Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танӯрҳо. Ҷанги байни зебоии шаҳр ва роҳати мардум


Дар назди биноҳои бисёрошёна пойтахт даҳҳо тануру танурхонаҳоро метавон дид, ки фазои шаҳрро бештар ба деҳот шабоҳат медиҳанд.

Кор ба ҷое кашидааст, ки дар назди як бинои бисёрошёна ҳатто чаҳор то панҷ танур сохта шудааст.

Холаи Фирӯза ки аз назди яке аз танӯрхонаҳои маҳаллаи Зарафшон мегузашт, ба суоли мо таваҷҷӯҳ кард ва гуфт, ки ин мардуми серфарзанд чӣ кор кунад, ҳамин танӯрҳо ҳастанд, ки арзонтар нон мепазанд: «Ҳоли ҳама ба шаҳр омадааст. Шаҳр дар ҳақиқат қишлоқ шудагиай, охир мардуми бечора чӣ кор кунад? Дар таги ҳар хона ду дегдонай. Дар духовка нон пазад, пули бисёр меравад. Орд қиматай. Дар маъракаҳои хурсандию нохушӣ бояд нони бисёр кунӣ, чӣ илоҷ?»

Ҳамсӯҳбати дигари мо омӯзгори яке аз мактабҳои маҳаллаи Испечак мегӯяд, ки мардуми мо серфарзанд ҳастанд, онҳо дигар илоҷи таъмини рӯзгорашонро надоранд ва ночоранд, ки танӯр созанду нон пазанд: «Баъзеҳо то 6 фарзанд
дорад, маҷбур аст, ки нон бандаду хӯрад.»

Чуноне, ки занони маҳаллаҳои шаҳр мегӯянд, ба таври дастиҷамъӣ занони чанд хонавода дар як танур нон мебанданд, ки аз харҷи бозору нонвойҳо чанд бор камтар аст. Ҳоло дар бозорҳо як халта орди навъи якум ва дуввум аз 110 то 125 сомонӣ арзиш дорад.

Аммо ҳамсӯҳбати дигари мо Саида Лолаева, сокини маҳаллаи 46-уми пойтахт ба тарафи танӯрҳо ишора карда мегӯяд, ки шумораи аз ҳад беши танӯрхонаҳо воқеан шакли шаҳрро хароб кардаанд: «Ақаллан дар назди ҳар хона як танӯр бошад, кифоя аст, ки мисли мо одамони камбағал тавонанд нонашонро арзонтар пазанду хӯранд. Як хел одамҳо ҳатто либосҳояшонро дар балконҳо овезон кардаанд, намегӯӣ ки ҳамин шаҳр аст.»

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ҳукумати шаҳр тасмим дорад, дар аввали моҳи март танӯрҳоро барчинад. Вақте, ки мо ба ҳукумати шаҳри Душанбе дар тамос шудем, яке аз муовинин раиси шаҳр гуфт, ки аз чунин тасмимҳо хабар надорад. Ва ба қавли ӯ, дар мавриди танӯрхонаҳои назди биноҳои бисёрошёна ҳанӯз қароре содир нашудааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим


Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ки тайи як даҳсола аст, ки дар назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе шумораи танурхонаҳо меафзояд ва баъзеи онҳо ба анбори колоҳои куҳна табдил шудаанд. Аммо мардум дар баробари афзоиши нархи орду гандум ва барқ, ночор танӯрҳоро рӯшан мекунанд.

Нархи анвои нони нонвой аз 80 дирам то якуним сомонӣ аст, аммо нони танӯрӣ дар бозорҳо аз ду сомонӣ то дуним сомонӣ арзиш дорад ва ҳам хуштаъм аст.


Ҳакими Даврон, рӯзноманигоре, ки бештар масъалаҳои иҷтимоиро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, ки ҳукумати пойтахт бояд ҳусни шаҳрро ҳифз кунад ва аз тарафи дигар ба вазъи иҷтимоии мардум зарба назанад: «Айни ҳол мардум тавони хариди ҳамарӯзаи нон аз бозорҳоро надорад ва маҷбуранд, ки дар танӯрҳо нон пазанду то ҳадде хонаводаҳои серфаразанди худро хӯронанд. Ин ки танӯрҳо ҳусни шаҳро мекоҳонад, бояд ҳукумати шаҳр чораҳои ҷиддӣ ҷӯяд, ки вазъи иҷтимоии мардум бад нашавад ва ҳусни шаҳр ҳам кам нагардад.»

Ҷои ёдоварист, ки дар солҳои Шӯравӣ низ дар назди хонаҳои бисёртабақа танӯру дегдонҳо пайдо мешуданду мақомоти маҳаллӣ онҳоро тахриб мекарданд, вале баъди муддате боз танӯрҳои нав сохта мешуданд. Дар баъзе кишварҳои олам мақомоти маҳалҳо барои чунин пухтупаз ҷойҳои хосеро бунёд мекунанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои меъморӣ, санитарӣ ва бехатарӣ ҳастанд. Шояд омӯзиши ин таҷриба низ дар ҳалли ин мушкил кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG