Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 19-уми ноябр Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи 7 узви Ҳизби Таҳрир, ки якеаш 16-сола аст, шурӯъ хоҳад кард.

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи душанбеи 19-уми ноябр ба бозбинии парвандаи як гурӯҳи 7-нафарӣ, аз ҷумла 3 зан бо иттиҳоми узвият дар Ҳизби таҳрир оғоз мекунад.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва масъули бозбинии парванда, 5 нафар аз ин афрод бо ҳам робитаи хешутаборӣ доранд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, Сӯҳроб Ҳафизову Муҳайё Ҳафизова ва Ислом Бобоеву Мунира Бобоева модару писар мебошанд. Аз ин миён, Муҳаббат Ҳафизова бо Муҳайё Ҳафизова бо ҳам хоҳар будаанд.

Яке аз онҳо, Ислом Бобоев, сокини шаҳри Чкалов 16-сола аст. Тафтишоти аввалия аз ҷониби раёсати амнияти Суғд ин афродро ба мансубият ба созмони мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби Таҳрир аз соли 2000-уми милодӣ ба ин сӯ айбдор дониста, мутобиқи 3 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, барангезиши кинаву адовати миллию мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ ба барҳам задани сохтори қонунӣ айбдор кардаст.

Бинобар тафтишот, ин нафарон дар Ҳизби Таҳрир ба ҳам омада, ақидаҳои ин ҳаракати пинҳонкорро миёни сокинон тарғиб ва адабиёту варақаҳои онро паҳн мекарданд. Ин 7 нафар сокинони шаҳри Чкалов, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Исфара буда, аз 16 то 40 сол доранд . Онҳо моҳи сентябри соли равон боздошт шудаанд.

Яке аз онҳо, Сатторқул Холиқулов, сокини ноҳияи Зафаробод соли 2000 – ум бо ҷурми фаъолият дар Ҳизби Таҳрир барои 15 сол ба зиндон фиристода шуда, соли 2011 бо татбиқи қонуни афв раҳо шудааст.

Некрӯз Ҳамзалиев, вакили дифои Ислом Бобоев ба Озодӣ гуфт, аз додгоҳи вилоятӣ дархост кард, то чораи пешгирӣ нисбат ба зерҳимояи ноболиғашро иваз кунад, аммо ин дархосташ рад гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир Ислом Бобоев низ дар қатори дигарон дар боздошт қарор дорад. Падари ӯ бо гуноҳи мансубият ба Ҳизби Таҳрир дар зиндони Душанбе қарор доштааст. Ба гуфтаи вакили дифоъ-- Ҳамзалиев, замони тафтиши аввалияи парванда, Ислом Бобоев ва модараш гуфтаанд, ки қаблан аз фаъолияти ҳамдигар дар Ҳизби Таҳрир огоҳӣ ва ё ҳамкорие дар ин самт надоштанд. “Аммо дар додгоҳ маълум мешавад, ки онҳо гуноҳ доранд ё не, чунки дар мурофиа онҳо метавонанд озодона гап зананд ва аз худ ҳимоят кунанд",-мегӯяд вакили мудофеъ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG