Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як амалиёти нерӯҳои пулиси Русия дар бозорҳои шаҳри Маскав, беш аз 700 муҳоҷири корӣ боздошт шудаанд.

Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ, таъқибу боздошти муҳоҷирони корӣ рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар ду бозори Маскав - «Белая дача» ва «Садовод» идома ёфтааст, ки дар он аслан муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна кор мекардаанд.

Ба иттилои пулиси Маскав, дар рафти тафтиши ҳуҷҷатҳои ин муҳоҷирон танҳо 20 нафари онҳо «ғайриқонунӣ» дониста шуданд. Ин 20 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, дар назар аст рӯзҳои наздик додгоҳи Маскав ҳукми ихроҷ кардани онҳо аз қаламрави Русияро содир намояд. Пулиси Маскав гуфтааст ин амалиёт бо номи "Заслон-2" "бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маҳсулоти хӯрокаи ғайриқонунӣ" будааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар рафти муҳосираи бозорҳо аз тарафи пулис, кормандони бозор ба ҳар тараф мегурехтаанд. Ҳатто як корманди бозори «Садавод», шаҳрванди Украина, ки ҳуҷҷатҳояш қонунӣ будааст, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳама муҳоҷирон аз кормандони пулис мегурехтанд, новобаста аз он ки ҳуҷҷат доранд ё не. Вай гуфтааст, «ҳамаи ҳуҷҷатҳои ман дуруст аст, вале ман ҳам дар қатори дигар муҳоҷирон аз пулис гурехтам. Мушкил ин аст, ки ҳамаро боздошт мекунанд ва маблағ талаб мекунанд»,

Дар як моҳи охир танҳо дар бозори "Садавод"-и Маскав бори дувум аст, ки чунин амалиёти зидди муҳоҷирон ба роҳ монда мешавад ва садҳо муҳоҷири кориро боздошт карданд.

Роҳбари созмони дифои ҳуқуқи «Кӯмаки шаҳрвандӣ» Светлана Ганнушкина чунин тарзи ҳалли мушкилии муҳоҷиратро «зиддибашарӣ» номидааст. Вай гуфтааст, «Мушкили муҳоҷират ҳоло миқёси васеъ ба худ касб кардааст, ки ин на танҳо мушкили Русия, балки ҷаҳон аст. Вале барои чӣ бо чунин тарз мушкилиро бояд ҳал кунем, ки ҳама аз муҳоҷирон як чизи бадро мебинем. Ин саркубӣ зидди онҳо мебошад, ки ниёз ба кӯмак доранд. Ба ин кори шармовар ва даҳшатнок бингаред».

Роҳбари иттифоқи касабаи муҳоҷирони Русия Ринат Каримов гуфтааст, дар аксар ҳолатҳои корфармоён авло медонанд, ки муҳоҷирони кории ғайриқонуниро ба кор ҷалб кунанд. Ин кор ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати муомилаи онҳо ба корфармо, ба нафъи онҳо аст. Ба гуфтаи Каримов, муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Миёна омада, аслан аз алкоҳол дуранд ва то ҷое ба корфармо содиқ будаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, амалиётҳои охире, ки дар бозори "Садавод"-и Маскав мақомоти рус анҷом медиҳанд, ба амалиётҳои 4 сол пеш дар бозори калонтарини Маскав "Черкезовский" шабоҳат дорад. Дар соли 2009 дар пайи чунин амалиёти мақомот, бозори Черкезовский баста шуда, садҳо муҳоҷири корӣ аз Русия ихроҷ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG