Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои ҷамъият, на барои хонаам маблағ гирифтам"


Мақомдори Истаравшан барои порагирӣ ҳангоми гусели ҳаҷ муттаҳам мешавад.

Мақомот мегӯянд, ки Мӯсо Олимов, муовини раиси ҳукумат, ҳамзамон раҳбари коммунистҳои ноҳияи Истаравшан ҳангоми гирифтани 3,5 ҳазор сомонӣ ришва аз як хоҳишманди сафари ҳаҷ, аз ҷониби кормандони Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

Оҷонси мазкур, мегӯяд, дар паи ин ҳодиса, ки ахиран рӯй додааст, алайҳи айбдоршуда парвандаи ҷиноӣ мутобиқи банди 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – ришваситонии мақоми давлатии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Иттиҳом алайҳи Мӯсо Олимов бар пояи шикотяи Ҳомид Мӯминов, як соҳибкор маҳаллӣ эълон шуд.

Ришва набуд, хайрия буд

Худи Мӯсо Олимов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ин хабарро таъйид кард. Аммо вай ҳодисаи дастгир шуданаш аз ҷониби оҷонсиро каме дигаргуна шарҳ дод:

- Ман барои ҷамъият аз вай маблағ гирифтам, барои хонаам ё барои кисаам нагирифтам. Як соҳибкор наздам омада бисёр илтимос кард, ки ҳамин сол барои фиристодани ҳамсару фарзандаш ба ҳаҷ муосидат кунем. Мо гуфтем, ки навбатат дуртар аст. Аммо вай соҳибкор, ки барои ободии шаҳр бисёр хидмат карда буд, ба навбат даровардем. Вай гуфт, хоҳишамро иҷро кунед, ман ҳам барои ҳамин шаҳр чӣ хидмат бошад, мекунам гуфт. Гуфтем, ки барои маҷрӯҳони шаҳр 5 аробачаи маъюбӣ, ки дар бозор нархаш 3 ҳазору 500 сомонӣ аст, харида биёред. Вай гуфт, пули аробачаҳоро медиҳад, худамон харем.

Дар Тоҷикистон гусели шаҳрвандон ба маросими ҳаҷро шӯъбаҳои дин дар ҳукуматҳо бар ӯҳда доранд.

Ҷаноби Олимов дар бораи рабти фаъолияти вай ба ин масъала гуфт, вай ба ҳайси муовини раиси шаҳр фаъолияти мақомот дар самти динро назорат ва раҳбарӣ мекунад:

- Аз рӯи одамгарӣ ҳам гӯем, агар ҳозир кори як соҳибкорро буд накунед, вай ҳам ба ҳукумат ёрӣ намекунад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ман ба вай фаҳмондам, ки хидмати вай (барои бенавбат ба ҳаҷ фиристодани ҳамсару фарзандаш) ҳамин мешавад, ки рӯзи маҷрӯҳон, 8-уми июн ба маъюбон 5 аробача тӯҳфа кунад.

Вай афзуд, маъюбони мӯҳтоҷ ба аробача дар Истаравшан зиёданд, танҳо ба шумури идораи шуғли аҳолии маҳал 41 нафар барои гирифтани аробачаи маъюбӣ навбат мепоянд.

«Ҳар кӣ пора диҳад, ҳаҷҷаш қабул не»

Вале Ҳомид Мӯъминов, соҳибкори истаравшанӣ, ки аз рӯи даъвои вай муовини расиси ҳукумат дар порагирӣ муттаҳам мешавад, мегӯяд:

- Барои ҳаҷ фиристодан аз ҳукумат пора талаб мекунанд. Бародар, худ як фикр кунед, барои зиёрати хонаи худо пора гирифтан ин ҳеҷ кори раво не. Мисол, дар як намози ҷумъа имом-хатиб кушоду равшан гуфт, ки ҳар кӣ пора диҳад, ҳаҷҷаш қабул нест, он кас ки барои ба ҳаҷ фиристодан пора мегирад, хонааш месӯзад. Баъди шунидани ин гап бисёр фикр карда, ба хулосае омадам, ки ба идораи коррупсия муроҷиат кунам. Аз рӯйи одамгарию «мӯъмин - бародари мӯъмин», аз ин зиёдтар гуфтан наметонам, худатон хулоса бароред.
Пора, аммо зери ниқоби «хайрия»?


Аммо на ҳама қабул доранд, ки ҷонишини раиси Истаравшан маблағи соибкорро барои худ неву барои «манфиати ҳукумату ҷомеа» мехост бигирад. Баҳодур Восидов, раҳбари созмони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Истаравшан мегӯяд:

- Зери ниқоби ҳамин гуфтаҳо аз мардум маблағ мегиранд, бо роҳи тамаъ. Аз чунин кору рафтори ҳамин шахс (Олимов) гуфтугӯҳою шикоятҳо бисёр буд, ман он касро чанд маротиба огоҳ карда будам.

Ба гуфтаи мусоҳибам, гусели шаҳрвандон ба маросими ҳаҷ дар Тоҷикистон аз рӯи муқаррарот ва навбат анҷом мегирад. Вале адои корҳои «хайриявӣ» ҷузви он муқаррарот буда наметавонад.

Коммунистҳои имрӯзаи тоҷик ва ислому ҳаҷ …

Талоши як раҳбари ҳизби коммунистӣ, ки барномааш бар пояи ақидаи коммунизму динситезӣ асос ёфтаст, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон як амали фавқулодда нест. Сохторҳои давлатии Тоҷикистон имрӯз тақрибан ҳамон сохторҳои давраи шӯравӣ ҳастанд ва коммунистҳои тоҷик ҳам ба ҳукми аксар, вале бархе бо ивази билетҳои сурхи коммунистии худ ба билети ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ ва бархе ангуштшумор ҳам бо ҳамон ҳизбияти собиқи худ дар мақомоти давлатӣ ҳузур доранд. Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ дар умури аҳзоби сиёсӣ мегӯяд:

- Коммунистҳои имрӯзаи тоҷик ҷомаи нав ба бар кардаанд. Онҳо дини исломро эътироф мекунанд, дар қатори намозхонҳо намоз мегузоранд, рӯза мегиранд, ба ҳаҷ мераванд. Аммо аксари кулли онҳо ҳамоно ба дин бетафовут ҳастанд ва дар дил орзуи эҳёи шӯравиро мепарваранд. Аммо аз он ки ин ақидаи онҳо ба Сарқонун ва ормонҳои халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол созгор нест, пардапӯшона худро ҷонибдори иттиҳоди халқҳои собиқи шӯравӣ вонамуд мекунанд.

Олимов инсони хайрхоҳ аст

Барно Ашрафова, муовини раиси созмони ҳизби коммунистӣ, ҳамзамон мудири бахши идеологии ҳукумати шаҳри Истаравшан мегӯяд, ин дар давраи шӯравӣ ҳизби коммунистӣ динситезиро тарғиб мекард, вале ҳоло алайҳи дин мубориза намебарад. Вай дар бораи боздошти раҳбари ҳизби худ ба гумони ришвагирӣ барои гусели бенавбат ба ҳаҷ гуфт, вай на ба ҳайси раҳбари созмони як ҳизби сиёсӣ, балки чун вазифадори давлатӣ боздошт шудааст.

Хонум Ашрафова Мӯсо Олимовро шахси хайрхоҳе ном бурд, ки зимни адои вазифаи давлатӣ ёриву мадади аз дасташ меомадаро аз сокинон дареғ намедошт.

Дар ҳоли кунунӣ Мӯсо Олимов, биноба вакили маҷлиси шаҳри Истаравшан (аз ҳизби коммунист) дар озодӣ ба сар мебарад.

Вале Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, ба маҷлиси шаҳри Истаравшан дар бораи маҳрум кардани Олимов аз ҳаққи дахлнопазирии вакилӣ дархост ироа кардааст, ки дар ҳоли раъйдиҳии вакилон барои боздошти вай замони тафтиши парванда роҳро боз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG