Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 1-уми июл дар майдони аспрез ва ё Ипподроми Маскав бузургтарин сабқати асптозӣ баргузор мешавад.

Ин сабқат барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Русия Владимир Путин баргузор мешавад ва он президентҳои Боливия, Венесуела ва Ирон иштирок мекунанд.

Сабқати аспдавонӣ, ки акнун ҳамасола баргузор мешавад, 10 соли пеш бо ибтикори вазорати кишоварзии Русия созмон ёфт. Имсол Ҷоми раисҷумҳури Русия, бо нақдинаи 10 миллион рубл, муодили 304 ҳазор доллар, насиби аспе мешавад, ки пеш аз ҳамтоҳои дигараш ба марра бирасад.

Сабқати асптозӣ дар як вақт бо нишасти кишварҳои истихроҷкунандаи газ бургузор мешавад, ки раҳбарони 12 кишвари ғанӣ аз ин захираи пурбаҳоро дар Маскав баҳам овардааст. Гази ин кишварҳо 70 дар сади тамоми захоири ҷаҳонро пӯшиш медиҳад.

Вазири кишоварзии Русия Николай Фёдеров ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки сабқати асптозӣ на танҳо ҳаёяҷонбарангез аст, балки тавони Русияро дар тавлиди аспҳои зотӣ ба намоиш мегузорад.

Агар аз рӯи аксҳои сабқати соли 2009 қазоват кунем, ин мусобиқа низ бо шукӯҳу саховатмандии худ аз маъракаҳои гузашта кам нахоҳад буд. Имсол дар баробари мусобиқаи асптозӣ ба меҳмонон зиёфати хоса низ ваъда шудааст.

Шаш ҷоизаи мухталиф дар сабқат пешниҳод шудааст, ки ҳаҷми умумии онҳо беш аз 28 миллон рубл ва ё беш аз 800 ҳазор доллар аст.

Шабакаи Телевизиони РБК гуфтааст, ки раҳбари аспбози Чеченистон Рамзан Қодиров, ки бо доштани “салтанати аспҳо” шинохта шудааст, бо шаш аспи тездав дар ин сабқат иштирок мекунад. Ӯ танҳо барои харидани билети иштирок дар сабқат 15 ҳазор доллар сарф кардааст. Ҳисоби интиқоли аспҳо ба Маскав ва нигоҳубини дуҳафтаинаи онҳо дар Ипподром ҷудо аст.

Соли 2009 Қодиров барои иштироки аспҳояш дар сабқати Ҷоми Мелбурн дар Австралия ғазаби ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба бор овард, ки мегӯянд, ҳуқуқи инсон дар Чеченистон ба таври густарда поймол мешавад. Аспҳои Қодиров ҳамчунин аз иштирок дар сабқати Иёолоти Муттааида низ маҳрум шудааанд.

Иштирокчии дигари шинохта дар сабқати асптозии Маскав, раҳбари Газпром Алексей Миллер аст. Соли 2011, вақте Ҷоми раисҷумҳур дар Қазон баргузор гардид, аспи ӯ бо номи Фрагранта ҷоизаи дуюми сабқат - “Хазинаи миллиро” дарёфт кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG