Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия аз боздошти зану шавҳар – ҳарду зодагони Тоҷикистон, ки дар вилояти Челябинск ба фурӯши ҳероин аз тариқи Интернет машғул будаанд, ва ба “спецприемник” супурдани 4 фарзанди хурдсоли онҳо хабар доданд.

Маъмурони ФСКН – Хадамоти федеролии назорати мухаддири Русия – дар вилояти Челябинск мегӯянд, зану шавҳареро дастгир кардаанд, ки дар ҳудуди ин вилоят ба фурӯши ҳероин машғул буданд ва барои равнақи ин “тиҷорат”-ашон аз фанновариҳои навин, аз ҷумла аз Интернет ва кортҳои бонкӣ истифода мекарданд.

Бино ба гузориши рӯзи 26 май нашршуда дар сомонаи расмии бахши вилоятии ФСКН, марди ин хонавода 36 сол ва ҳамсари ӯ 33 сол дошта, ҳарду зодагони Тоҷикистонанд. Исми онҳо оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ин хонавода 4 фарзанди хурдсол дорад, ки хурдиаш ҳамагӣ 8-моҳа будааст ва баъди боздошти волидон ин 4 кӯдакро ба муассисаи махсуси кӯдакон (“спецприемник”) супурдаанд.

Ба ин далел, дар ин сомона гузориш дар бораи боздошти ин зану шавҳар “Зиндаятимон” номгузорӣ шудааст. Бо ишора ба ин ки ҳарду акнун бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ва тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум хоҳанд шуд ва фарзандони онҳо бесаробон хоҳанд монд.

Бино ба ин гузориш, ин марди тоҷикистонӣ бо вуҷуди доштани хонаводаи бузург ва ба даст овардани ҳаққи иқомат дар Русия дар ягон ҷо кор намекард, вале зиндагии шоҳонаеро пеш мебурд: “Ӯ кӯшиш мекард, ки худашу кӯдаконаш ягон камбуд надошта бошанд: на дар масъалаи хӯрду хӯрок ва на дар масъалаи либос. Зану шавҳар дар манзили иҷора менишастанд, ки ҳаққи баландашро бекамукост ва саривақт месупурданд.”

Тафтишот бар ин аст, ки марди хонавода як масири интиқоли маводи мухаддир ба Челябинскро созмон дода буд ва ҳамсараш ба ӯ дар омехта кардани ҳероин бо маводи дигар ба хотири зиёд кардани вазнаш ва баста кардани он ба партияҳои хурдтари аз 50 то 100-граммӣ ёрӣ медод. Аммо гуфта мешавад, сабаби чунин дер давом кардани “тиҷорат”-и ин хонавода ва то ҳол наафтоданашон ба дасти мақомот ин буда, ки онҳо дар ҷустуҷӯи харидор ва ба фурӯш задани маводи мухаддир ба таври фаровон аз фанновариҳои навин, аз ҷумла аз Интернет, истифода мекарданд:

“Онҳо маводи мухаддирро аз тариқи махфигоҳҳо ва шабакаҳои пардохти электронӣ мефурӯхтанд. Харидоронро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо истифода аз имконоти шабакаи саросарии Интернет пайдо мекарданд. Ба сабаби истифодаи ин низоми бидуни тамос дар амри фурӯши ҳероин, пулиси зидди маводи мухаддир ин хонаводаи ҷинояткорро зуд ошкор карда натавонист.”

Боздошти ин зану шавҳар, бино ба гузориши бахши вилоятии ФСКН, дар пайи дастгир шудани як идда аз харидорони умда муяссар шудааст. Гуфта мешавад, амалиёти онҳо бо эҳтиёти тамом сурат гирифт ва ба фарзандонаш дар ҷараёни амалиёт осебе нарасид. Ҳангоми боздошт маъмурони ФСКН аз манзили иҷораи ин ду зодаи Тоҷикистон дар 7 бастаи барои фурӯш омодашуда беш аз 600 грамм ҳероинро ошкор ва мусодира кардаанд.

Дар сомонаи ФСКН бидуни овардани кадом номе ба иртиботи қочоқбари дастгиршуда бо бархе раҳбарони мақомоти интизомии вилояти Челябинск ҳам ишора шудааст: “Ҳайратовар он буд, ки ин мард билофосила баъди боздошташ, маъмурони пулиси зидди маводи мухаддирро бо робитаҳои худ дар миёни раҳбарони мӯҳтарами мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа тарсонд. Ӯ бовар дошт, ки номҳои овардааш пулиси зидди маводи мухаддирро метарсонад ва онҳо иҷозат медиҳанд, ки ҷинояткорро озод кунанд.”

Ҳоло ҳарду зану шавҳар дар боздошт ва 4 фарзанди онҳо дар муассисаи махсуси кӯдакон қарор доштаанд.Сомонаи ФСКН дар поёни гузоришаш менависад, “шояд ин кӯдакон волидони худро 20 соли дигар набинанд, чунки ба ин зану шавҳар барои фурӯши маводи мухаддир чунин ҳукми тӯлонӣ таҳдид мекунад.”

Исломуддин Раҷабов, раиси “Сомониён”, ҷамъияти тоҷикони вилояти Челябинск рӯзи 26 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти ин зану шавҳарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, даст ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир задани шаҳрвандони тоҷикро “як бадбахтии миллати мо” унвон кард, ки “бори шармандагиашро тамоми мардум мекашад. Бахусус дар Русия.”

Аммо Исломуддин Раҷабов афзуд, тамоми талошашро хоҳад кард, то хешовандони ин 4 кӯдаки бесаробонмондаро пайдо кунад ва бо таъмини онҳо бо вакили мудофеъ иҷозати ба Тоҷикистон фиристодани кӯдаконро ба даст биорад: “Ман аллакай бо раҳбарони ФСКН-и вилояти Челябинск тамос гирифтам. Онҳо ваъда доданд, ки дар масъалаи кӯдакони ин хонавода кӯмак хоҳанд расонд. Падару модараш гуноҳ карда бошанд, худашон ҷавоб бояд диҳанд. Аммо кӯдакон айбдор нестанд-ку. Мо тамоми корро мекунем, ки онҳоро ба Ватан баргардонем. Онҳо гуноҳ надоранд ва набояд инҷо хорузор шаванд.”

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як манбаи асосии тавлиди ҳероин ва афюни дунё - 1370 километр марзи мустақим дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддир ба Қазоқистону Русия табдил ёфтааст. Ҳарсол даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир ва маҳкум ба зиндон мешаванд. Аммо ин барои бори аввал аст, ки зодагони Тоҷикистон дар Русия ба истифода аз фанновариҳои навин, аз ҷумла аз Интернет, барои таъмини “бозор”-и фурӯши маводи мухаддир айбдор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG