Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи бошгоҳҳои "камбағал" ба Лигаи олӣ баста шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаҳои лигаи олӣ дар буҷаи худ ҳадди ақал бояд якуним миллион сомонӣ дошта бошанд. Ин нукта дар ҷаласаи ФФТ таъкид гардид.

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як ҷаласаи васеъ мавсими имсола натиҷагирӣ ва нақшаҳои соли оянда баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 11-уми декабр баргузор шудааст, роҳбарону мураббиёни бошгоҳҳои лигаи олӣ ва намояндагони дастаҳои лигаи аввал, ки ба лигаи олӣ роҳхат гирифтаанд, ширкат доштаанд.

Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, зимни суханрониаш дар ин ҷаласа таъкид намудааст, ки мувофиқи талаботи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳамаи бошгоҳҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти соли 2013-ум бояд муҷаввиз (литсензия) дошта бошанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ, ягон даста ба мусобиқаи қаҳрамонии кишвар роҳ дода намешавад.

Ҷаноби Турсунов илова кард, ки “меъёрҳои асосӣ барои бошгоҳҳо қарздор набудан ва доштани зерсохтори мувофиқ мебошад. Ба ҷуз ин дастаҳои лигаи олӣ дар буҷаи худ ҳадди ақал бояд якуним миллион сомонӣ дошта бошанд.Чунон ки таҷриба нишон дод, ин роҳи таъсирбахш дар мубориза бо худсариҳо дар бошгоҳҳо мебошад.”

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти ФФТ, иттилоъ дод, ки мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими соли 2013-ум дар назар аст, ки 6-уми апрел шурӯъ шуда, дар ду давра барпо гардад. Вале ҳоло шумораи дастаҳои ширкаткунанда маълум нест.

ФФТ тасмим гирифт, ки дар мавсими соли оянда дар бозиҳои Лигаи олӣ ба ҷуз нозир, инчунин, комиссарони бозиҳо таъин мешаванд, ки вазифаашон масоили ташкилу баргузории бозиҳо мебошад.

Маблағи иштирок дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон-2013 барои бошгоҳҳо 40 ҳазор сомонӣ мебошад. Ҳамчунин бошгоҳҳои лигаи олӣ бояд ба хазинаи ФФТ ҳамчун депозит 10 ҳазор сомонӣ (аз ин маблағ муҷозоти бошгоҳҳо пардохта мешавад) гузаронанд.

Ба ғайр аз ин аз мавсими соли оянда ҳаққи заҳмати доваронро худи бошгоҳҳо мепардозанд. Ҳаққи маблағи ҳаққи заҳмати сардовар 500 сомонӣ, ёварони сардовар – ҳар кадом 300 сомонӣ, довари эҳтиётӣ – 150 сомонӣ, нозири доварон ва комиссари бозӣ – ҳар кадом 400 сомонӣ мебошад.

Мӯҳлати охирини пардохти маблағ барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар-2013 рӯзи 1-уми март мебошад. Бошгоҳҳои лигаи олӣ метавонанд ба дархости дастаҳо барои мавсими 2013-ум 8 легионерро пешниҳод кунанд, вале дар майдон дар як вақт ба 5 футболбози хориҷӣ иҷозат дода мешавад.
XS
SM
MD
LG