Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби Тоҷикистон кай бо нафт баробар мешавад?


Кӯли Сарез
Кӯли Сарез

Даҳсолаи нави байнулмилалии об, ба ақидаи коршиносон, замоне натиҷа хоҳад дод, ки вазифаҳои он аз сатҳи шиору ормон ба дараҷаи тарҳу барномаҳои мушаххас расонда шаванд.

Анҷуман байнулмилалии об дар ҳоле дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо вуҷуди захираҳои бузурги обаш аҳолии ин кишвар ба камбуди оби ошомиданӣ рӯбарӯст ва ҳам барномаҳои содир кардани оби Тоҷикистон ба хориҷ аз сатҳи идея ва тарҳҳои тахминӣ фаротар нарафтааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 9 июн дар ин ҳамоиш гуфт, ҳарчанд 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, аҳолии кишвар ҳар сол то 6 моҳ бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯст. Ҳамчунин дар анҷуман зикр шуд, ки 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надорад. Барои намуна, агар захираҳои обҳои зеризаминии Тоҷикистон қариб 7 километри мукааб дар солро ташкил диҳанд, ҳамагӣ 2,5 километри мукааби ин об истифода мешавад.

Дар қаламрави Тоҷикистон 80 дарсади оби Омӯ ва 1 дарсади Сирдарё ҷорӣ шуда, оби кӯл ва обанборҳо зиёда аз 15 километри мукаабро ташкил медиҳанд. Бахши асосии ин ҳама об аз 85 то 90 дарсад барои кишоварзӣ, 2-3 дарсад барои нӯшидан, 2-3 дарсад барои саноат ва то 2 дарсад барои моҳипарварӣ истифода мешавад.

Ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштани як бахши умдаи аҳолии кишвар ва фурӯши об ба хориҷ ба набудани тарҳҳои воқеӣ, сармоя, шабакаҳои муосири обрасонӣ ва куллан зербинои ҷамъоварӣ ва интиқоли об бастагӣ дорад. Аммо аз сӯи дигар фурӯши об ба кишварҳои хориҷӣ метавонад, ба Тоҷикистон даромаде биёрад, ки бо он кишвар метавонад шабакаҳои оби худро навсозӣ кунад ва густариш диҳад.

Бори аввал шиори "об ҳамчун мол"-ро ҳукумати Қирғизистон дар оғози солҳои 2000-ум ба миён гузошта буд, вале он кишварҳои минтақа, ки захираҳои бузурги нафту газ доранд, аз ин пешниҳод ҳимоят накарданд. Тоҷикистон сар аз соли 2007 дар фикри фурӯши обҳои мусаффояш ба хориҷи кишвар афтод. Он замон ҳангоми сафараш ба Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти вақти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод санадеро барои содироти оби кӯли Сарез, ки дар натиҷаи заминларза ба миён омада, наздик ба 17 километри мукааб об дорад, имзо карданд.

Бино бар он нахуст мебоист як роҳи мошингарде байни ду кишвар ба воситаи Афғонистон сохта мешуд ва дар канори он хатти интиқоли нерӯи барқ ва ҳам лӯлаи нафту об бунёд мегашт. Дар ин бора сарони се кишвар 26-уми марти соли 2012 созишнома имзо карданд. Вале тарҳ ҳамоно муаллақ мондааст. Сохтани лӯлаи обе ба дарозои 600 километр аз Бадахшони Тоҷикистон то Хуросони Эрон ба ақидаи Хоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод ва корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон, иҷронашаванда ба назар мерасад. Вай мегӯяд: “Дар мавриди интиқоли оби Сарез ба Эрон ягон лоиҳаи илман асоснок вуҷуд надорад. Ин танҳо пешниҳоди Тоҷикистон буд, ки мутаассифона, асоси мустаҳками илмӣ надошт. Лоиҳа ҳамон вақт пайдо мешавад, ки агар заминаҳои илмиву техникӣ ва молиявии он таҳия шуда бошад.”

Умаров афзуд, чун тарҳи мушахааси интиқоли оби Сарез ба Эрон ва длигар кившарҳо таҳия нашдуааст, то ба ҳол маълум нест, ки ин тарҳ то куҷо аз ҷиҳати молиявӣ муфид хоҳад буд. Чун ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо кули ландшафти роҳ то кули Сарез баландкуҳу душворгузар аст ва сохтмони қубур ва ё ҳар гуна роҳу комуникатсия дигар то ба он душвору пурхарҷ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, бархе аз кишварҳои сарватманди араб низ ба ин тарҳ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Пешниҳоди бо роҳи ҳавоӣ ба Саудия интиқол додани оби Сарез низ ҷиддан баррасӣ нашудааст, зеро арзиши ниҳоии чунин об барои муштарӣ ғайри қобили қабул мешуд.

Пас, ҳамоиши байнулмилалии "сатҳи баланд" дар Душанбе ба ҳалли ин мушкилоти Тоҷикистон кӯмаке хоҳад кард? Посухи Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик ба ин пурсиш манфист. Вай мегӯяд, набояд аз ин конфронс ҳалли мушкилоти тақсим ва истифодаи обҳои Тоҷикистон ё минтақаро интизор шуд: “Албатта, дар ин нишаст баъзе гуфтушунидҳо дар ин масоили басҳнок сурат мегирад. Аммо дар маҷмӯъ аз ин нишаст набояд ҳалли ин мушкилотро интизор шуд. Чунки масъалаи истифодаи об дар минтақаи мо хеле печидааст ва он гуфтугӯи фаротар аз ин гуна корфронсҳоро дар назар дорад.”

Аммо ба таъкиди ин таҳлилгари тоҷик, мизбонии чунин конфронс дар Душанбе боис хоҳад шуд, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҳатто кишварҳо назару мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли масоили об дар оянда бештар ба инобат хоҳанд гирифт.

“Мавзӯи об ва мушкилоти дастрасӣ ба он дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмиллалӣ қарор дорад. Бино бар ин дар Тоҷикистон баргузор шудани ин чорабинӣ низ номи кишварро вирди забонҳо мекунад. Ҳамчунин Тоҷикистон, ки дар саргаҳи ташаккули обҳои минтақа қарор дорад, имконияти хубе барои муаррифӣ ва баёни мавқеяш дар ҳалли масоили обро дорад,” -- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Ба ҳар тартиб дар ҳамоиши Душанбе аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки боз як Даҳаи об барои рушди устувор эълон шавад. Нахустин даҳсолаи "Об барои ҳаёт" бо пешниҳоди Тоҷикистон аз соли 2005 то 2015 идома кард ва бино бар ишораи бисёре аз сухангӯёни конфаронси Душанбе, ин даҳа шумори хеле каме аз мушкилоти оби ҷаҳонро ҳал кард. Онҳо гуфтанд, як даҳсолаи дигар ба ҳалли бештару амиқтари мушкил роҳ хоҳад кушод. Вале ба шарте ки вазифаҳои даҳаи нав на танҳо аз шиору ормон, балки тарҳу барномаҳоои мушаххас иборат гардад.

XS
SM
MD
LG