Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ҳама мактабҳои кишвар дастур додааст, ки ба қадри тавонашон дарси қолинбофиро ҷорӣ кунанд. Масъулон мегӯянд, ин тасмим барои рушди ҳунарҳои миллист.

Нуриддини Саид -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастури расмӣ додааст, ки дар тамоми мактабҳои миёнаи кишвар таълими дарси қолинбофӣ ҷорӣ шавад. Ӯ дар ин бора дар оғози моҳи ҷорӣ санадеро имзо гузоштааст.

Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 1 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши қолинбофии дастӣ алакай дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар ба роҳ монда шуда, акнун дар мактабҳои миёнаи дорои шароити беҳтар ҳам ба писарон ва духтарон омӯзонда мешавад. Ба қавли ӯ, омӯзгорон қолинбофӣ ва ҳунарҳои дигари мардумиро ба хонандаҳо дар дарси "Технологияи таълими меҳнат" ва, инчунин, дар соатҳои беруназдарсӣ таълим медиҳанд.

Амиров дар посух ба суоли он ки "омӯзиши қолибофӣ барои духтарону писарон чӣ зарурат дошт?" гуфт, "ин чиз дар Афғонистону Эрон рушд кардааст. Дар мо ҳам ин чиз пештар буд, аммо баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ аз байн рафт. Ҳоло мехоҳем, дубора эҳё кунем. Ин як ҳунари мардумӣ аст, қолин дар ҷаҳон нархи гарон дорад ва ҳоло бубинед, қолинҳое, ки аз Туркияву Эрон дар бозор дар фурӯшанд, чӣ қадар нархи гарон доранд. Рушди ин соҳа метавонад ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат кунад. Ба ин восита метавонад дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар саҳм гузорад."

Қарор аст, омӯзиши дарси қолинбофӣ аз соли нави хониши 2015 - 2016 ва аз мактабҳои Исфара, Конибодом ва минтақаҳое, ки дар он ҳунарҳои мардумӣ рушд кардаанд, шурӯъ шавад. Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, омодасозии мутахассисон барои таълими қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба хонандаҳо дар муассисаҳои таълимие, ки омӯзгор тайёр мекунанд, оғоз ёфтааст. Ӯ афзуд, ҳоло дар литсейҳои касбии Ёвон, Хуҷанд, Исфара алакай муҳассилин ҳунари қолинбофии дастиро аз худ мекунанд.

"Технологияи таълими меҳнат" ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳафтае як бор гузаронда мешавад ва ба гуфтаи омӯзгорон ҳарчанд ин 1 соат хеле кам аст, аммо солҳои ахир дар ин дарс бештар таваҷҷӯҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ва миллӣ, мисли гулдӯзиву зардӯзӣ равона шудааст. Шаҳноз Халилова -- омӯзгори дарси "Технологияи таълими меҳнат" дар яке аз мактабҳои пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳоло ба хонандаҳо омода кардани ғизо, хӯришҳои мухталиф ва аз латтапораҳо дӯхтани ҳар гуна чизҳои барои рӯзгор даркориро меомӯзонем."

Аммо ба гуфтаи омӯзгорон ҳоло барои таълими ҳунарҳои мухталиф ба хонандаҳо макотиби миёна шароити хубу мувофиқ ва дастгоҳҳои муҳими замонавӣ надоранд. Қолинҳои дастбофи тоҷикӣ, ки солҳо боз аз талаботи бозори ҷаҳонӣ қафо монда, теъдоди харидорон ва ҳам истеҳсолкунандагонаш ҳам коҳиш ёфта буд, дар пайи як супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори вижае дар ин робита, тайи 2 соли ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.

Ҷорӣ кардани дарси махсуси қолинбофӣ дар мактабҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта масъулони ҳукумати виляоти Суғд гуфта буданд, беш аз 600 мактаби миёнаи ин минтақа соҳиби танӯрхона ва наздики 900 мактаб соҳиби оташдон шудаанд. Ҳарчанд бисёриҳо таълими рӯзгордориро барои омода кардани духтарон барои зиндагии мустақилона дар хонадони хушдоманҳояшон муҳим мехонанд, аммо иддае мегӯянд, харҷу дахли ин дарсҳо аз сӯи мактабҳо пардохт шавад, на ин ки хонандагон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG