Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҷашни 3000-солагии Ҳисор бо ифтитоҳи чойхонаи "Харбуза"


Бинои Чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Ҳисор

Бинои Чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Ҳисор

Ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор бо ифтитоҳи чанд иншоот, аз ҷумла "Чойхонаи миллӣ" оғоз ёфт, ки намуди зоҳирияш ба харбуза монанд аст ва гуфта мешавад бо сармояи Муродалӣ Алимардон сохта шудааст.

Рӯзи 27 октбяр дар ноҳияи Ҳисор ҷашни 3-ҳазорсолагии ин минтақаи Тоҷикистон бо ифтитоҳи чанд иншооти тозабунёд, аз ҷумла "Чойхонаи миллӣ" оғоз ёфт, ки намуди зоҳирияш ба харбуза монанд аст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок дорад ва шахсан дар маросими ифтитоҳи "Чойхонаи миллӣ" иштирок кардааст.

Ин чойхона, ки мақомот ҳоло онро чойхонаи миллӣ меноманд ва қаблан бо номи чойхонаи харбуза маъруф буд, бар асоси иттилои расонаҳо, бо харҷи беш аз як миллион сомонии Муродалӣ Алимардон -- раиси "Агроинвестбонк" сохта шудааст. Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад ва дар як вақт метавонад ҳудуди 6 ҳазор нафарро дар худ бигунҷонад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 бар пояи бархе аз бозёфтҳои бостоншиносон дар Ҳисор тасмим гирифт, 3-ҳазорсолагии ин ноҳияро ҷашн бигирад. Қарор буд, ин ҷашн рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ баргузор шавад, аммо баъдан ба таъхир афтод. Мақомот далели ин таъхирро "омодагиҳо ба хотири ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД дар моҳи сентябр" гуфтанд, аммо манобеи мустақил мегӯянд, ки дар пайи дар вақташ бунёд нашудани чанд иншооти ҷашнӣ маҷбур шудаанд, ин санаро аз сентябр ба октябр бикӯчонанд.

Ба қавли бостоншиносон Ҳисор ҳамеша чун маркази тиҷорату зироат шинохта шуда, роҳи Абрешими бузург аз инҷо мегузаштааст. Иброҳим Худоёр, пажӯҳишгари эронӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Ҳисор ба унвони "Бухорои бузург" ном бурд ва гуфт, "ин минтақа дар асри бист ҳадяи бузургеро барои форсзабонон дод, он як Бухорои дигар бо номи Душанбе аст. Яъне ба ин мазмун метавонем, ки Ҳисорро бар замми бостонӣ буданаш таърихсоз низ бигӯем."

Ҳисор дар 20-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар қисми 5 километрии ҷанубии ин ноҳия Қалъаи овозадори Ҳисор воқеъ аст. Бо он ки Қалъаи Ҳисор таърихи сеҳазорсола дорад ва бозёфтҳои пурарзиши қадимие дар он кашф шудаанд, боз ҳам ин мероси таърихӣ аз назари пажуҳишгарони байнулмилалӣ дур мондааст.

Дар рӯ ба рӯи Қалъа осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор мавҷуд аст ва дар давраҳои бостон ин ҷо мадраса буда, фарзандони шахсони сарватманди ҳамон замон дар инҷо таҳсил менамуданд. Дар ин мадрасаи ибтидоӣ толибилмон забонҳои арабию форсӣ, Қуръону шарҳи он, ибтидои мантиқ, фалсафа ва шариатро омӯхта, бадан барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои Бухоро мерафтаанд.

Ҳоло ин мадраса осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор буда, дар он бозёфтҳои нодир ҳифз мешаванд. Қарор аст, ЮНЕСКО қалаи Ҳисорро ҳамчун мероси таърихии ҷаҳонӣ эътироф кунад ва таҳти ҳифозати худ бигирад.

Тоҷикистон то кунун аз 2500-солагии шаҳри Истаравшан ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ҷашн гирифтааст. Ҳарчанд бисёре аз сокинон аз чунин ҷашнвораҳо истиқбол мекунанд, вале мухолифон мегӯянд, ки мақомот ба ҷои чунин ҷашнҳои бузург дар фикри эҷоди ҷои кор ва бунёди коргоҳҳо бишаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG