Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як масъули Додгоҳии олии Тоҷикистон иддаоҳо дар бораи гӯё шиканҷа шудани аъзои дастгиршудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳро бепоя хондааст.

Як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки дар мурофиаи парвандаҳои марбут ба аъзои ҲНИТ ширкат дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомот дар бораи гӯё шиканҷа шудани аъзои ҲНИТ дар боздоштгоҳи муваққатӣ асос надорад.

Ин додрас, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, ҷараёни баррасии парвандаи 13 нафар аъзои ин ҳизб аз тарафи раҳбарони аввали мақомоти амниятии кишвар таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад ва ба ҳеҷ сурат онҳо мавриди зӯроварӣ ва ё шиканҷа қарор нахоҳанд гирифт.

Ин додраси Додгоҳи олӣ мегӯяд, мурофиа идома дорад, гумонбарон ба толори додгоҳ оварда мешаванд ва адвокатҳо дар инҷо ҳузур доранд, аз рӯи тақозои додгоҳ наздиконашон ҳам ҳамчун шоҳид ширкат мекунанд ва "агар чунин рафтор ва ё осори шиканҷа мебуд, маълум мешуд".

Ин масъули Додгоҳи олӣ аз ҷумла иддаоҳо дар мавриди шиканҷаи узви ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллодаро рад кард. Ин посухи додрас ба изҳороти рӯзи 7 марти созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ буд, ки бо пахши як баёнияе аз шиканҷа шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сармуҳаррири пешини рӯзномаи "Наҷот"--и ҲНИТ нигаронӣ кардааст.

Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки ҳар навъ шиканҷа ва дигар таҳдидҳо барои хомӯш кардани садои мухолифон, нақзи ҳуқуқҳои асосии башарӣ мебошад. Роберт Ҳерман, муовини раиси ин созмон дар умури байналмилаӣ аз мақомоти тоҷик хостааст, ки шароитро барои баргузории мурофиаи шаффоф ва бози аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ фароҳам кунанд.

Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода эҳтимоли шиканҷа шудани шавҳарашро рад кард ва гуфт, ки медонад, ҳамсараш бемор аст ва ба боздоштгоҳ пайваста доруи дарди дилу сар ва меъда мебарад. Ҳамсари Сайфуллозода гуфт, ки аз вазъи саломатии шавҳараш нигарон аст.

Ҳамсари Муҳаммадалии Ҳайит низ ба Радиои Озодӣ гуфт, се маротиба бо шавҳараш мулоқот кардааст ва шикояте аз шиканҷаву латту куб ва ё зуроварӣ аз забони вай нашунидааст. “Чаро дурӯғ гӯям, дар боздоштгоҳ ба вай ҳеҷ гуна шиканҷа нашудааст, фақат дар вақти боздошташ ӯро кашокаш карданд, дигар дар бораи латту кӯб чизе нашунидаам”.

Мурофиаи 13 узви раёсати ҲНИТ дар Душанбе рӯзи 9-уми феврал пушти дарҳои баста оғоз шуд. Гумонбарон - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар ташкили ошӯбҳои мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябри соли 2015 айбдор карда гуфтанд, ки бо ҳадафи бесубот кардани вазъи кишвар ин ҳизб ошӯби мусаллаҳонаи муовини собиқи вазорати дифои Тоҷикистонро маблағгузорӣ кардааст. Худи боздоштшудаҳо ин иттиҳомро бепояву асос хонда рад кардаанд.

Ҳафтаи гузашта барои аввалин бор баъди шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ боздоштшудаҳо ҳақ пайдо карданд, ки бо наздиконашон дар пушти панҷара мулоқот кунанд. Дар пайи ин мулоқот, хешовандони баъзе аз гумонбарон гуфтанд, ки ҳеҷ шикояте дар бораи шароити нигаҳдорӣ ва ё вазъи саломатии азизонашон нашуниданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG