Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши дувуми Ҳ.Клинтон барои дарёфти курсии президентӣ


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Вазири пешини умури хориҷии Амрико худро расман номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 дар Амрико эълон кард. Дар сурати пирӯзӣ ӯ нахустин зан-президенти Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии собиқ ва рақиби Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳафт соли пеш худро расман номзади интихоботи президентии 2016 дар Иёлоти Муттаҳида эълон кард. Хонум Клинтон дар як паёми кӯтоҳи видеоӣ гуфт, "амрикоиҳо ҳар рӯз ба қаҳрамон ниёз доранд ва ман мехоҳам ҳамон қаҳрамон бошам."

Ии паёми хонум Клинтон 12 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид ва дар тӯли як рӯз онро дар Ютуб бештар аз як миллион нафар тамошо карда, ҳудуди сад ҳазор низ дар Твиттер назари худро навиштаанд. 500 ҳазори дигар дар Фейсбук ин паёми видеоиро писандидаанд.

Ҳилларӣ Клинтон пеш аз Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико дар давраи аввали раёсати ҷумҳури Барак Обама буд. Хабаргузории Фаронса аз қавли як узви тими ӯ мегӯяд, тайи шаш то ҳашт ҳафтаи оянда Клинтон машғули сохтани чаҳорчӯби корзор, созмонҳои мардумӣ ва иртиботи мустақим бо раъйдиҳандагон хоҳад буд.

Аъзои тими ӯ мегӯянд, то моҳи май хабаре аз корзори аслӣ ва суханронии ӯ, ки оғозе бар таблиғот ба шумор меравад, нахоҳад буд. Қарор аст, хонум Клинтон рӯзи сешанбе барои иштирок дар мизи давре ба иёлати Айова биравад. Саҳифаи Твиттери ӯ аксе аз дидораш бо хонаводаеро тайи оғози сафараш ба иёлати Айова нишон медиҳад.

Вазирони умури хориҷии Фаронса ва Олмон аз номзадии ӯ ҳимоят кардаанд. Барак Обама -- раисиҷумҳури Амрико низ ду рӯз пеш аз пешбарии номзадии Ҳилларӣ Клинтон ба мақоми сарвари кишвар дар интихоботи президентии соли 2016 пуштибонӣ карда, дар нишасти хабарӣ дар Панама гуфт, "аз нигоҳи ман, Ҳилларӣ Клинтон раисиҷумҳури хеле хуб мешавад. Ӯ дӯсти ман аст."

Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол ӯ қавитарин номзади демократҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад ва дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи 2016 Ҳилларӣ Клинтон нахустин зан-президенти Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.

Ҳарчанд то кунун номзади расмии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи 2016-и Амрико эълон нашудааст, аммо аз Ҷеб Буш, ҳокими пешини иёлоти Флоридаи Амрико ва писари Ҷор Буши калонӣ номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон ном бурда мешавад. Вай моҳи феврали соли ҷорӣ гуфта буд, баъзе дидгоҳҳояш ӯ бо падару бародараш -- Ҷор Буши калониву хурдӣ монанданд, аммо баъзан мухолифи якдигаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG