Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришвагирии раҳбари коммунист барои сафари ҳаҷ


Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод раҳбари коммунистҳои шаҳри Истаравшанро ба гумони ришваситонӣ боздошт кард.

Муовини раиси ҳукумат ва раҳбари коммунистҳои ноҳияи Истаравшан,Мусо Олимов, бо гумони гирифтани 3.5 ҳазор сомонӣ ришва, барои мусоидат ба сафари бенавбати як сокини вилояти Суғд, ба ҳаҷ аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилоят боздошт шудааст.

Ба маълумоти манбаъ, Оҷонсии мазкур алайҳи номбурда ахиран парвандаи ҷиноӣ мутобиқ ба банди 319-и, қисми 3 – и Қонуни кайфарии Тоҷикистон – «гирифтани пора аз ҷониби мансабдори давлатӣ» боз кардааст.

Вале бинобар вакили маҷлиси шаҳри Истаравшан ба ҳайси намоянда аз ҳизби коммунист будани Мусо Олимов, ӯ ҳоли ҳозир дар озодӣ қарор дорад. Аммо намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ба «Озодӣ» гуфт, ба маҷлиси Истаравшан дар бораи маҳрум кардани Олимов аз ҳаққи дахлнопазирии вакилӣ алакай дархост ироа шудааст.

Гуфтанист, дар авоили моҳи май Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як фатво додани ришва барои зиёрати Ҳаҷро "ҳаром" донист. Атовулло Қосимов, як масъули ин ниҳод гуфт, раёсати фатвои Шӯрои уламо ахиран дар пайи муроҷиатҳои чандинкаратаи мардум фатво содир кард, ки додани ришва, чӣ дар корҳои дунявӣ ва чӣ динӣ хилофи дини Ислом аст.

Ӯ афзуд, мардум бештар дар бораи ин суол кардаанд, ки оё додани ришват ҳангоми омодагӣ ба Ҳаҷ дуруст аст ва рёсати фатво ҳам посух гуфтааст, ки додани ришват дар ҳама ҳолат дуруст нест, ҳаром аст.

Фатвои Шӯрои уламо дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон ба шумор меояд ва мубориза бо ришват аз дастурҳои кори ҳукумати ин кишвар аст. Илова бар ин, дар чанд соли ахир мавзӯи додани ришва барои рафтан ба Ҳаҷ низ дар Тоҷикистон матраҳ аст.

Соли гузашта Истадмурод Акрамов -- намояндаи собиқи Омбудсмени тоҷик дар Хуҷанд бо нашри матлабе дар расонаҳо аз фасоду ришва дар масъалаи гусели зоирони тоҷик ба Ҳаҷ хабар дод. Пас аз он дар моҳи феврали соли ҷорӣ додситонии вилояти Суғд ба тафтиши вуҷуди фасоду ришвахорӣ миёни масъулони сафарбарӣ ба маросими Ҳаҷ-2011 оғоз кард.

Дар оғози солҳои 2000-ум, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими сафари Ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон ба вуҷуд оварда буданд.

Дар маросими имсолаи Ҳаҷ аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар ба зиёрати маконҳои муқаддаси мусалмонон мушарраф хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки қаблан дар як сол 5 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи зиёрати "хонаи Худо"-ро доштанд.

Тибқи иттллои шӯъбаи ҳаҷи Кумитаи дини Тоҷикистон нархи имсолаи сафари ҳаҷ 3 ҳазору 629 доллар муқаррар шудааст, ки назар ба соли гузашта яксаду ҳаштод доллар бештар мебошад.

Довталабони зиёрати "хонаи Худо" аз Тоҷикистон сол то сол бештар мешавад ва ба ин далел мақомоти ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз эҷоди мушкил феҳристи афроди хоҳишмандро тартиб дода ва барои онҳо навбат муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG