Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи одамони "бегона" ё пурсиши мушкилоти мардум?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияҳои Тоҷикистон сӯҳбатҳои “хона ба хона”-и мақомот бо ҳадафи аз наздик омӯхтани вазъи зиндагии мардум ҷараён дорад.

Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба иҷрои барномаи "Хона ба хона" пардохтаанд. Ин барномаи муштараки Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонони ҳукумати Тоҷикистон, ки хабараш як моҳ пеш эълон шуд, ба гуфтаи мақомот, шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ва бахусус хонаводаҳои камбизоат ва осебпазирро ба ҳадаф дорад. Аммо дар ноҳияи Ҳисор, ба гуфтаи сокинон, онҳоеро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, рӯйхат мекунанд.

Абдулатиф Маҷидов, раиси ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 31 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, барои иҷрои ин барнома дар ҳар ҷамоат аз ҳисоби намояндагони ҷамоат, равоншиносон, омӯзгорони фаъол ва шахсони рӯзгордида гурӯҳҳои вижа ташкил шудаанд.

"Мо ҳам чунин гурӯҳ ташкил кардаем, ки бо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ хона ба хона мегарданд. Аз дастовардҳои истиқлолият сӯҳбат мекунанд. Занони хонашине зиёданд, ки аз гапу кори Тоҷикистону берун аз он ягон хабар надоранд. Онҳоро хабардор мекунем. Ҳадафи дигар пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб аст. Имсол Соли оила эълон шудааст ва аъзои ин гурӯҳ бештар бо оилаҳои ноустувор сӯҳбат мекунанд," -- афзуд ӯ.

Ин раиси ҷамоат мегӯяд, ҳадаф аз ин сӯҳбатҳои хона ба хона сохтани рӯйхати онҳое нест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, Шарофат, як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, намояндагони мақомот зимни боздид аз хонаи ӯ асосан дар бораи 4 писараш, ки дар Русия кор мекунанд, пурсидаанд: "Хона ба хона гаштанду онҳоеро, ки дар Русияанд, рӯйхат карданд. Дар байнашон нозири минтақавии милиса ҳам буд. Аз ман асосан дар бораи фарзандонам пурсиданд, ки оё медонам, дар куҷоанду чӣ кор мекунанд?"

Таҳияи чунин рӯйхатро раиси маҳаллае, ки ин зан ба сар мебарад, низ тасдиқ кард. Вале ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тафтиши саросарии сокинон дар ин ноҳия ба далоили амниятӣ дар чорчӯби омодагиҳо ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор сурат мегирад: "Ин тафтишҳо ба муносибати ҷашни Ҳисор аст. Нозирони минтақавӣ ва кормандони милиса хона ба хона мегарданд, ки ягон одами бегона набошад. Ҳамаро рӯйхат мекунанд, ки дар рӯзҳои ҷашн фақат одамони соҳиби сабти ном бошанд дар хона."

Тарҳи чойхонаи нави Ҳисор

Тарҳи чойхонаи нави Ҳисор

Интизор меравад, ҷашни 3000-солагии Ҳисор моҳи октябри соли равон таҷлил шавад. Дар чорчӯби ин ҷашн тармими Мадрасаи кӯҳна дар паҳлуи Қалъаи қадимаи Ҳисор ва бунёди як шаҳраки нав ва варзишгоҳу чойхонаи миллӣ ба шакли харбуза дар маркази ноҳия дар назар гирифта шудааст. Мақомот мегӯянд, ҷашни ноҳия бо ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт ва тадобири амниятии бештар, аз ҷумла тафтиши хона ба хонаи сокинон ба ҳамин далел рӯи даст гирифта мешавад.

Дар моҳи июл, вақте намояндагони Кумитаи занон барномаи “Хона ба хона”-ро муаррифӣ мекарданд, гуфта мешуд, ки ҳадафи асосии ин барнома омӯхтани сатҳи зиндагии мардум ва шиносоии хубтар бо вазъи зиндагии хонаводаҳои бахусус осебпазир аст. Мавзӯи дигар ҷилавгирӣ аз, ба таъбири раиси ҷамоати Унҷӣ, “ҳодисаҳои номатлуб”, ба мисли хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбат занон – ду омили умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон – гуфта мешавад.

Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи занон моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки дар ҷараёни ин сӯҳбатҳо роҷеъ ба муҳоҷирони корӣ низ иттилооте ҷамъ оварда хоҳад шуд, ки оё “дар чанд оила муҳоҷири меҳнатӣ ҳаст ва оё кӯдаконе, ки волидайнашон дар муҳоҷиратанд, дар кадом вазъият ба сар мебаранд?”

Ба сурати умум, мақомот дар шарҳи барномаи “Хона ба хона” бештар ба ҷанбаи иҷтимоии он таъкид мекунанд ва мегӯянд, ин барнома нав нест ва алакай дар нимаи аввали соли ҷорӣ онҳо меҳмони қариб 30 000 хонавода шудаанд.

Аммо дар маҳфилҳо ин барномаро як навъ вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба хабарҳо дар бораи шумори афзояндаи ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои бегона, бахусус дар Сурияву Ироқ ва пайвастани атбои Тоҷикистон ба гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” низ мешуморанд. Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, тақрибан 500 нафар аз ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафта, то имрӯз 150 тан аз Тоҷикистон дар ҷангҳо дари н ду кишвари арабии Ховари Миёна ҷон бохтаанд.

Шарофат, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки намояндагони мақомот аз манзили ӯ ҳам боздид кардаанд, низ мегӯяд, аз суолҳои ин намояндагон бармеомад, ки онҳо бештар нигарони мабодо таҳти таъсири кадом гурӯҳе қарор гирифтани фарзандонаш буданд: "Пурсиданд, ки доим тамос доред бо фарзандони муҳоҷиратон? Пул мефиристанд? Бовар доред, ки Сурия намераванд?"

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG