Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон бо кушторҳои "номусӣ" падруд мегӯяд?


Қандил Балуҷ
Қандил Балуҷ

Як кумитаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Покистон бо як овоз аз тарҳи қонун дар бораи шадидтар кардани ҷазо барои кушторҳои "номусӣ" пуштибонӣ кард.

Тарҳи қонун баъд аз куштори хонуми модел ва ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Покистон Қандил Балуҷ (Фавзия Азим) таҳия шуд. Ин куштор рӯзи 16 июл дар шаҳри Мултон ба вуқӯъ пайваст. Васим Азим, бародари ӯ, як рӯз баъд аз куштор дар шаҳри Дараи Ғозӣ Хон, воқеъ дар тақрибан садкилометрии шаҳри Мултон, дастгир шуд ва иқрор кард, ки куштори хоҳараш Қандил Балуҷ “номусӣ” аст ва ӯ аз ин амалаш пушаймон нест. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аз нашри аксҳои хоҳараш бо муфтӣ Абдул Қавӣ сахт ба хашм омада буд.

Ба иттилои пулис, Васим Азим хоҳарашро ҳангоми хобаш бӯғӣ кардааст.

Васим Азим гуфт, ки аз қатли хоҳараш пушаймон нест
Васим Азим гуфт, ки аз қатли хоҳараш пушаймон нест

Баъд аз ин ҳодиса гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуҳои занон ва сиёсатмадорон аз ҳукумат талаб карданд, ки қонун дар бораи муҷозот барои куштори номусиро шадидтар намояд. Қарор аст, ки раъйдиҳӣ дар парлумони Покистон дар бораи манъи кушторҳои номусӣ ҳафтаи оянда баргузор шавад. Аҳзоби динии Покистон ҳам аллакай ишора намуданд, ки ба қабули ин қонун мухолифат нахоҳанд кард.

Ҳамасола садҳо занону духтарон дар Покистон аз сӯи пайвандонашон ба хотири, ба гуфтаи онҳо, ҳифзи номуси оила кушта мешаванд. Бештари гумонбарон дар ин кушторҳо мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор намегиранд. Ба иттилои комиссиюни ҳуқуқи башари Покистон, соли гузашта 1100 зан қурбонии “кушторҳои номусӣ” шуда буданд.

Қандил Балуҷ, ки аз ӯ бештар чун Ким Кардашяни Покистон ном бурда мешуд, на фақат модел буд, балки аз ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешуд ва дар Твиттер тақрибан 47 миллион алоқаманд дошт.

Марям Навоз Шариф, духтари нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва аз аъзои ҳизби ҳукмрони Лигаи мусалмонҳои Покистон баъд аз куштори Балуҷ пешниҳод намуд, ки комиссиюни парлумонӣ рӯзи 21 июл ба барасии мавзӯи “кушторҳои номусӣ” пардозад.

Бар пояи пешниҳодҳо, нуктае, ки ба хонаводаи қурбонии куштори номусӣ иҷоза медиҳад қотилро афв кунад, аз қонун берун карда шудааст.

Қандил Балуч чанд рӯз баъд аз он кушта шуд, ки аксҳояш аз мулоқот бо як муфтии покистонӣ дар моҳи Рамазонро расонаӣ карда буд. Дар видеои кӯтоҳ ва тасвирҳои нашршуда муфтӣ Абдул Қавӣ, як донишманди илми фиқҳ Қандил Балуҷ, шона ба шона нишастаанд.

Қандил Балуҷ ва Муфтӣ Абдул Қавӣ
Қандил Балуҷ ва Муфтӣ Абдул Қавӣ

Дар яке аз ин аксҳо Қандил Балуч, ки либоси танге ба бар дошт, кулоҳи муфтӣ Абдул Қавиро ба сар карда ва бозувонаш ҳам намоён буд. Муфтӣ Абдулқавӣ дар канори Қандил Балуч нишаста бо телефони дастӣ сӯҳбат мекард. Баъди нашри аксҳо, муфтӣ Абдул Қавӣ дар мусоҳибаҳои телевизионӣ мегуфт, ки Қандил Балуч худаш хостори мулоқот бо ӯ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоме ки ӯ саргарми сӯҳбати телефонӣ буд, хонум Балуч кулоҳашро гирифта ба сари худаш гузошта ва аксҳои “селфӣ” бардошт. Аммо Қандил Балуч дар мусоҳибаҳои гуногуни телевизионӣ гуфта буд, ки Абдул Қавӣ худаш ӯро ба мулоқот хост, “то пеш аз ифтор ба моҳи рӯи ӯ бингарад ва бо муҳаббати рӯи у ифтор кунад.”

Ба иттилои полис, дар чаҳорчӯби тафтиши куштори Қандил Балуҷ муфтӣ Абдул Қавӣ ҳам мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад.

Падари хонум Қандил аз полис хост, ки Васимро барои куштори духтараш муҷозот кунад. Ба гуфтаи ӯ, Қандил таъминкунандаи хонавода буд ва, аз ҷумла, бародарашро, ки ӯро ба қатл расонд, мехӯронду мепӯшонд.

Ёдовар мешавем, моҳи гузашта як гурӯҳи бонуфузи мазҳабии Покистон баъд аз як куштори номусӣ фатво содир кард ва онро куфр хонд. Шӯрои суннии Иттиҳод изҳор намуд, кушторе чун куштори духтари наврас Зиннат Бибӣ аз сӯи модараш дар шаҳри Лоҳур барои пинҳонӣ бо дӯстдоштааш фирор кардан “куфр” аст. Модар духтари навраси худро зинда ба зинда оташ зад. Дар изҳороти Шӯрои суннии Иттиҳод, ки зери он сад нафар аз рӯҳониёни маъруф имзо гузоштанд, гуфта шудааст зинда оташ задани духтар барои он ки ӯ бо домоди интихобкардаи модар издивоҷ накардааст, хилофи шариати ислом аст. Дар фатво аз ҳукумати Покистон даъват шуда буд, ки афроди муттаҳам дар куштори номусиро муҷозот ва қонунро дар робита ба ин гуна кушторҳо шадидтар кунад.

Шармин Убайд-Чиной
Шармин Убайд-Чиной

Зимнан, имсол филми покистонии “Духтаре дар рӯдхона: баҳои бахшидан” ҷоизаи Академияи синамогарони ИМА - “Оскар”- ро дар бахши филмҳои мустанад сазорвор шуд. Ин филмро коргардони покистонӣ Шармин Убайд-Чиной таҳия кардааст.

“Духтаре дар рӯдхона: баҳои бахшидан” дар бораи расми қадимаи қатлҳои номусӣ баҳс мекунад, ки дар ҳолати аз ҷониби марде кушта шудани зане, марди муҷрим метавонад аз роҳи пардохти пул ё хунбаҳо аз ҷазои сангин озод шавад.

Қабл аз гирифтани ҷоизаи “Оскар” коргардон Шармин Убайд-Чиной бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ҳам мулоқот кард ва раҳбари ҳукумат ваъда супурда буд, ки дар амри шадидтар кардани қонунҳои кишвар барои мубориза бо чунин суннатҳо талош мекунад. Ва ба назар мерасад, ки ӯ ба ваъда вафо хоҳад кард...

XS
SM
MD
LG