Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи гаравгонгирии соҳибкорро додгоҳи Сарбанд баррасӣ мекунад


Додситонӣ тафтиши парвандаи гаравгонгирии як соҳибкорро хотима дода, онро ба баррасии додгоҳ ирсол кард.

Додситонии вилояти Хатлон тафтиши парвандаи пурсарусадои марбут ба гаравгонгирии як соҳибкори тоҷик аз сӯйи гуруҳи муташаккили ҷиноиро ба итмом расонида, барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Сарбанд ирсол кардааст. Генерал Баҳодур Ҳомидов, муовини якуми додситони вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки охири моҳи июн чанд узви як гуруҳи созмонёфта соҳибкор Хуршед Гадоеви 34-соларо ба гарав гирифта, бар ивази раҳоияш, аз пайвандони ӯ 700 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда буданд. Мақомоти милиса танҳо пас аз се рӯзи ҳодисаи гаравгонгирӣ омилони онро ошкор ва боздошт кардаанд. Баҳодур Ҳомидов гуфт, тафтишот се узви ин гуруҳи созмонёфтаи ҷиноиро дар даст доштан дар ҷинояти «одамрабоӣ» муттаҳам медонад.


Баҳодур Ҳомидов
Баҳодур Ҳомидов
«Бо моддаи 130, прим 1, яъне ки «одамрабоӣ, бо маслиҳати пешакӣ, бо истифодаи зӯрӣ» парванда тафтиш шуд.

Муфаттишон гуноҳи ин се нафарро исбот карда тавонистанд.

Нисбати шахсони дигаре, ки ҳамдасти ин ҷиноят буданд, аммо аз тафтишоти пешакӣ гурехта, пинҳон шудаанд, низ парвандаи алоҳида боз шуда, онҳо дар кофтуков эълон шудаанд»,
- афзуд Б. Ҳомидов.


Аъзои дигари ин гуруҳи муташаккил, аз ҷумла Толиб Искандаров ва Миянсар Табаров, дар ҷустуҷӯи ВКД қарор гирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Нурулло Маҷидов, адвокати айбдоршавандаҳо Қиёмиддин Қосимов, Дилшод Бухориев ва Эраҷ Гадоев, мегӯяд, бо иттиҳомоти эълонкардаи додситонӣ розӣ нест ва ӯ қасд дорад, бегуноҳии афроди зерҳимояташро дар додгоҳ собит созад.


«Ин ҷо ягон ҷинояти одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ набуд. Масъала танҳо марбут ба баҳси қарзӣ аст. Максимум айбе, ки метавонанд болои зерҳимояҳои ман «бор» кунанд, «худсарӣ» мебошад. На беш аз ин», - бо зикри ин ҷумла адвокат аз шарҳи бештари парванда худдорӣ кард.


Дар ҳамин ҳол, Раҳмат Гадоев, падари Хуршед Гадоев, дар номае, ки ба унвонии расонаҳои хабарӣ расонидааст, гуфтааст: «Моҳи майи соли 2011 писарам Гадоев Хуршед манзили истиқоматиамонро ба фурӯш гузошт. Гадоев Эраҷ, ки дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекард, омада, аз писарам хоҳиш кард, ки хонаро ба номи бародараш, ки дар кумитаи гумрук кор мекунад, туҳфа намояд. Маблағашро бошад, пас аз якчанд моҳ медиҳад. Хуршед ба ин хоҳиши ӯ розӣ нашуд. Сипас байни писарам ва Гадоев Эраҷ якдигарнофаҳмӣ ба миён омад. Аз тарафи Гадоев Эраҷ нисбати писарам хусумат ва бадбинӣ пайдо шуд». Ба иддаои Р. Гадоев, қаблан ҳам ба писараш тавассути яроқ таҳдид намуда, 10 ҳазор долларашро зӯран аз худ кардаанд.

Аммо афроди айбдоршаванда ин иддаоҳоро рад мекунанд.

Ёдрас мекунем, тобистони гузашта генерал Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, хабар дода буд, ки аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноие соҳибкор Хуршед Гадоевро дар қаламрави вилояти
Анвар Тағоймуродов
Анвар Тағоймуродов
Суғд ғайриқонунӣ дастгир ва латукӯб намуда, дасту пояшро баста, ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон овардаанд. Хуршед Гадоев се рӯз дар таҳхонаи бӯстонсарое дар шаҳри Сарбанд нигаҳдорӣ шуда, афроди қочоқчӣ, ба иддаои милиса, аз ӯ тақозо кардаанд, ки манзили зисташро дар шаҳри Душанбе фурӯхта, барояшон 700 ҳазор доллар бидиҳад.

«Агар ҷинояти мазкур саривақт аз ҷониби кормандони милитсия ошкор намешуд, пас аз иҷрои талаби муттаҳамон, эҳтимоли ба қатл расидани нафари ҷабрдида низ дар миён буд», - гуфта буд А. Тағоймуродов.


Қарор аст, ки додгоҳи шаҳри Сарбанд ба баррасии парвандаи марбут ба гаравгонгирии соҳибкор Хуршед Гадоев дар ҳафтаи оянда бипардозад.

«Қочоқи инсон» ё «одамрабоӣ» ба сари худ дар вилояти Хатлон ҷинояти камсобиқа ба шумор намеравад. Гуфта мешавад, ду сол қабл дастикам 7 нафар дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ба асорати қочоқбарони афғон афтода, бо фишори мақомоти ду кишвар озод гаштаанд.

Дар соли гузаштаи 2012-ум низ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як ҷинояти одамрабоӣ ошкор ва алайҳи омилонаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда буд.
XS
SM
MD
LG