯз дар навбат истодаанд.

Кормандони амниятӣ, яъне ҳамон посбонон бо садои дурушт фарёд мекашанд ва дигаронро ба ақиб меронанд, ба шумо роҳ боз мекунанд ва шуморо ба дохил гусел мекунанд.
Корти райъдиҳии хабарнигори Озодӣ

Корти райъдиҳии хабарнигори Озодӣ

Баъд аз сабти чанд мусоҳиба ва бардоштани даҳҳо акс бо чанд сарбозе, ки дар болои бом истодаанд, сӯҳбат кунед. Сипас ба раҳбари қитъаи раъйдиҳӣ наздик шавед. Ба вай бигӯед, ки баъд аз дидани раъйдиҳандагон, ки корти нави райдиҳии худро дар даст доранд, шумо ҳам мехоҳед мисли онҳо як корт дошта бошед. Вай зуд ва бо нармӣ ҷавоб медиҳад: “Ҳамин ҳоло дуруст мекунем”.

Баъд аз чанд лаҳзаи дигар шумо дохили ғурфаи хурди аксбардорӣ меравед ва 4 дона акси шуморо мошини аккосӣ барои шумо зуд чоп мекунад. Яке аз онҳо барои корти раъйи худатон ва сетои дигар барои сабти номи шумо дар қитъаи раъйдиҳии онҳо.

10-15 дақиқа ором мунтазир шавед. Марди ҷавоне пайдо мешавад ва шуморо ба сари мизи худ мехонад. Аз шумо чанд суол мепурсад:

“Номи шумо?”

“Чандсола ҳастед?”

“Номи падаратон чӣ аст?”

“Номи бобоятон чӣ аст?”

“Оё ин нахустин корти райдиҳии шумост?”


Акнун ҳисоб кунед, ки кори шумо ҳал шудааст, корт ҳам омода. Ангуштатонро ба ранг бизанед ва изи онро дар корти таҳияшуда бигзоред. Имзои шумо ҳам зарур аст. Чанд дақиқа сабр кунед. Корти шуморо рӯкаши плостикӣ мезананд.

Вақте, ки бо корти нави плостикзада (ламинейт шуда) мехоҳед қитъаи райдиҳиро тарк кунед, раҳбари марказ бо табассуми рамзӣ таъкид мекунад: “Раъйдиҳиро фаромӯш накунед.”

Акнун ин корти раъйдиҳӣ ба шумо имкон медиҳад, ки бидуни мамониат варақаи райи худро ва ё шояд чанд варақаи дигари райро ба сандуқ андозед ва бад-ин тариқ раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистонро муайян кунед.

Ҳеҷ санаде барои номи шумо, адреси шумо ва ё миллияти шумо зарур нест. Агар онҳо аз шумо дар ин бора ҳуҷҷат хостанд, фақат бигӯед, ки ҳуҷҷат надоред, онро гум кардаед ва ё дар хона фаромӯш шудааст.

Ё метавонед ҳатто ин тавр ҷавоб диҳед: “Ман намедонистам, ки бояд бо худ ҳуҷҷат дошта бошем”. Ин ҷавобро ман дар он ҷо аз чанд раъйдиҳанда шунидам. Онҳо маъмулан ба ин иддаои шумо таъкидомез чунин мегӯянд:
”Дафъаи дигар фаромӯш накунед”.

Чунин аст қиссаи дарёфти корти райи ман, ки онро 31 март дар қитъаи райдиҳии Шоҳ Шаҳиди Кобул ба даст овардам. Ба касе муҳим набуд, ки ман шаҳрванди Австралия ҳастам ( бо вуҷуди он ки ҷои таваллуди ман Кобул аст). Муҳим ҳам набуд, ки ман 22 сол боз дар ин кишвар зиндагӣ накардаам.

Дар асл ман ҳеҷ санаде дар бораи ҳуввияти худ надоштам, фақат дар гӯшаи рости болоии рӯи дафтари ёддошт номамро дастӣ бо ҳарфҳои бузург навишта будам. Ин кори соддае буд.

Агар барои шумо чанд корти дигари райдиҳӣ даркор бошад, шумо заҳмат накашед ва арақ нарезонед, фақат аз ҳамин шеваи кор истифода кунед ва ба чанд қитъаи райдиҳие, ки дилатон мехоҳад биравед ва чанд корти райдиҳӣ, ки бихоҳед ба даст хоҳед овард. Варақаҳо бо даст хонапурӣ мешаванд ва дар он ҷо низоми компютерӣ вуҷуд надорад, ки шуморо ошкор кунад.

Ҳоло ман ба осонӣ соҳиби корти райдиҳӣ шудам, вале як мушкил дорам: Дӯстонам аз ман мепурсанд, ки “ту барои кадом номзад рай медиҳӣ?” Намедонам, ба ин суол чӣ ҷавоб диҳам.
XS
SM
MD
LG