Пайвандҳои дастрасӣ

Як зани гирифтори бемории ВИЧ дар Кӯлоб талош дорад, то ӯро ҳамчун маъюб эътироф намуда, нафақаи маъюбӣ бидиҳанд.

Як зани гирифтори бемории ВИЧ дар Кӯлоб то ҳол натавонистааст, ки мақомот ба далели ин маризӣ ӯро маъюб эътироф кунанд ва нафаққаш ҷудо намоянд. Ин зан, ки 46 сол дорад, 7 сол пеш аз шавҳари нашъамандаш, ки аз муҳоҷират ин беморирор “тӯҳфа” оварда буд, ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ӯ мегӯяд, вақте фаҳмид, ки шавҳараш ӯро ба ин беморӣ гирифтор кардааст, ҷудо шуд ва ба хонаи волидайнаш баргашт.

Ҳоло ин зан зиндагии сахтеро пушти сар мекунад ва аз лиҳози рӯҳиву молӣ мушкили ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, талош дорад, то бемории ӯро ҳамчун маъюбӣ эътироф кунанд ва барояш нафақа бидиҳанд.

Ин зан мегӯяд: «Сатҳи зиндагиам хеле паст аст. Шавҳарам ҳам нашъаманд аст ва ҳеҷ кумаке карда наметавонад. Дар ҳар ҷое, ки барои кор муроҷиат мекунӣ, чун мефаҳманд, ки гирифтори ин беморӣ ҳастӣ, муносибаташон дигар мешавад. Ягон ҷо хондагӣ бошӣ, камтар зиндагӣ хубтар мешавад. Бо мушкил дар ягон ҷо фаррош шуда кор мекунӣ, вале бо ин зиндагӣ карда намешавад. Чӣ қадаре, ки гӯӣ зиндагиамон ҳамон қадар ба даст.»

Ин зан ягона зани гирифтори ВИЧ, вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД нест, ки мехоҳад, аз ҳисоби ин беморӣ ба нафақаи маъюбӣ барояд.

Тоҳир Туманов, мудири идораи мубориза зидди бемории ВИЧ/ СПИД дар минтақаи Кӯлоб дар як сӯҳбат бо мо гуфт, чунин муроҷиатҳо барои машварат додан ба онҳо низ расидааст. Аммо Туманов мегӯяд, дар қонунгузории Тоҷикистон гирифторони бемории ВИЧ/СПИД ҳамчун маъюб шинохта намешаванд. Ӯ гуфт, гирифторони ин беморӣ ҳамзамон ба бемориҳои дигар низ гирифторанд, ки метавонанд, аз он ҳисоб ба нафақа бароянд.

Мастона Эргашева, сарвари созмони ҷамъиятии «Ҷовидон», ки бо гирифторони бемории ВИЧ/СПИД дар Кӯлоб кор мебарад, мегӯяд, занҳои гирифтори ин беморӣ зиндагии мушкил доранд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран шавҳарони ин занҳо нашъаманданд ва дар ҳеҷ ҷое кор намекунанд ва ҳамсаронашон бори зиндагиро ба танҳоӣ ба дӯш доранд.

Мастона Эргашева афзуд: «Чанд тани аз онҳое, ки ба мо муроҷиат карданд, зиндагиашон дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳатто барои бистарӣ кардани фарзандонашон дар беморхона пул намеёбанд. Онҳо ду тараф азоб доранд - ҳам рӯҳӣ ва ҳам ҷисман. Мо ба қадри имкон ба онҳо ҳам кумаки молӣ мерасонем ва ҳам кумаки рӯҳӣ. Вазъашон хеле бад аст. Худро дар ҷомеа танҳо ҳисоб мекунанд. Воқеан, онҳо муҳтоҷи кумаканд.»

Дар ҳамин ҳол, Толибшоҳ Саидалиев, раҳбари созмони ҷамъиятии «Судманд» дар Кӯлоб мегӯяд, маблағҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД ва кор бо афроди гирифтори ин беморӣ ҷудо мегардад, дар Тоҷикистон нодуруст тақсим мешавад. «Маблағҳо аз Душанбе нодуруст ҷудо мешаванд. Дар маҳалҳое, ки гирифторони ин беморӣ зиёданд, маблағи кам медиҳанд, вале баръакс дар маҳалҳое, ки шумораи гирифторон кам аст, маблағи зиёд медиҳанд. Дар ин сурат кор барои пешгирии беморӣ ва ташвиқу тарғиб мушкил мешавад. Маблағҳои созмонҳои байналмиллалӣ бояд одилона тақсим шаванд, ки кор бо гирифторон ҷиддитар сурат бигирад,» - мегӯяд оқои Саидалиев.

Ёдбуди қурбониёни СПИД дар Душанбе, майи соли 2012

Ёдбуди қурбониёни СПИД дар Душанбе, майи соли 2012

СПИД ва вируси ангезандаи он – ВИЧ маризи кушандаест, ки тавассути хун, сӯзандору ва равобити ҷинсӣ сироят карда, нирӯи иммунитет ё масунияти бадани инсонро батадриҷ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа чунин беморон нисбат ба афроди дигар маризиҳоро тӯлонитару шадидтар паси сар мекунанд. Ин беморӣ дар ниҳоят ба марги нафари гирифтор мерасонад.

Шумораи гирифторони бемории ВИЧ/СПИД дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 500 нафар расидааст, ки аз ин шумор зиёда аз 300 нафараш занҳо будаанд. Ҷамъи гирифторон ба ин бемории қаттол дар Тоҷикистон ҳудуди 5000 нафар шумурда шуда, теъдоди онҳое ки аз ин беморӣ ҷон додаанд, ба 600 нафар расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG