Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ҳиллари Клинтон дар Каролинаи ҷанубӣ


Ҳиллари Клинтон, номзади интихоботи президентии Амрико аз Ҳизби демократ дар сабқати муқаддамотӣ дар иёлати Каролинаи ҷанубӣ бар рақиби ҳамҳизбаш Барни Сандерс бо фарқи зиёд, пирӯз шудааст.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи муқаддамотӣ дар иёлати Каролинаи ҷанубӣ, ки субҳи шанбе барои муайян шудани номзади Ҳизби демократ дар интихоботи президентии соли 2016 оғоз шуд, бо бартарии Ҳиллари Клинтон ба поён расид.

Хонум Клинтон тавонистааст дар баробари Барни Сандерс -- рақиби худ пирӯз шавад ва ба ин тартиб, имкони худ барои рақобати бузург ва сарнавишсози сешанбеи ояндаро бештар кунад. "Анҷумани ҳизбӣ" маъракаи дохили ҳизбӣ аст, ки дар он баҳсу баррасиҳо сурат гирифта ва бар сари номзади ягона созиш ба даст меояд.

Дар се интихоботи ибтидоии қаблӣ, хонум Клинтон тавониста буд дар дутои он пирӯз шавад. Бар пояи назарсанҷиҳо, Ҳиллари Клинтон дар миёни номзадҳои Ҳизби демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, пешсаф мебошад.

Аз ин қабл, Ҳиллари Клинтон дар интихоботи ибтидоии иёлатҳои Невада ва Айова пирӯз шуда буд. Аммо ба таври умумӣ, рақобати бисёр наздик ва танготанг бо Барни Сандерс дошт. Барни Сандерс дар интихоботи ибтидоии Ню-Ҳемшпир аз Ҳиллари Клинтон раъйи бештар ба даст оварда буд.

Рӯзномаи "Вошингтон пост" мегӯяд, ки пирӯзии Ҳиллари Клинтон дар иёлати Каролинаи ҷанубӣ, нишондиҳандаи ҳимояти деринае аст, ки сиёҳпӯстони демократи амрикоӣ аз ӯ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, пешбинии бархе шабакаҳои назораткунанда бар интихобот ҳикоят аз он мекунад, ки бо мавҷе, ки ба фоидаи Ҳиллари Клинтон дар Каролинаи ҷанубӣ шакл гирифтааст, ӯ мумкин аст барандаи "сешанбеи бузург" бошад. Интихоботи муқаддамотии "сешанбеи бузург" якуми март дар як вақт дар 11 иёлат баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG