Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меъёри доштани доштани фарзанд дар хонаводаҳои тоҷик тағйир ёфтааст. Бар хилофи замони шӯравӣ, ки хонаводаҳо ба серфарзандӣ ташвиқ мешуданд, ҳоло ба "танзим"-и таваллуд бартарӣ дода мешавад.

Сокини пойтахти Тоҷикистон Фотима 3 маротиба дугоник таваллуд кардааст. Ӯ модари 8 фарзанд аст ва баъзан шавҳараш нимшӯхиву нимҷиддӣ шиква мекунад, ки ду духтари дигар ҳам таваллуд мешуд, исми модарбузургҳои худро зинда мекарданд.

Ин модар серфарзанд мегӯяд, ки “ягон хел нақша надоштем. Мардуми кӯҳистон, одати зиёд рафтан ба назди табиб ва истифодаи доруро надоранд. Шукр гуфта таваллуд кардем. Сад бор шукр, ҳозир хонаам пур аст, ҳоло баръакс, вақте кӯдакон ба мактаб мераванду хона холӣ мешавад, дилам танг мешавад.”

Фосилаи байни таваллуди 8 фарзанди ин модар як ва ду сол буда, ин оила дар хонае зиндагӣ мекунанд, ки танҳо аз 3 ҳуҷра иборат аст. Ноновари аслии хонаводаи серфарзанд падари хонадон аст, ки дар як ниҳоди давлатӣ кор мекунад ва 500 сомонӣ маош дорад.

Аслиддин Оев, шавҳари Фотима, мегӯяд, то замоне, ки ду фарзанди бузург дастёраш шуданд, хеле азият кашид. Ӯ аз ин хиҷил аст, ки натавонист бачаҳояшро ба мактабҳои олӣ дохил кунад ва натавонистааст барои онҳо хонаи барҳаво бунёд намояд. “Оянда намедонем чӣ мешавад, вале худашон, ки бузург шудан соҳиби ҳама чиз мешаванд насиб”- мегӯяд Аслиддин Оев.

Дар замони шӯравӣ хонаводаҳои дорои 8 фарзанд як хонаводаи маъмулӣ шумурда мешуд ва бо назардошти амнияти иҷтимоӣ дар он вақт, тақрибан мисли оилаҳои камфарзанд ва ё бефарзанд зиндагӣ мекарданд. Аммо ҳоло вазъият фарқ кардааст, модарҳо аз ҳукумат кӯмаки чашмгир намегиранд ва андешаҳо ҳам дар ин маврид тағйир ёфтааст.

“Дар шароити ҳозира вазъро дида хулоса баровардан даркор. Ҳозир вақте 5 ё 6 фарзанд таваллуд кардаву аз ӯҳдаи тарбия набароем чӣ даркор. Ҳамин 2-3 фарзанд барои шароитамон мувофиқ аст. Муҳим кӯдакро мо бояд хуб тарбия кунем”- гуфт як сокини Душанбе.

Бинобар оморҳои тоза, теъдоди аҳолии Тоҷикистон марзи 8,5 миллионро убур кардааст. Таҳлилҳо муайян кардаанд, ки тақрибан сари ҳар як зани шаҳрнишин то 3 кӯдак ва рустонишин 3- 4 фарзанд рост меояд. Дар соли 1989 бар сари ҳар модари деҳнишин то 6 кӯдак ва шаҳрнишин 5 кӯдак рост меомад.

Таваллуди бештар аз 4 фарзандро дар Тоҷикистон касе манъ намекунад. Аммо ҳудудан 15 соли пеш ҳукумат барномаи ба нақшагирии оиларо қабул кард ва табибону масъулини кумитаи кор бо занон аз модарҳо даъват карданд, ки вобаста ба шароити зиндагии худ фарзанд ба дунё биёранд. Табибони ва ҳамшираҳои минтақавӣ ҳоло ҳам муваззафанд, ки занҳоро барои ба плангирии оила, ташвиқ кунанд.

Дилбар Шаҳобова, як табиби минтиқавӣ мегӯяд, ки “ҳафтае ду маротиба мо хона ба хона мегардем ва дар баробари дигар мушкилу масъалаҳо ба оилаҳо инро ҳам таъкид мекунем, ки аз 3-4 фарзанд бештар ба нақша нагиранд ва қабл аз таваллуд хуб фикр кунанд, ки аз ӯҳдаи таъмину тарбияи дурусти фарзанд мебароянд ё на. Бештар мо ба оилаҳое назорат мебарем, ки аллакай 4-5 фарзанд доранд ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз таваллудро мефаҳмонему тарғиб мекунем.”

Агарчӣ оморҳо аз коҳиши меъёри таваллуд гувоҳӣ медиҳанд, вале таҳлилгарон мегӯянд, ин ба он маънӣ нест, ки арзиши кӯдак ва серфарзандӣ камранг шуда бошад. Ҳоло ҳам орзу ва дуои аслии афроди солдида ба хонаводаҳои ҷавон “Серфарзандӣ” ё “сербачу кач” шудан аст ва фарзанд ҳамчунон нури хонадон ва такягоҳи волидон арзёбӣ мешавад.

Акбар Субҳонов.

Акбар Субҳонов.

Акбар Субҳонов, мудири шӯъбаи демография дар пажӯҳишгоҳи иқтисоди демографӣ мегӯяд, “агар шароит муҳайё кунем, таваллуд зиёд мешавад, чунки тоҷикҳо кӯдак дӯстдоранд. Барои он, ки дар сину соли нафақа ё пирӣ мардум ба фарзандони худ такя мекунад. Дар давлатҳои ғарбӣ бошад, мардум фикри пириву дармондагиро дар сар надоранд, чун нафақаи онҳо ҳамаи харҷҳояшонро мепӯшонад."

Ба назари ин таҳлилгари тоҷик, дар шароити феълӣ даромад ё маоши моҳонаи аксар хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои таъмину тарбияи дурусти ҳамон меъёри миёна яъне 3- 4 фарзанд ҳам мувофиқ нест. Ба тахмини ин таҳлилгар, раванди коҳишёбии меъёри таваллуди фарзанд дар Тоҷикистон оянда ҳам идома хоҳад кард ва шеваи зиндагӣ ва таваллуди фарзанд дар кишварҳои хориҷ, ба сокинони Тоҷикистон, ҳам ки ба ин кишварҳо зиёд рафтуо доранд, таъсир хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG