Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Бетараф набошед, ба Ҷаъфар кӯмак кунед


Се давраи охирини “химиотерапия” ҷони ин тифли тоҷикро наҷот хоҳад дод.

Ҷаъфар Тоҷибоев як соли охир ҳамроҳ бо модараш дар як маркази саратоншиносии ба номи Блохинаи шаҳри Маскав зидди саратон табобат мешавад. Як сол пеш дар шошадони ин кӯдак саратон ошкор шуд (рабдомиосаркома) ва волидонаш зуд ӯро ба Маскав бурда, аз паи наҷоти ӯ шуданд. Инак 15 даври химиотерапия пушти сар шуд ва дар навбат се даври дигари ин муолиҷаи гаронқимат дар пеш аст.

Ҳар як давраи муолиҷа 300 ҳазор рубл арзиш дошта, дар маҷмӯъ ба ин хонадон 1 миллион рубл маблағ лозим аст. Табибон мегӯянд, ки Ҷаъфар тамоми имкони комилан сиҳҳат шуданро дорад ва давраи навбатии химиотерапияро бояд 27 феврал шурӯъ кунад.

Бисаодат, модари Ҷаъфар Тоҷибоев дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ба радиои Озодӣ гуфт:

- Мо, ки шаҳрванди Русия нестем, тамоми хароҷоти табобат барои мо пулакӣ аст. Мо ба фонду созмонҳои мухталиф муроҷиат кардем, ки дар анҷоми табобати писарамон кӯмак кунанд.

Ҷаъфар писари калонии хонадон буда, хоҳараш ҳоло бо модаркалонаш дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад. Падари хонадон, ки дар Тоҷикистон корманди бонк буд, корро тарк карда ба Маскав омадааст ва дар ҷое кор карда тамоми даромадашро барои пӯшонидани харҷи табобати фарзанд сарф мекунад. То имрӯз хонаводаи Тоҷибоевҳо хароҷоти муолиҷаро аз ҳисоби худ пардохт мекарданд, вале бо тамом шудани захираҳои пулӣ, волидон маҷбуранд ба созмонҳои хайрият муроҷиат кунанд.

- Духтурҳо гуфтанд, ки Ҷаъфар пурра сиҳҳат хоҳад шуд. Дар аввал гуфтанд, ки пешобдонашро пурра гирифта мепартоянд, вале баъди амалиёт, пешобдонашро ҳифз карданд ва танҳо нисфашро гирифта партофтанд. Ҳоло бояд ки бо як найчаи пайваст ба пешобдонаш (мочевой котетор) гардад, чунки ҳанӯз пурра табобат нашудааст, - мегӯяд модар.

Бунёди хайрияти “Гольфстрим” дар Маскав дар муроҷиаташ ба Радиои Озодӣ дархост намуд, ки матлабе дар бораи вазъияти хонаводаии Ҷаъфар Тоҷибоев нашр кунем, то ки шахсиятҳои хайрхоҳ ва созмонҳои имдодрасон дар анҷоми муолиҷаи ин тифл кӯмак кунанд. Ин созмон мегӯяд, дар ду соли охир тавонистааст барои наҷоти ҷони 100 тифли гирифтори бемориҳои сангин пул ҷамъоварӣ кунад.

Шахсоне, ки нисбати сарнавишти Ҷаъфар бетараф нестанд ва мехоҳанд саҳми худро дар табобати ин кӯдак гузоранд, метавонанд тавассути ин саҳифаҳои интернетӣ миқдори маблағеро барои табобати кӯдак ирсол кунанд.

Хонум Бисаодат аз номи аҳли хонаводааш ба тамоми шахсони хайрхоҳ барои кӯмак ва дастгириашон изҳори сипос мекунад.


Контактные телефоны в Москве:
+7-903-267-94-11- Благотворительный фонд тяжелобольным людям «Гольфстрим»
+7-903-177-92-09 – Бисаодат - мама малыша
Реквизиты для оказания помощи Джафару Таджибаеву:
- Карта СБЕРБАНКА № 4276843010321141 (держатель волонтер Клементьева Елена Евгеньевна по доверенности)
- пополнить телефон БИЛАЙН 8 965 806 76 48 (держатель волонтер Клементьева Елена Евгеньевна по доверенности

- WebMoney:
R254643446884 - рубли
Z235187948249 - доллары
E275187225213 - евро
- on-line по банковской карте с сайта фонда: www.golfstreamfond.ru/they-need-help/934-tadzhibaev
- Перечислив помощь на расчетный счет в рублях:
ИНН 5017998033
КПП 501701001
Счета в ОАО «СМП банк»
Расчетный счет в рублях: 40703810600050000068
БИК 044583503
Получатель: БФ «Гольфстрим»
Назначение: Таджибаев Джафар. Благотворительное пожертвование. НДС не облагается.

- Яндекс кошелек - 41001967430981

- KIWI кошелек - 9037747580

- RBK - RU455393563
- Можно отправить смс-сообщение на номер 7715 со словом ТЕБЕ 300 (для жителей России), где 300 - любая сумма, которую захотите пожертвовать. Эта сумма будет списана с вашего телефонного счета.

Для оплаты в долларах:
SWIFT: SMBKRUMM
Bank: SMP BANK
Recipient: Charity foundation "Golfstreamfond"
Account: 40703.840.2.00051000068
With the Bank correspondent VTB BANK (DEUTSCHLAND) AG, Frankfurt am Main, Germany (SWIFT: OWHBDEFF, Account: 0104649413)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG