Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори гарми фурӯши кортҳои овоздиҳӣ дар Афғонистон


Дар кӯчаҳои Марко, як шаҳри кӯчак дар вилояти Нангарҳор, воқеъ дар ғарби Афғонистон фурӯши кордҳои овоздиҳӣ барои интихоботи соли оянда бозори гармеро бунёд кардааст.

Нафарони зиёд бастаи кортҳои сабти овоздиҳӣ дар бағал дар ҷустуҷӯи харидор дар кӯчаҳои Марко қадам мезананд. Карим Оғо, яке аз фурӯшандаҳои кордҳои овоздиҳӣ дар интихоботи оянда аст. Ӯ мегӯяд, фурӯхтани кортҳо бизнеси баде нест, махсусан вақте, ки фармоиш бузургтар бошад: “Баъзеан одамҳо меоянд ва аз 500 то 1000 дона корти овоздиҳӣ дархост мекунанд,- мегӯяд, Карим Оғо.

Тавре Карим Оғо мегӯяд, ӯ кортҳоро ба 200 рупияи покистонӣ, (муодили 1 доллару 89 сент) харидорӣ мекунад ва ба қиммати аз 500 то 100 рупия- яъне аз 4 то 10 доллар мефурӯшад. Савдогароне мисли Оғо мегӯянд, бо фурӯши кортҳои овоздиҳӣ онҳо ҳеҷ кори баде намекунанд, балки танҳо дархости сиёсатмадорони сарватманд ва мардуми бебизоатро иҷро мекунанд, ки овози худро ба ивази чанд рупия ба фурӯш мегузоранд.

Бозори "гарм"-и фурӯши кортҳои овоздиҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00
Линки мустақим


Тибқи қонунҳои Афғонистон, шаҳрвандони қобили овоздиҳӣ чанд моҳ қабл аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар идораи марбут ба интихобот сабни ном мешаванд ва корти овоздиҳиро дарёфт мекунанд. Дар ҳоле, ки то интихоботи президентии 5 уми апрели соли оянда дар Афғонистон моҳҳо дар пеш аст, аксари номзадҳо аз миқёси фурӯши ғайриқонунии кортҳои овоздиҳӣ нигарон шудаанд ва суол мегузоранд, ки оё бо интихобот метавонад шаффофу демократӣ баргузор шавад?

Раҳмат, як сокини Марко мегӯяд, ки онҳо аз ҳукумат ва комиссия интихоботӣ даъват кардаанд, ки аз тақаллуб дар интихобот ҷилавгирӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар интихоботи гузашта баъзеҳо кортҳои овоздиҳии худро то 1000 рупия фурӯхтанд.”

Ин ҳолат, ки мизони тақаллуб дар интихоботи президентии оянда дар муқоиса бо интихоботи соли 2009 бештар хоҳад буд, ба манфиъати Толибон буда хатари нокомии ҳукуматро дар ростои хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон бештар мекунад.

Азизуллоҳ Лудин, раиси нозирони интихоботи соли 2009 ва ҳамчунин яке аз довталабҳо ба курсии раёсати ҷумҳур дар интихоботи қарибулвуқуъ мегӯяд, “вақте, ки мардум кортҳои сабти овоздиҳиро ба қиммати аз 5 то 10 доллар мавриди хиридуфурӯш қарор медиҳанд, ин ба маъноест, ки демократияи Афғонистон фурӯхта мешавад ва ба овоздиҳии мардум бастагӣ надорад. Ин масоил бояд назорат шавад. Ҳар номзад, ки корди овоздиҳиро харидорӣ мекунад, дар асл ба ватан ва миллати худро гул мезанад, Ӯ бояд масъулияти ин рафторро бар дӯш бигирад.”

Иёлоти Муттаҳида Амрико, аз соли 2001, аз замони саркӯб кардани режими Толибон талоши ҷомеъаи ҷаҳониро барои барқарор кардани демократия дар Афғонистон сафарбар кардааст ва ҳоло бисёр мехоҳад, ки интихобот барои ин кишвар, қабл аз берун рафтани нирӯҳои байналмилалӣ, маъракаи сарнавиштсоз бошад.

Номзаде, ки дар интихоботи моҳи апрели соли 2014 пирӯз мешавад, дар ин мақом Ҳомид Карзайро иваз хоҳад, кард, ки тибқи Қонуни асосӣ наметавонад барои даври сеюм президент интихоб шавад. Бародари президент - Қаюм Карзай, собиқ вазирони хориҷии Афғонистон Доктор Абдулло ва Залмай Расул ва фармондеҳи пешини муҷоҳиддин Абдураб Расул Сайёф барои иштирок дар интихобот сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG