Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф: "Аз сириллик рӯ намегардонем"


Ҷаноби вазир эълом кард, ки Тоҷикистон аз сирилик даст намекашад ва чунин тарҳ дар дастури кори ҳукумат низ вуҷуд надорад.

Хатти сириллик ва алифбои ниёгон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар барномаи таълимӣ барои омӯзиши ҳуруфи арабӣ чаҳор сол пешбинӣ шудааст ва ин мӯҳлат барои омӯхтани алифбои ниёкон кофист.

Вазири маориф гуфт:

«Ман бисёр хоҳиш мекардам аз олимони мӯҳтарам, ки ҳар чӣ менависанд, андешамандона нависанд. Мо аз хати сириллик рӯ намегардонем ва ин хат боқӣ мемонад. Аммо мо омӯзиши алифбои ниёгонро хуб ба роҳ мондаем, аз синфи 4 то синфи 7 дар мактабҳо онро меомӯзанд ва ба ин восита мо омода ҳастем, ки ин хатро баробари забони русӣ пурра аз худ намоем».

Ахиран, дар матбуоти кишвар матолиби сершумори забоншиносони тоҷик дар мавриди ба хатти арабӣ гузаштани Тоҷикистон ба табъ расиданд. Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, номзади улуми таърихи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон, аз ҷумлаи олимоне буд, ки ҳамчунин заруратро барои Тоҷикистон таъкид ва аз раисҷумҳур хостори табдили алифбо мекард:

«Ҳарфи сириллик, ки имрӯз мо дорем, моро аз олам ҷудо ва бехабар кардааст. Дастовардҳои ҷаҳонӣ, асарҳои арзишманди ҷаҳонӣ тавассути ин хат барои мо дастрас нестанд, миллат аз ин чиз маҳрум аст. Аз осори гузаштаи худ на фақат мардуми оддӣ, балки олимони мо низ хабар надоранд. Аммо бо хати форсӣ дар Эрон ҳамаи адабиёти ҷаҳониро метавон дастрас кард. Мо имрӯз китоб менависем, аммо намедонем барои кӣ? Ҳудуди 4 миллион нафар моро мехонанд. Дар ҳоли гузаштан ба хати форсӣ моро ҳудуди 100 миллион нафар хоҳад хонд».

Ва аммо вазири маорифи Тоҷикистон бо таъкид ба кифояти омӯзиши алифбои ниёкон дар муассисаҳои таълимии кишвар, аз забоншиносон даъват кард, баҳсу баррасиҳои сари ин мавзӯъро хотима бахшанд.

Маркази миллии имтиҳонот

Абдуҷаббор Раҳмонов дар нишасти хабарии Вазорати маориф ҳамчунин аз таъсиси Маркази миллии имтиҳонот хабар дода ва гуфт, ба кор андохтани чунин як марказ дар роҳи мубориза бо фасод дар макотиби олӣ як гоми устувор хоҳад буд:

«Бо шурӯъи кори ин марказ шаффофияти имтиҳон таъмин ва коррупсия, ки ба он баъзан раҳбарони донишгоҳҳоро муттаҳам мекунанд, аз миён меравад. Дар ин ҷо варақаи имтиҳон рақаму рамзгузорӣ мешавад, рамзҳоро танҳо раҳбари марказ медонад ва дар вақти имтиҳон ягон узви ҳукумат ва ҳатто вазири маориф ҳаққи мудохила ба кори ин марказро нахоҳанд дошт.

Назорати марказро ҳангоми имтиҳонот кормандони кумитаи амнияти давлатӣ бар дӯш хоҳанд дошт ва ҳамарӯза онҳо иваз хоҳанд шуд. Ин ҳама барои роҳ ёфтани ҷавонони воқеан донишманду шоиста ба донишгоҳҳо ва лағви ҳама гуна фасоду миёнҷигарии баъзеҳо мусоидат хоҳад кард…»

Соли ҷорӣ наздики 80 ҳазор нафар макотиби таҳсилоти ҳамагониро хатм ва танҳо 27 ҳазор нафар, аз он миён 17 ҳазор нафар бо пули худ, ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳоро хоҳанд дошт. Ва шояд садҳо нафар аз ин миён макотиберо хатм хоҳанд кард, ки ба соддатарин меъёрҳои муайянкардаи Вазорати маориф ҷавобгӯ нестанд. Шумори чунин таълимгоҳҳо ба 700 адад мерасад.

Бар асоси иттилоъи Вазорати маориф, феълан, беш аз 250 мактаби миёна дар манозили зист ва қаторҳои роҳи оҳан, ки ба унвони синфхона истифода мешаванд, ҷойгир аст ва наздик ба 300 мактаби дигар дар ҳоли садамавӣ қарор доштааст. Дар макотиби таҳсилоти умумӣ камбуди то ҳафт ҳазор омӯзгор шадидан эҳсос мешавад ва ин мушкил вазорати маорифро нигарон кардааст.

Биноан, вазорати мазкур тарҳи мактуберо ба додгоҳи олии иқтисодӣ ирсол кардааст ва акнун қасд дорад, донишҷӯёнеро, ки бахшҳои омӯзгории донишгоҳҳоро аз ҳисоби маболиғи давлат хатм кардаанд, барои равонаи мактабҳо намудан маҷбур созад, дар ҳоли акс, вазорати маориф аз тариқи додгоҳ маблағи таҳсили панҷсолаи онҳоро бозпас хоҳад гардонид.

XS
SM
MD
LG