Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шореҳи амрикоӣ аз Роғун ҳимоят кард


Ҳиларӣ Креймер
Ҳиларӣ Креймер

Яке аз машҳуртарин шореҳони иқтисодии Амрико нерӯгоҳи Роғунро яке аз чораҳои муҳими ҷанги зидди терроризм номид.

Шореҳи рӯзномаи Wall Street Journal ва коршиноси меҳмон дар барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News, Ҳиларӣ Креймер, мегӯяд, тарҳи Роғун “калиди пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақа (Осиёи Марказӣ -- идора) ва мояи ҳаётан муҳими манфиатҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ҷанги зидди террор аст.” Вай меафзояд, ин калид дар дасти Тоҷикистон аст, ки талош дорад, барои наҷот аз бӯҳрони энержӣ нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бунёд намояд.

Дар матлабе дар маҷаллаи “Forbes”, Ҳиларӣ Креймер ояндаи вазъ дар Афғонистонро пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО осебпазир шумурда, ягона роҳи пешгирӣ аз бозгашти Толибонро ба рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби сармоягузорию соҳибкорӣ дар ин кишвар марбут донистааст. Бе пешрафти густардаи иқтисодии Афғонистон, ба ақидаи муаллиф, на танҳо ин кишвар, балки тамоми минтақа дар баробари гурӯҳҳои тундрав, ки бо даромади азими маводи мухаддир ва “кӯмакҳои хориҷӣ”-и исломгароёни Саудиву Покистон то рафт қавитар мешаванд, осебпазир боқӣ хоҳад монд.

Аммо, меафзояд ӯ, чунин рушди васеи иқтисодӣ бидуни манбаъҳои амн, арзон ва дарозмуддати энержӣ номумкин аст. “Аз хурдтарин бизнеси оилавӣ гирифта то корпоратсияҳои байнулмилалӣ ва тарҳҳои зербиноӣ, ҳамагӣ, чӣ таҷҳизоти истеҳсолкунанда, компютерҳо, дастгоҳҳои касса ва ҷиҳози бешумор ба нерӯи барқ ниёз доранд, ки мисли хун дар бадани иқтисоди солим аст.”

Ҳиларӣ Креймер, муаллифи китоби машҳури “Пеш аз чархиш” дар бораи энержии тоза ва саноати экологӣ, мегӯяд, нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон метавонад, дили ин иқтисоди пешрафтаи Осиёи Марказӣ бошад. “Бо иртифои 335 метр ин баландтарин сарбанди ҷаҳон хоҳад буд ва бо хатми сохтмони нерӯгоҳ он хоҳад тавонист, на танҳо Тоҷикистони ташнаи барқ, балки ҳамчунин минтақаҳои шимоли Афғонистону Покистон, маҳалҳое аз Қирғизистону Узбакистон ва кишварҳои дигари ҳамсояро бо барқ таъмин кунад.”

Ба ақидаи Креймер, он сарони давлатҳои минтақа, ки ин ояндаро ба таври рӯшан мебинанд ва дарк мекунанд, ҳимояти худро аз тарҳи Роғун ба ин ё он шакл баён доштаанд. Дар соли 2007 Бонки Рушди Осиё созишномаи CASAREM (Central Asia-South Asia Regional Electricity Market) ё бозори минтақаии барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро сарпарастӣ кард. Ин санадро ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон имзо кардаанд ва он экспорти 1300 мегаватт барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро дар назар дорад. Ин заминаи ҳуқуқӣ ва зербинои он имкон медиҳад, ки нерӯи барқ аз Роғун ба миллионҳо манзил ва корхона дар саросари минтақа расад ва барои онҳо имкониятҳои иқтисодӣ офарида, шароити бақои ҳукуматҳои мӯътадил ва рӯбағарби Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фароҳам орад.

Таҳлилгари саршиноси амрикоӣ дар матлаби худ нишон додааст, ки аз мухолифати Узбакистон ба тарҳи Роғун низ ба хубӣ огоҳ аст. Вай менависад: “Бино бар азамати обанбори оянда Узбакистон шиддатеро дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ба вуҷуд овардааст. Нигаронии он бештар аз таъсири эҳтимолии тарҳ ба маҷрои рӯди Вахш ва обёрии киштзорони пахта маншаъ гирифтааст. Аммо ба масъалаи таъмини маҷрои зарурӣ барои саноати пунбапарварии Узбакистон ҳанӯз ҳангоми тарҳрезӣ ва лоиҳакашӣ, ки дар давраи пойбандии бештари Узбакистон ба пахта иттифоқ афтодааст, диққати қобили мулоҳиза дода шудааст. Ҳақиқаташ ин аст, ки тарҳи обанбори Роғун таъмини устувори ҳамаи минтақаҳои поёнобро дар назар гирифтааст.”

Муаллиф ин фактро меорад, ки қарор аст, ҳамчунин миқдори муҳими об аз обанбори оянда ба воситаи нақби 70-километрӣ ва тамоман бидуни гузаштан аз сохтори нерӯгоҳ ба дарё ҳамроҳ ва ҷониби Узбакистон равон хоҳад шуд.

Дар хулосаи матлаби худ, Ҳиларӣ Креймер, таҳлилгаре , ки ақидаҳояш ба тасмимгирандаҳои ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ дорад ва Ҷон Дизард, яке аз сарварони Financial Times ӯро “коршиносе тавоно ва хеле мӯҳтарам дар ҷаҳони сармоягузорӣ ва мудирият” номидааст, менависад, “бидуни шубҳа, тарҳи Роғун бояд на танҳо барои ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон, балки ҳамчунин ниҳодҳои байнулмилалие чун Бунёди байнулмилалии пул (IMF), Бонки Ҷаҳонӣ ва бунгоҳҳое чун Барномаи рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида ё USAID дар сархатти феҳрасти аввалиндараҷа қарор дошта бошад.
XS
SM
MD
LG