Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраҳои шинохтаи ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон куҷо шуданд? Чаро имрӯз аз онҳо кам касе ёд мекунад? Ин матлаби Озодӣ соли 2012 таҳия шудааст.

27-уми июни соли 1997, Созишномаи сулҳи Тоҷикистон ба ҷанги ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифон хотима гузошт. Ҷанги панҷсолаи Тоҷикистон як селаи шахсиятҳоро аз ҳарду тараф ба мадди аввал овард ва ангуштнамо кард, ки бархе дар синни хеле ҷавон ва ҷое нохонда ба рутбаҳои баланди сарҳангиву ҳатто генералӣ расиданд, фармондеҳии воҳидҳои муҳими низомиро соҳиб шуданд.

Навбати инҳо гузашт

Тайи тақрибан як даҳсола ном ба номи онҳо буд ва вазъи тамоми кишвар замоне аз табъи ин чанд қумандон бастагӣ дошт, ки субҳ бо дасти рост аз хоб мехезанд ё бо дасти чап. Аммо дар ин 15 соле, ки аз поёни ҷанг ва оғози сулҳи Тоҷикистон гузашт, аксарияти кулли ин чеҳраҳо батадриҷ аз саҳна рафтанд. Касеро марги муфоҷо аз байн бурд, касеро - марги мармуз, шуморе қурбони зиддиятҳову дасисаҳо шуд, бархеро чархи тақдир аз пушти зин зинбапушт карду ё ба кунҷи зиндон бурд, ё аз ватан ронд...

Иброҳими Усмон

Иброҳими Усмон

Иброҳими Усмон, як узви аршади Комиссияи собиқи оштии миллӣ мегӯяд, пок шудани ин хайли як замон пурнуфуз як амри табиист ва идомаи мантиқии таҳкими қудрати гурӯҳи ҳоким, ки дар симои фармондеҳон шояд таҳдид ба манфиатҳои худро эҳсос мекунад: “Манфиати умумӣ онҳоро муттаҳид карда буд ва пеш омадани манфиатҳои шахсӣ ин иттиҳодро барҳам медиҳад. Ин як ҳолати табиист. Манфиатҳои онҳо ҳосил намешавад, онҳо ҳамчунон талаби манфиати худро мекунанд, ки бо манфиатҳои гурӯҳи идоракунанда мувофиқат намекунад. Барои ҳамин, яке аз онҳо бояд биравад.”

Аз Сангаку Файзалӣ то Ризвону Ҷага...

Бо дасти ҳамдигар кушта шудани ду фармондеҳи аввали Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидови ҳанӯз ғарраи пирӯзии ин Фронт дар баҳори соли 1993 мисли ҳушдоре буд ба ҳамсангарони дигари онҳо, ки ҳадди худро бишиносанд ва нигоҳ бидоранд.

Сипас сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев буд, ки Иззат Кӯганов, сарҳанги ҳамагӣ 24-солаи Фронти халқӣ ва вориси Файзалӣ Саидовро аз байн бурд ва ибтидо водии Вахш ва ба дунбол водии Ҳисорро бо корхонаи пурфоидаи алюминсозиаш зери султаи худ овард. Аммо дар соли 1997, ҳамагӣ ду моҳ баъд аз имзои қарордоди сулҳ бо мухолифон, Маҳмуд алайҳи давлат ошӯби дигар кард, ки ба нокомӣ анҷомид ва ӯву ёронаш, назири Ибод Бойматов, Субҳон Мирзоев ва Назруллоҳ Дӯстовро ба он сӯи марз ронд.

Маҳмуд Худойбердиев

Маҳмуд Худойбердиев

Хӯҷа Каримов, фармондеҳи Фронти халқӣ дар Ғозималик, ба ошӯби Худойбердиев ҳамроҳ нашуд ва бо мансаби раиси Федератсияи футбол зоҳиран қаноат ҳам варзид. Вале дар соли 2000-ум алайҳи ӯ ҳам парванда кушоданд ва Хӯҷа ба Малайзия фирор карду дигар комилан гум шуд.

Сафаралӣ Кенҷаев, ки таъсиси Фронти халқӣ ва оғози ҷанги Тоҷикистонро ба номи ӯ рақам мезананд, соли 1998-ум дар сӯиқасде дар Душанбе кушта шуд.

Ризвон Содиров, номдортарин фармондеҳи мухолифин дар солҳои аввали ҷанг, дар Афғонистон бо раҳбарияти сиёсиаш "соз" нагирифт, ба тарафи ҳукумат гузашт, бо инҳо ҳам “ошаш напӯхт” ва пардохт ба гаравгонгирӣ, ки ин ҳама оқибат Ризвонро дар нақбе гӯр кард, ки ӯ бо дасти худ дар манзили хоҳараш дар як канори Душанбе канда буд.

Нозимро баъд аз имзои сулҳ дар Кофарниҳон куштанд ва Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккаловро дар як амалиёти вижа (махсус)-и соли 2001-ум ба маҳзи саркашиашон аз иҷрои қарордоди сулҳ.

Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, ки низ ин сулҳро напазируфт, баъд аз 8 соли фирор аз он сӯи Омӯ баргашт, то дар Рашт кушта шавад. Аммо гумони ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ бо ӯ қаблан чанд фармондеҳи дигари аршади мухолифон дар ин минтақа, аз ҷумла Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро дар Тавилдара ва Алии Бедакиро дар Рашт ба коми аҷал супурд.

Муҷоҳидин фиреб хӯрданд?

Мулоо Абдулло

Мулоо Абдулло

Атобеки Амирбек, узви зеркомиссияи низомии Комиссияи оштии миллӣ мегӯяд, ҳатто он размандагони мухолифин, ки сулҳро пазируфтанд, дар ниҳоят фиреб хӯрданд, чунки алорағми шароити сулҳ баъд аз муддате ё ихтисор шуданд, ё мисли Мирзо Зиёев ба таври мармуз кушта ва ё бо баҳонаҳои мухталиф - зиндонӣ: “Бояд ин хел намешуд. Протоколи низомӣ буд, ҳуҷҷатҳои дигар буд, вале ончӣ ки шуд, тибқи ин ҳуҷҷатҳо ва ончӣ ки мо ният доштем, нашуд. Дар он замон ба сулҳ мутақоид сохтани фармондеҳон осон набуд. Агар намехостанд, сулҳ ҳам намешуд. Оромӣ аз ҳамин афроди силоҳбадаст вобаста буд. Фикр мекардем, инҳо ҳама сарбозони давлатӣ мешаванд ва хидматро идома медиҳанд. Афсӯс, чунин нашуд. Онҳо қурбони дасисаҳои дигарон шуданд. Имрӯз аз онки Мирзо Зиёев нест, ба назари ман, як абармарде, ки метавонист ба кишвар хидмат кунад, аз байн рафтааст. Дар маҳбас будани Ёқуб Салимов низ айни эҳсосро дар зеҳни ман талқин мекунад.”

Ҳамин тавр, раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба 23 соли зиндон ва Намоз Қурбоналиев ба 15 сол маҳкум шуданд ва ба ҳисоби Ҳизби наҳзати исломӣ, дар канори инду дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 160 размандаи собиқи дигар адои ҳукм мекунанд. Саламшоҳ Муҳаббатов, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мирзохӯҷа Низомов ба фарқ аз ин ҳамсафони собиқи худ дар озодианд, вале бе ягон шуғл ё мақом.

Ҷалолиддини Маҳмуд, узви комиссияи оташбас дар солҳои ҷанг мегӯяд, давлат бояд фармондеҳони умдаи ҳарду тарафро дар майдон ҳифз мекард ва аз обрӯ ва нуфузи онҳо истифода мебурд: “Табиӣ набуд, сиёсӣ буд ин ҳама, албатта. Заъфи сиёсӣ ё камбуди имконоти тарафҳо буд, ки чеҳраҳои худро ҳифз карда натавонистанд ва дар тӯли роҳ онҳо батадриҷ аз саҳна рафтанд. Албатта, иқдомҳои ҳисобшуда буд, чунки онҳо ҳама на дар майдони ҷанг, балки дар замони сулҳ аз байн рафтанд. Аз як сӯ, эҳсоси хатарҳо аз инҳо ҳам буд, тарафи дигар ва пойинтар аз чунин эҳсос ин буд, ки афроди қаҳрамон ва чеҳра ноз доранд, вале нози онҳоро ё натавонистанд бардоранд, ё нахостанд.”

Бекории Сӯҳроб ва сандуқсозии Мустафо

Сӯҳроб Қосимов

Сӯҳроб Қосимов

Фармондеҳони ҷониби дигари ин ҷанг ҳам зиёд амон наёфтанд. Бахусус, баъд аз онки дар интихоботи порлумонии соли 2000-ум генерал Сӯҳроб Қосимов ва фармондеҳони дигар дар аксари ҳавзаҳо номзадҳои худро ҷобаҷо карданд, ки дар чашми давлатдорон ҳамчун талоши ғасби қудрат бо роҳи қонунӣ талаққӣ шуд ва як маъракаи густардаи зидди “боевик”-ҳоро дар Тоҷикистон оғоз гузошт. Ин номзадҳоро ҳанӯз қабл аз раъйгирӣ “рӯфтанд”, даҳҳо “боевик”, бо шумули муовини Сӯҳроб - Мустафо Қурбонов, мулаққаб ба “Қӯрбошӣ”-ро, ки замоне кӯдакони Варзобро бо номи ӯ метарсонданд, зиндон карданд ва ӯ ҳоло, ба гуфтаи мақомот, дар зиндони рақами яки Душанбе сандуқсоз шудааст. Қурбони Зардак ва Талаб Кузнетсро дар Кӯлоб куштанд, Олим Мӯрчаев дар як садама ҷон бохт...

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ, хабарнигори ҳафтаномаи “Миллат”, ки масоили даврони ҷанги Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, мегӯяд: “Саидшоҳ Шамолов, аз фармондеҳони забардасти он замон ба соҳибкорӣ гузашт ва ва ҳам атташеи низомӣ дар Чин аст. Бародарон Чоловҳо низ имрӯз ба тиҷорат машғуланд. Фармондеҳи Горди президентии он замон Ғаффор Мирзоев феълан дар маҳбас бандист. Ёқуб Салимов, ки вазири дохила, сафири Тоҷикистон ва раиси гумрук буд, низ ҳоло дар зиндон аст. Сӯҳроб Қосимов ҳам феълан тамоман бекор аст.”

Сӯҳроб Қосимов ҳам баъд аз тарки симати фармондеҳи бригадаи махсус ба мақоми баъди фирори Хӯҷа Каримов холишудаи раиси Федератсияи футбол нишаст. Аммо ним сол пеш ин курсиро ҳам аз ӯ гирифтанд ва ба Рустами Эмомалӣ, писари президент доданд, ки ба назари аксар, хеле рамзист ва чӣ қадар танг шудани ҷои пои фармондеҳони собиқ ва тақвияти нуфузи насли нави ба хонаводаи ҳоким наздиктарро ба намоиш мегузорад.


Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ мегӯяд, насли қумандонҳо, ки дар майдони ҷангҳои рӯбарӯ касби обрӯ кард, ба маҳзи ноогоҳии сиёсӣ натавонист худро дар бозиҳои сиёсӣ ҳифз кунад: “Аксари онҳо аз машқгоҳҳо ва гурӯҳҳои рэкетӣ ба майдон омаданд ва ҳар кадом барои ғуруру обрӯи минтақаи худ хеста буд. Аммо вақте сулҳ шуд, мардум дид, ки аксари онҳо ҳадафе болотар аз гирифтани ягон вазифа надоштааст. Чун ба ин ҳадаф расиданд, аз онки ягон таҳкурсии фикрӣ, ё сиёсиву раҳбарӣ надоштанд, онҳоро хеле ба осонӣ аз майдон ронданд. Бо додани чанд пулу мол ё инки равонаи зиндонашон карданд. Раҳбарони сиёсӣ доимо дар инқилобҳо аз чунин гурӯҳҳо хуб истифода мекунанд, вале то расидан ба қудрат. Вақте пояи давлаташон устувор шуд, кӯшиш мекунанд, онҳоро дур созанд, чунки аз онҳо эҳсоси хатар мекунанд.”

Ҳамроҳ бо ҳар фармондеҳ авлоди ӯ ҳам расво мешуд. Ҳамин тавр, баъди ҳалокати Ризвону Шайх Неъмат ва Мирзо Ҷага наздикони онҳо низ ҳама кушта ё зиндонӣ шуданд. Писари Сангак Сафаров ҳам бандист ва аз хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо Сӯҳробаш зиндонист ва ду бародари ӯ - дар ҳоли фирор.

Натиҷа яккатозӣ шуд

Муҳаммадюсуфи Ҳаким, узви собиқи комиссияи оташбас ва сухангӯи собиқи Комиссияи оштии миллӣ мегӯяд, расми саройи сиёсат чунин буда, ки ҳар нафаре ба аршаш расид, ҳамсафони худро пеш аз ҳама хунсо мекунад, ки мабодо ҳаққи хидмати худро талаб кунанд. Сабаби дигари “рӯфтан”-и ҷангсолорон, ба ақидаи ӯ, ҳамвор кардани роҳ барои низоми яккасолорие буд, ки атрофиёнаш дар ниҳоят дар Тоҷикистон барои Эмомалӣ Раҳмон дуруст карданд: “Ҳарду тарафро ҳам аз саҳна ронданд. Аз тарафи давлат Ғаффор буд, Ёқуб, Чоловҳо, Шамоловҳо, Лангариевҳо... Ҳоло кадоми онҳо сари мансабе боқӣ мондааст? Ҳеҷ кадомаш! Бо ҳар баҳона, якеашро маҳкам карданд, якеашро куштанд... Агар гапе намебуд, ба кори худ идома медоданд ва беманфиат ҳамнабуд фаъолияти инҳо. Лекин онҳо барои яккатоз шудани яке халал мерасонданд. Аммо афроде ки кушта шуданд ё зиндонӣ шудаанд, ҳамааш хатарнок набуд охир, ҳамаи ин дар сар фикри табадуллот надошт. Барои мисол, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров чӣ хатар дошт барои давлат?”

Насли наве, ки даҳшатҳои замони ҷангро камтар дар ёд дорад, шояд дигар зиёд надонад, ки Чоловҳо кӣ буданду Шамоловҳо ё Ризвон – кӣ? Исми ин қумондонҳои як замон пурнуфуз ҳоло бештар дар ёди афроди муталлеу огоҳ ва ҳам шояд насли миёна мондааст.

Ба ақидаи Атобеки Амирбек, фурсате расидааст, ки аз тамоми гуноҳҳои кардаву нокардаи ҷангиёни собиқи ҳарду тараф як бор комилан бигзаранд ва ҳамаи ҷангиҳои собиқи имрӯз зиндониро, ки дигар хатаре ба давлат надоранд, раҳо кунанд. Иброҳими Усмон, узви Комиссияи собиқи оштии миллӣ ҳам мегӯяд: “Ҳар қадар мо аз замони ҷанг дуртар равем, ба ҳамон андоза ҳама чиз оддитар мешавад, чун эҳтиёҷ ба силоҳу силоҳдор камтар шуда, онҳо ҳам ба шахсони оддӣ табдил меёбанд. Баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳон ҳам нафароне буданд, ки мегуфтанд: “Мо ғалаба кардем! Мо Берлинро гирифтем!” Ҳукумати Шӯравӣ онҳоро дур кард, ки халал нарасонанд. Аммо аз солҳои 60 қадрдонии собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ оғоз ёфт, вале ин мардум дигар даъвои ину он намекард. Яъне худи замон ҳамачизро худаш батадриҷ ба тартиб хоҳад овард."

Поёни даврони “боевик”-ҳо

Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддини Маҳмуд

Ба ҳар сурат, нуқтаи таммат гузоштан ба ҳукми “боевик”-ҳоро ҷониби давлат як комёбии асосии худ дар эъмори баъдиҷангии Тоҷикистон медонад. Аммо ба ақидаи Ҷалолиддини Маҳмуд: “Ёқубу Ғаффору инҳо ҳам шояд баъзе нозҳо доштанду таваққӯъот, ки мо хидмат кардаему касе ба мо кор нагирад. Вале як аларашӣ ҳаст инҷо байни онҳое ки дар воқеъ чеҳра будани ҳаққи ноз кардан доштанд, ва онҳое, ки аз фурсат истифода бурданд, вале дар асл унсурҳои ҷиноиву мушкилсоз буданд. Агар дуруст ҷудо карда метавонистанд, ки киро аз байн баранду киро ба зиндон кашанд ва киро боқӣ гузоранд, ин метавонист муваффақият шавад. Вале дар амал чунин нашуд.”

Муҳаммадюсуфи Ҳаким мегӯяд, дар натиҷа фақат ҷои ҷамъшавандаҳо иваз шуд ва мардум агар пеш аз чанд “боевик” азият медид, ҳоло артиши бамаротиб бузургтари мансабдорони ҳарис ва тамаъҷӯ болои сарашро гирифтааст. Пайомади дигари хунсо кардани қумандонҳо, ба назари ӯ, низоми худкомаест, ки ҳоло дар кишвар ҳоким шудааст: “Аз як сӯ, хуб шуд, ки мардум ба оромӣ расид. Вале аз тарафи дигар, яккатозӣ ҳам ба нафъи мардум нест, чунки тамоми умур дар дасти як нафар аст ва ӯ чӣ хеле хост, чамбараки мошинро тоб додан мегирад.”

Вале Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ мегӯяд, поёни даврони “боевик”-ҳо ҳеҷ ҷои дареғ надорад: “Ин ба манфиати мардум шуд. Чунки агар касе дар он айём ба сӯи кӯҳистон мерафт, сари ҳар қадам як посгоҳ буд ва ҳар посгоҳ – ҳокими мутлақи ҳамон минтақа. Онҳо ҳар чӣ мехостанд, ба мардуми мусофир раво медиданд. ба ҳар сурат, имрӯз инсон ҳо худро озодтар эҳсос мекунанд. Ҳадди аксар метавонанд бандиаш кунанд, фишоре биоранд, ё латукӯб шавад. Вале дар он даврон кас барои як ҳарфи ноҷо ҳатто ҷони кас дар хатар қарор мегирифт. Шукри Худованд, ин хатар имрӯз рафъ шудааст.”

Албатта, як теъдоди каме аз насли қумандонҳо тавонист худро ҳифз кунад. Аз ҷумла Ғайрат Адҳамов, ки бо саҳмияи 30-фоиза ба ҳукумат омада буд, то ҳол муовини вазири дифоъ аст ва Шоҳ Искандаров ба маҳзи кумакаш дар саркӯб кардани ошӯби Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло муовини раиси идораи минтақавии пулис дар водии Рашт шуд. Аммо ба назари таҳлилгарон, ин хайли андак дар ин солҳо дар бозиҳои сиёсӣ то ҷое обутоб ёфта, қоидаи бозиро ҳам хуб омӯхт ва дигар ҳадди худро хуб мешиносад, ки аз куҷо то ба куҷост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG