Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндониёни муттаҳам дар ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-таҳрир аз президент ва парлумон бознигарии парвандаҳояшонро тақозо мекунанд.

Беш аз 300 маҳбусе, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи мазҳабии Ҳизб-ут-таҳрир дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, дар як номаи дастаҷамъӣ ба унвонии раиси ҷумҳурӣ, парлумон ва созмонҳои байналмилалии медофеи ҳуқуқи башар тақозо кардаанд, ки парвандаи онҳо бознигарӣ шавад.

Саидраҳмон Рӯзиев, падари яке аз ин нафарон, ки фарзандаш се соли охир дар маҳбас аст, рӯзи 19 июл нусхаи номаи мазкурро ба дафтари радиои Озодӣ овард ва гуфт, ки ҳамроҳ бо ин нома аризаи падару модарони маҳкумшудаҳо имрӯз ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ таслим шудааст.

Дар номаи мазкур зикр шудааст, ки ҳангоми боздошти аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ва дар аснои бозпурсиҳо дар боздоштгоҳҳо алайҳи онҳо шиканҷаи шадид кор гирифта мешавад. Ӯ мегӯяд, ки боздоштшудаҳоро бо истифода аз нерӯи барқ, лату кӯб, зарбу шатм бо чӯбдаста дар дасту пову дигар аъзои бадан маҷбур мекунанд, ки дар гуноҳ иқрор шаванд. Вай гуфт, ки ба ҳангоми бозпурсиҳо занони бо ҷурми ҳамкорӣ ва узвият бо Ҳизб-ут-таҳрир боздоштшуда ҳам шиканҷа мешаванд.

Ҳамин нукта дар номаи падару модарони зиндониҳо ҳам таъкид шуда, аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост мешавад, ки барои ҷилагирӣ аз лату кӯб ва шиканҷаи фарзандонашон дар зиндонҳову боздоштгоҳҳо тадбирҳо андешида шавад.

Дар номаи мазкур, ки зераш беш аз 50 нафар, асосан модарон имзо гузоштаанд, гуфта мешавад, ки кормандони ниҳодҳои қудратӣ барои пайдо кардани гумонбаршудаҳо гоҳо модарону хоҳарони онҳоро боздошт мекунанд ва муттаҳамонро маҷбур мекунанд, ки агар таслим нашаванд, хоҳар ва ё модари онҳоро ба зиндон меандозанд.

Дар номаҳо зикр шудааст, ки феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 300 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони Ҳизб-ут-таҳрир ба сар мебарад, ки аксари кулли онҳо шеваи баррасии парванда ва айбгузориҳои мақомоти додгоҳӣ ва додситониро нодуруст мешуморанд.

Дар як тамоси телефонӣ бо шӯъбаи номаҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки воқеан имрӯз ба ҳамин мазмун ду нома ба қайд гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG