Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Борон дар Маскав, чатркушоӣ дар Душанбе


Мардикорони дохилӣ

Мардикорони дохилӣ

Вобастагии Тоҷикистон аз Русияро як масали сиёсӣ возеҳ тасвир мекунад, ки "агар дар Маскав борон борад, мардум дар Душанбе чатр боз мекунанд".

Ахиран Илҳом Абдуллоев докторанти донишгоҳи Ратгерси Нюҷерсии Амрико дар заминаи як пажӯҳиш «Дар бораи таъсири Русия ба сатҳи маош дар Тоҷикистон» маълум кардааст, ки болоравии маош дар ин кишвар ба Тоҷикистон ҳам таъсир доштааст.

Дар хулосаи пажӯҳиши ин донишманди тоҷик, ки дар нашрияи илмии Донишгоҳи Ратгерс нашр шудааст омадааст, ки агар маош дар Русия як дарсад боло равад, дар Тоҷикистон низ маош ба қадри 0,8 дарсад боло меравад.





Ҷаноби Абдуллоев менависад, ки Русия кишвари асосоии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва бинобар ин, кордиҳандагони Тоҷикистону Русия дар киро кардани қувваи корӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Яъне, кордиҳандаи Тоҷикистон низ дар пайи боло рафтани сатҳи маош дар Русия маҷбур аст ҳаққи заҳмати коргарони хешро боло бубаранд, то ки онҳо роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш нагиранд.

Илҳом Абдуллоев

Илҳом Абдуллоев

Чун бахши аъзами муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба кор дар арсаи сохтмон машғул ҳастанд, дар Тоҷикистон низ фирори қувваи кориро бештар ширкатҳои сохтмонӣ эҳсос мекунанд. Ҳамакнун ширкатҳои сохтмонӣ баҳри нигоҳ доштани кормандонашон аз муҳоҷират ба Русия маҷбур шудаанд маоши онҳоро боло баранд.

Масъули яке аз ширкати сохтмонӣ дар Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар робита ба таъсири муҳоҷират ба сатҳи маоши кормандони ширкат гуфт, маошеро, ки ширкатҳои сохтмонӣ панҷ соли пеш ба коргар медоданд, бо он чӣ имрӯз медиҳанд қобили қиёс нест. "Имрӯз касе бо он маош кор намекунад."

Ин манбаъ, дар мавриди чанд дарсад боло рафтани маоши кормандони ширкаташон дар як соли ахир маълумот надод, аммо таъкид кард, ки ҳоло нигаҳ доштани як усто, ё сохтмончии бомаҳорат коре саҳле нест, чунки ҳеҷ кас бо маоши паст кор кардан намехоҳад ва аксарият роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш мегиранд.

Омили муҳоҷират ба болоравии даромади қишрҳои осебпазири аҳолӣ низ таъсир кардааст. Гаштугузор ва сӯҳбатҳои мо бо мардикорон дар бархе аз нуқтаҳои Душанбе гувоҳи ин аст, ки онҳо низ солҳои ахир маоши бештар ба даст меоранд.

Умрулло Шамсиев яке аз мардикрони маҳаллаи 82-юми пойтахт дар сӯҳбат бо мо гуфт, панҷ сол мешавад зиндагиашро аз ҳисоби заҳмати мардикорӣ дар Душанбе ва атрофи он пеш мебарад: «Масалан, чанд сол пеш чидани як метрии мурабаъи кафел 20- 25 сомонӣ буд. Ҳоло бошад дар баъзе ҷойҳо барои чидани як метрии мурабаъи кафел то сад сомонӣ медиҳанд». Умрулло мегӯяд, ки дар баробари болравии ҳаққи заҳмати як мардикор нархи маҳсулоти хӯрока ва либос ҳам босуръат боло меравад, ки "боз ҳам "ду понздаҳ як сӣ мешавад", бо лабханд мегӯяд Умрулло. .

Бояд гуфт, ки байни маоши корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ фарқ хело бузург аст. Ширкатҳои хусусӣ ба коргар пули бештар медиҳанд, бинобар ин, аксарият на корхонаҳои давлатӣ, балки ширкатҳои хусусиро интихоб мекунанд. Ҳоло дар хазинаи ҷойҳои кори холии Оҷенсии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор ҷои кор мавҷуд аст. Аммо азбаски маоши ҷойҳои кории холӣ на бештар аз 500 сомонӣ муайян шудааст, тақрибан касе ба онҳо таваҷҷуҳ намекунад.
XS
SM
MD
LG