Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсе, ки нахуствазири Қирғизистон дар бораи ҳиҷоб доғ кард


​Як изҳороти нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев, ки ҳиҷоб ва пӯшишҳои дигари исломиро ба фарҳангу анънаҳои миллии қирғизҳо "бегона" донист, баҳси доғеро дар ҷомеаи он кишвар ба по кардааст.

Як изҳороти Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон, ки ҳиҷобро моли "бегонагон" дониста, занони қирғизро бештар ба пӯшишҳои миллӣ даъват кардааст, бо вокунишҳои тунди гурӯҳе аз сокинон ва сиёсатмадорон рӯбарӯ шудааст. Сариев дар ҷаласаи Вазорати корҳои дохилии кишвараш, ки охирҳои ҳафтаи гузашта доир гардид, гуфт, бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон бо "сипар" кардани номи Ислом мехоҳанд, либоси, ба қавли ӯ, бегонаро миёни сокинони мусулмони он кишвар тарғиб намоянд.

"Бо баҳонаи Ислом талош доранд, ки болои мо анъана ва фарҳангҳои бегонаро бор кунанд. Мардуми мо ҳам расму оинҳои худро дорад. Ҳиҷобу фаранҷӣ ҳаргиз ҷузъи либосҳои миллии мо набуд. Бояд дар ин бора озод ҳарф занем," -- гуфтааст Темир Сариев.

Ба дунболи ин, Турсунбой Боқир уулу -- вакили парлумон, Узбек Чотонов -- раҳбари маркази "Дил мурогу" ва Дуйшон Абдилдаев -- намояндаи иттиҳодияи ҷамъиятии "Акыл, эс, рух, ыйман" бо баргузории нишастҳои хабарӣ дар посух ба ҳарфҳои Сариев гуфтаанд, ки ҳиҷоб ва рӯсарии занони қирғиз - элечек бо якдигар бегона набуда, балки шабоҳат ё монандии зиёд доранд. Ба ҷуз ин, гуфтаанд онҳо, дар Қирғизистони демократӣ манъи пӯшиши ҳамагуна навъи либос нақзи ҳуқуқ ба шумор хоҳад рафт.

Вакили парлумон Турсунбой Боқир уулу нахуствазир Темир Сариевро ба он айбдор кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ба сиёсати идеологии давлат дахолат дорад. "Фикр мекунам, Темир Сариев мехоҳад, ки бо шеваи Шӯравии собиқ зиндагӣ кунад. Ӯ яке аз пешоҳангони комсомол буд," -- афзудааст ӯ.

Турсунбой Боқир уулу мегӯяд, миёни пӯшишҳои исломӣ ва либоси миллии қирғизҳо тафовути чандоне нест. "Мумкин, нахуствазир ҳиҷобро бо ниқоб ё фаранҷӣ иваз карда бошад. Барои он ки ҳеч вақт занони қирғиз фаранҷӣ нагирифта буданд," – мегӯяд ин вакили парлумони Қирғизистон. Дар ҳоли ҳозир ин изҳороти Темир Сариев дар шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ низ мавриди баҳс қарор гирифта, назарнависонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Як гурӯҳ аз мавқеи нахуствазири Қирғизистон пуштибонӣ карда, гурӯҳи дигар алайҳи гуфтаҳои ӯ баромад намудаанд.

Мавзӯи либосҳои миллӣ ба ҷои пӯшишҳои исломӣ дар ҳоле дар Қирғизистон доғ шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳудуди ним сол боз ин маъракаро роҳандозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ дар ин муддат ҳиҷобу пӯшишҳои дигари исломиро моли бегонагон хонда, ба занҳо тавсия доаданд, ки аз либосҳои миллӣ, бахусус атлас истифода кунанд.

Ин маърака баъди суханронии рӯзи 6 марти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти бахшида ба Рӯзи Модар оғоз ёфт. Ӯ дар суханрониаш афзоиши таваҷҷӯҳи занону духтарони тоҷик ба пӯшидани либосҳои, ба гуфтаи ӯ, "сиёҳу бегона", бахусус ба сатру бурқаъро "як раванди ташвишовар", "ташвиқи либосҳои бегона" ва "тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон" номид ва гуфт, ин "ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад."

Дар пайи он ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарореро имзо гузошт, ки ниҳодҳои давлатӣ дар пойтахтро муваззаф мекунад, то барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону духтарон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бубаранд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин амр боз ҳам фаротар рафт ва баъди Наврӯз аз мақомоти маркази вилояти Суғд хост, то баргузории рейду санҷишҳо либосҳои, ба гуфтаи ӯ, бегона, аз ҷумла "эронӣ" ва "афғонӣ"-ро барои фурӯш дар бозорҳои минтақа роҳ надиҳанд.

XS
SM
MD
LG