Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вазорати маорифи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки фанни нав ба наврасон барои муқобила бо таблиғоти гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" кумак мекунад.

Аз аввали соли таҳсили 2015-2016 дар синфҳои нӯҳуми мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба тадриси фанни наве бо номи "Асосҳои дин" шурӯъ кардаанд. Ба андешаи масъулони вазорати маориф ва илм, ин фанн ба толибилмон нафақат барои ошноӣ бо асосҳои дини Ислом кумак мекунад, балки дар зеҳни онҳо эҳтиром ба адёни дигарро низ талқин карда, дар амри муқобила бо таблиғоти созмонҳои ифротии мазҳабие, ба мисли "Давлати исломӣ" низ муассир хоҳад буд.

Барои таҳияи китоби дарсӣ донишмандони ислом, имомҳои маъруф ва олимони исломшинос аз Фарҳангистони улумро ҷалб карданд. Мутахассисон мегӯянд, барои тадриси "Асосҳои дин" интихоб шудани синфи 9 низ тасодуфӣ нест. Ба ақидаи онҳо, маҳз дар синни 15-16 ташаккули ҷаҳонбинии насли нав ба нуқтаи авҷаш мерасад ва онҳо ба ҳадде баркамол мешаванд, ки ин фанро ба хубӣ дарк кунанд.

Яке аз омӯзгорон мегӯяд, ки онҳо бо ин фан ба шогирдон асосҳои ҳусни таҳаммул, хайру савоб, эҳтиром ба калонсолон ва ҳам эҳсоси масъулияти онҳо дар назди Модар-Ватанро таълим медиҳанд.

Ба ҷуз аз "Асосҳои дин" дар мактабҳои Тоҷикистон боз чанд фанни дигари ҷадид ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла "Ахлоқи оилавӣ" барои синфҳои 10 ва "Асосҳои иқтисод" барои хатмкунандагони макотиби миёна.

Дар дарсҳои ахлоқ ба шогирдон тарзи рафтор бо аъзои оила ва роҳҳои ҳалли ҷанҷолҳои дохилихонаводагиро дарс медиҳанд. Дар дарсҳои "Асосҳои иқтисод" ба онҳо тарзи муомила бо пулу сармояро меомӯзонанд.

Ҷузъиёти бештар дар гузориши видеоии Анӯшервон Орипов:

Настоящее Время

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG