Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак озод шуд


Акс аз соли 2015
Акс аз соли 2015

Раиси ҷумҳурии собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак баъди шаш соли боздошту нигаҳдорӣ дар зери назари полис озод шуд. Дар ин бора бо такя ба вакилонаш матбуоти дохилӣ хабар додааст. Муборак госпитали низомии наздикиҳои Қоҳираро тарк карда ба манзилаш дар минтақаи Ҳелиополис баргаштааст.

Ҳуснӣ Муборак соли 2012 барои содир кардани амри қатли эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар соли 2011 ба зиндони абад маҳкум шуд. Дар соли 2011 ҳудуди 900 нафар аз эътирозгарони мисрӣ давоми 18 рӯзи тазоҳурот кушта шуданд. Ин эътирозҳо саранҷом ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак анҷомид.

Вале соли 2013 додгоҳи таҷдиди назар бо ишора ба иштибоҳҳои ҷараёни баррасии қазия ин ҳукмро бекор кард. Соли 2015 таҳқиқи дубораи парвандаи президенти собиқ шурӯъ шуд.

Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 ва пас аз 30 соли ҳукумат бар Миср аз қудрат барканор шуд. Барканории ӯ бо баргузории нахустин интихоботи озод ва демократӣ дар он кишвар сабаб шуд, ки Муҳаммад Мурсӣ, аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи "Ихвонулмуслимин" ба раёсати ҷумҳурӣ расид. Аммо як сол баъд Муҳаммад Мурсӣ тайи як табаддулоти низомӣ аз сӯи артиш барканор ва баъдан ба ҳукми эъдом маҳкум шуд.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, аз генералҳои артиши Миср дар даврони Ҳуснӣ Муборак, пас аз сарнагунии ҳукумати мунтахаби Муҳаммад Мурсӣ, қудратро дар даст гирифт. Ба дунболи ин, ҳазорон ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвонулмуслимин” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд. Садҳо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG