Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: "Демократия наметавонад фақат барои миллиардерҳо бошад"


​Ҳилларӣ Клинтон, номзади аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ ба ҳаводоронаш ваъда дод, барои эҷоди як ҷомеаи одилонатар барои сокинони одӣ мубориза хоҳад кард.

Ҳилларӣ Клинтон, номзади аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ, дар нахустин таҷаммӯи умумии интихоботияш ваъда дод, барои эҷоди як ҷомеаи одилонатар барои амрикоиҳои одӣ мубориза хоҳад кард. Хонум Клинтон, ки дар миёни ҳазорон нафар аз тарафдоронаш дар Ню-Йорк сухан мегуфт, афзуд, ки "демократия наметавонад танҳо барои миллиардерҳо ва рифоҳ наметавонад танҳо аз они мудирони сандуқи сармоягзуорӣ бошад".

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии собиқ ва рақиби Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳафт соли пеш, моҳи апрели соли ҷорӣ худро расман номзади интихоботи президентии 2016 дар Иёлоти Муттаҳида эълон кард. Ӯ дар як паёми кӯтоҳи видеоӣ гуфта буд, "амрикоиҳо ҳар рӯз ба қаҳрамон ниёз доранд ва ман мехоҳам ҳамон қаҳрамон бошам."

Ии паёми хонум Клинтон, ки 12 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, дар тӯли як рӯз онро дар Ютуб бештар аз як миллион нафар тамошо карда, ҳудуди сад ҳазор низ дар Твиттер назари худро навиштаанд. 500 ҳазори дигар дар Фейсбук ин паёми видеоиро писандидаанд. Ҳилларӣ Клинтон пеш аз Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико дар давраи аввали раёсати ҷумҳури Барак Обама буд.

​Вазирони умури хориҷии Фаронса ва Олмон аз номзадии ӯ ҳимоят карданд ва Барак Обама -- раисиҷумҳури Амрико низ аз пешбарии номзадии Ҳилларӣ Клинтон ба мақоми сарвари кишвар дар интихоботи президентии соли 2016 пуштибонӣ карда, "аз нигоҳи ман, Ҳилларӣ Клинтон раисиҷумҳури хеле хуб мешавад. Ӯ дӯсти ман аст."

Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол ӯ қавитарин номзади демократҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад ва дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи 2016 Ҳилларӣ Клинтон нахустин зан-президенти Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.

Ҳарчанд то кунун номзади расмии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи 2016-и Амрико эълон нашудааст, аммо аз Ҷеб Буш, ҳокими пешини иёлоти Флоридаи Амрико ва писари Ҷор Буши калонӣ номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон ном бурда мешавад. Вай моҳи феврали соли ҷорӣ гуфта буд, баъзе дидгоҳҳояш ӯ бо падару бародараш -- Ҷор Буши калониву хурдӣ монанданд, аммо баъзан мухолифи якдигаранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG