Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин русҳо дар Тоҷикистон


Дар Душанбе китобе бо номи “Первые русские в Таджикистане” нашр шуд, ки дар бораи аввалин намояндагони русҳо ва русзабонҳо дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ қисса мекунад.

Дар арафаи Наврӯз дар нашриёти “Орбита”-и шаҳри Душанбе китоби “Первые русские в Таджикистане” (“Аввалин русҳо дар Тоҷикистон”) ба нашр расид. Ин китоби иборат аз 280 саҳифа, ки бо теъдоди 50 нусха нашр шудааст, ба қалами муаррих Виктор Дубовитский ва хабарнигор Ирина Дубовитская тааллуқ дошта, дар бораи аввалин русҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ ба сар бурдаанд, қисса мекунад.

Виктор Дубовитский рӯзи 24 март дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин китоб дар маҷмӯъ тарҷумаи ҳоли 124 нафар – аз тоҷирону афсарон ва пажӯҳишгароне, мисли Иля Федченко то табибону омӯзгорон ва коргарони оддии рус ваё русзабонро, ки чархи тақдир ба ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистонашон партофтааст, дар бар мегирад ва мурурест ба таърихи беш аз 200-солаи ҳузури русҳо ва русзабонҳо дар ин қаламрав: “Китоб дар бораи онҳоест, ки сар аз поёни асри 18 ва то ибтидои ҷанги дувуми ҷаҳон, яъне солҳои сиюми асри 20 қаламрави Тоҷикистони кунуниро таҳқиқ кардаанд ваё дар эъмори иқтисодаш саҳм гузоштаанд. Ва ин фақат русҳо нестанд. Дар байни онҳо тоторҳову немисҳо ва яҳудиёне ҳам ҳастанд, ки ҳамчун намояндаи давлати Русия дар инҷо кору зиндагӣ кардаанд.“

Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки ин китоб “як навъ адои қарз дар назди ҳазорон табибону ҳамшираҳои тиббии гумномест, ки дар вақташ рустоҳои Варзобу Дарвозро аз эпидемияи вабо ва тоун наҷот додаанд, адои қарзи омӯзгоронест, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистонро савод омӯзонданд, адои қарз дар наздии тракторчиҳову экскаваторчиҳоест, ки каналҳои обёрии водии Вахшро сохтанд, ва ронандаҳои нахустин мошинҳои “полуторка” ва “ЗИС-3”, ки аз ағбаҳои сарбафалак миллионҳо тонна бор интиқол додаанд.”

Ба гуфтаи Виктор Дубовитский, аввалин русҳое, ки ҳанӯз дар поёни асри 18 дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ ба сар бурдаанд, аксаран тасодуфан бо амри тақдир ба инҷо афтода буданд: “Барои мисол, Николай Ключев аз зумраи тоҷироне буд, ки дар поёни асри 18 ва ибтидои асри 19 бо хонигариҳои Қӯқанду Хива ва аморати Бухоро тиҷорат доштанд. Ключев дар бораи хонигарии Қӯқанд, халқҳои сокини он ва маъданҳои табиии ин сарзамин маълумоти хеле ҷолибе аз худ ба ҷо гузоштааст. Филип Ефремов афсари артиши Русияи подшоҳӣ буд, ки дар поёни асри 18 дар замони исёни Емелян Пугачёв ба дасти қазоқҳо асир афтод ва ӯро ба аморати Бухоро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Ӯ дар аморати Бухоро ба хидмати низомӣ ҷалб шуд ва яке аз лашкаркашони амир ҳам шуд. Ефремов танҳо баъди 9 соли зиндагӣ дар Осиёи Миёна тавонист аз тариқи Ҳинду Инглистон ба Русия баргардад. Ёддоштҳои Ефремов дар бораи солҳои зиндагиаш дар аморати Бухоро дар Русия 10 бор нашр шудаанд.”

Аммо ҳузури, ба гуфтаи ин муаррих, оммавии русзабонҳо дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ аз соли 1865, ки қаламрави вилояти Суғди кунунӣ ба Русияи подшоҳӣ пайваст, оғоз гирифта, баъди барқарор шудани давлати Шӯравӣ ба манотиқи дигари Тоҷикистон густариш пайдо кард. Дар соли 1991, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошиду Тоҷикистон соле баъд ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва русзабонҳо ба таври оммавӣ аз инҷо кӯчиданд, дар Тоҷикистон то ним миллион аҳолии русзабон зиндагӣ мекард.

Дар он айём бахусус дар байни равшанфикрон аз ин ки русзабонҳо нисбат ба мардуми бумӣ дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ имтиёзи бештар доранд ва коргузорӣ низ дар идораҳои давлатхӣ ба забони русист, интиқодҳо зиёд садо медод. Вале аз зовияи имрӯз саҳми мардуми русзабон дар сохтани корхонаҳои саноатӣ, бунёди каналҳову нирӯгоҳҳо ва шаҳрҳои муосир ва эъмори низоми аврупоии маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон муҳим шумурда мешавад.

Виктор Дубовитский
Виктор Дубовитский

Виктор Дубовитский нақш ва саҳми русзабонҳо дар таърихи Тоҷикистони муосирро дар ду маврид бештар қобили арзёбӣ медонад: “Ҳамон гуна ки Ҳинду Покистон тавассути Инглистон ва мустамликаҳои собиқ дар қораи Африқо тавассути Фаронса ба фарҳангу тамаддуни аврупоӣ ошно шуданд, Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, тавассути Русия ба Аврупо пайвастанд ва тарзи зиндагиву арзишҳои аврупоиро пазируфтанд. Чизи дигар ин таъсиси худи Тоҷикистон ба ҳайси давлатдории миллати тоҷик аст. Тоҷикҳо бахусус дар поёни асри 19 ва ибтидои асри 20 таҳти хатари ассимилятсия аз сӯи қавмҳои туркзабон қарор гирифта буданд. Ва инки Тоҷикистон дар соли 1924 ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухтор ва соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии мустақил арзи ҳастӣ кард ва соли 1991 соҳиби истиқлол шуд, пеши роҳи ин ассимилятсияи ногузирро гирифт.”

Бино ба натоиҷи нуфузшумории соли 2010, дар Тоҷикистон аз ним миллион русзабоне, ки дар оғози солҳои 90 дар ин кишвар ба сар мебурд, ҳамагӣ 38 400 русзабон боқӣ мондаанд. Аксари онҳо нафақахӯронанд, ки як қисмаш дигар қудрати кӯчидан ба Русияро надоранд. Як қисми дигари ин мардум мегӯянд, баъди солиёни зиндагӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар ҳамчун ба Ватани худ дил бастаанд.

XS
SM
MD
LG