Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чак задани дипломати эронӣ бо хонуми олмонӣ барояш дарди сар эҷод кард


Дар гӯшаи поёнии рост Клаудия Рос ҳангоми саломи "панҷа ба боло" бо сафири Эрон дар Олмон Ризошайх Аттор.

Дар гӯшаи поёнии рост Клаудия Рос ҳангоми саломи "панҷа ба боло" бо сафири Эрон дар Олмон Ризошайх Аттор.

На танҳо ӯ, балки зани олмоние, ки ба саломаш посух дод, зери тозиёнаи танқид қарор гирифтааст.

Барои дипломатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон қоидаҳои муайяни рафтор мавҷуд аст, ки дар миёни онҳо дастоишорӣ накардан бо занон ҳангоми мулоқоти расмӣ аҳамияти хос дорад. Ба ин сабаб саломи “high five” – “панҷа ба боло”, яъне чак задани як дипломати эронӣ бо сиёсатмадори олмонӣ дар ҳошияи конфронси бонуфузи амниятӣ дар Мюнхен, ки тасодуфан ба навори видео афтодааст, барои ӯ мушкилот пеш овард.

Сафири Эрон дар Олмон Ризошайх Аттор каф ба кафи раиси Ҳизби сабзҳои Олмон Клаудия Рос зад ва ин видео дар кӯтоҳтарин фурсат интернетро аз худ пур кард.

Матбуоти Олмон онро ба таври густарда мунташир сохт ва дар “high five”-и дипломати эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳои эрониён баҳсу танқидҳоро ба миён овард.

Росро барои он танқид мекунанд, ки ба чунин шеваи болохонадор аз давлатмарди эроние истиқбол кардааст, ки аз поймолкунандагони ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Рӯзномаи “Билд” ба ин муносибат Росро “Нокоми рӯз” эълон кард.


Сухангӯи Ҳизби сабзҳои Олмон ин тақидҳоро кам гирифт ва гуфт, Рос ҳамеша аз ҳуқуқи инсон дар Эрон дифоъ кардааст ва чунин саломи ӯ бо дипломат барои он рӯй дод, ки онҳо ҳамдигарро солҳо боз мешиносанд.

Аттор, ба навбати худ, шарҳ дод, ки ҳарчанд ӯ ташаббускори салом буд, дасташ ба дасти Рос нарасидааст. Дар Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳамдигар даст расондани марду зане, ки хешу табор нестанд, мамнӯъст ва Аттор низ ҳамчун дипломат ҳақ надорад, дасти занеро бифишорад.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории муҳофизакори “Форс”, Аттор гуфт, вай фақат ба нишони салом ва эҳтиром тарафи Рос даст бардошта буд, аммо фосилаи байни онҳо наздик буд. Аттор рӯзномаи “Билд”-ро ҳомии “саҳюнистҳо” ва Созмони Муҷоҳидини Халқ номид, аз тарафи Ҷумҳурии Исломӣ ташаккули террористӣ ба шумор меравад. Дипломати эронӣ афзуд, ҳарчанд Ҳизби сабзҳои Олмон ва Ҷумҳурии Исломӣ дар баъзе масъалаҳо, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, ихтилофи назар доранд, ҳарду хатари Созмони Муҷоҳидини Халқро эътироф мекунанд. “Биноан, ҳоло ин созмон талош дорад, ба Рос фишор оварад,” – афзуд Аттор.

Аттор ҳамчунин гуфт, матлабе навишта, дар он иттиҳомоти инро, ки садҳо тан аз фаъолони курд замони раёсати ӯ дар вилояти Курдистон бо дастури ӯ ба қатл расидаанд, рад мекунад. Вай илова кард, ки матлаб ҳанӯз мунташир нашудааст.

Парҳез аз даст додан ба раҳбарони ҷаҳоние, ки зан ҳастанд ҳамеша барои сиёсатмадорон ва дипломатҳои эронӣ як мушкили умда будааст. Аксаран онҳо ба ҷои дастфишорӣ нимтаъзим мекунанд. Дар сафари ахираш ба Миср, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, аз як зан ба шеваи ҳиндӣ салом мекард, яъне ҳарду кафашро ба ҳам фишурда буд.

Киноядор аст, ки ҳарчанд дастфишории марду зан дар мазҳари ом дар Эрон манъ аст, нерӯҳои амниятӣ дар бархӯрд бо занони тазоҳуркунанда беибоянд. Наворҳое дар YouTube рӯ задаанд, ки нишон медиҳанд, ки маъмурони амниятӣ занонро дар намоишҳои эътирозии пасоинтихоботии Эрон дар соли 2009 бо дасту по ва калтакҳо мезаданд.



Занон ҳамчунин аз тарафи полиси ахлоқ дар ҷараёни саркӯби онҳое, ки ҳиҷобро дуруст напӯшидаанд, мавриди бадрафтории ҷисмонӣ қарор мегиранд, ки гуфта мешавад, ҳадафаш ҳифзи арзишҳои Исломист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG