Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" масъулияти ҳамла ба КМИ-ро бар дӯш гирифт


Ҳамаи панҷ нафаре, ки рӯзи шанбе, 29 март, сӯи бинои Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон (КМИ) дар Кобул тирандозӣ карданд, кушта шудаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, дар ин ҳодиса ду корманди полис ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ, панҷ нафари мусаллаҳ либоси занона дар тан ба як бинои ҳамсоя ворид шуда аз он ҷо сӯи бинои КМИ тирандозӣ карданд.

Ҷунбиши “Толибон” масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт ва гуфт, ки қабл аз ҳамла як маргталаб мошинашро дар назди дарвозаи Комиссиюни мустақили интихоботӣ инфиҷор кард.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки то интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи мусаллаҳони “Толибон” ба як меҳмонсарои хурд дар Кобул ду нафар кушта ва чаҳор тан муҳофизон маҷрӯҳ шуданд. Намояндаи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар задухӯрд ҳамаи панҷ нафари ҳамлагар кушта шуданд. Ба хориҷиёне, ки дар ин меҳмонсаро ҳузур доштанд, осеб нарасидааст. Гуфта мешавад, ки дар бинои меҳмонсаро дафтари USAID, як созмони ғайриҳукуматии амрикоӣ, ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG