Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки дар минтақаи Бартанги Бадахшон ҳаво сард ва ҳарорат поёнтар аз сифр аст, бархе аз сокинони дар пайи заминларза бесарпаноҳ монда, 3 рӯз боз дар ҳавои кушод ба сар мебаранд.

Бархе аз сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки дар пайи заминларзаи харобиовари 7 декабр хонаҳояшон вайрон шудааст, ҳанӯз дар ҳавои кушод ба сар мебаранд. Ин заминларза дар маҷмӯъ манзили беш аз 200 нафарро куллан хароб карда, ба тақрибан 600 хонаи дигар зарар расондааст.​ Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, ки 9 декабр баргузор шуд, гуфт, "аз ин ҳисоб 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд."

Азамат, як сокини ҷамоати Ривучи Бартанг рӯзи 9 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ин заминларза хонааш пурра вайрон шудааст ва ӯ ҳамроҳ бо 3 фарзандаш шабро дар берун рӯз мекунад. Ӯ гуфт, "ҳаво хеле сард аст, дар берун нишастаем. Дар ҳамин деҳи мо 40 хоҷагӣ аст, ҳама қариб дар берун. Хайма нест, ягон кумак ҳам нарасидааст."

Ватаншоҳ Мирзошоев, духтури Маркази cаломатӣ дар ҷамоати Савноби Бартанг мегӯяд, онҳо 8 деҳоти ин ҷамоатро зери назар доранд ва табибон барои кумак ба афроди зарардида ҳар рӯз 3 километр роҳро пиёда тай мекунанд. Роҳи мошингард нест ва дар пайи заминларза дар ин ҷамоат 7 нафар осеб ҷисмонӣ бардоштааст. Мирзошоев мегӯяд, "заминларзаи сахт рӯзона рух дод ва бисёриҳо дар кору дар берун буданд, вагарна шояд теъдоди маҷрӯҳон боз ҳам бештар мешуд. Аммо мардум ҳама дар тарсу ҳаросанд ва ҳатто онҳое ҳам, ки хонаҳояшон пурра зарар надидаанд, аз тарс дар хона намешинанд. Ҳоло ин ҷо барқ комилан нест."

Сокинони ҷамоатҳои зарардидаи водии Бартанг дар сӯҳбати телефонӣ бо мо гуфтанд, бо гузашти 4 рӯз аз ин ҳодисаи нохуш, онҳо ягон навъ кумак дарёфт накардаанд ва чашм ба роҳи чархбол ва ниҳодҳои масъул ҳастанд. Аммо чархболҳои ҳомили кумак ба зарардидаҳо яке дар маркази ноҳияи Рӯшон ва ду чархболи дигар дар Душанбе ба далели номусоид будани боду ҳаво наметавонанд ба ҷойи ҳодиса бирасанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки чархболҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон ба рустоҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон кумакҳои башарӣ мерасонад. Аммо мақомоти масъул аз Бадашон мегӯянд, ҳанӯз ин чарболҳо ҳам ба минтақаи осебдида нарасидаанд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазир амалиёти кӯмак ба осебдидагонро ҳамоҳанг мекунад.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазир амалиёти кӯмак ба осебдидагонро ҳамоҳанг мекунад.

Ситоди кумакрасони ҳукумат бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим субҳи 9 декабр ба маркази Рӯшон расида, баъд аз як ҷаласа бо мошин ба сӯйи Бартанг равон шудаанд. Вале Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҳукумати вилояти Бадахшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, роҳҳо то Бартанг ҳанӯз пурра боз нестанд.

Нилуфар Асламшоева афзуд, 3 ҷамоати осебдидаи гирду атрофи кӯли Сарез то ҳол ба 60 хаймае, ки ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин водӣ захира дошт, таъмин шудаанд ва қарор аст дар навбати аввал бештар аз 200 хонаводаи комилан бесарпаноҳ ба осоишгоҳ, мактаб ва ятимхонаҳои ноҳияи Рӯшон кӯчонда шаванд.

Аммо Ватаншоҳ Мирзоев, табиби Маркази саломатии Бартанг мегӯяд, ҳарчанд заминларзаи паёпайи ду рӯзи ахир ва зарар дидани кӯли Сарез мардуми ин водиро нигарон кардааст ва бояд ба ҷои амн кӯч банданд, аммо аксари онҳоеро, ки акнун хонаҳои худро аз даст додаанд, тақдири молу чорвояшон, ки як мояи пешбурди рӯзгорашон аст, нигарон кардааст.

Ӯ мегӯяд, "ҳоло мардумро барои кӯчондан номнавис доранд. Аммо мардум ҳайронанд. Мегӯянд мо меравему гӯсфанд ва говҳоямон куҷо мераванд? Шояд агар имкон бошад, барои зимистонгузаронӣ ҳамин ҷо ягон шароит фароҳам оварда шавад. Масалан, шояд мардумро бо юртаҳои қирғизӣ, ки барои зиндагӣ мусоидтар аст, таъмин кунанд”.

Рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Аз нимаи моҳи июл бар асари обхезӣ роҳҳо дар аксари навоҳии вилояти Бадахшон хароб шуда, иртибот ба аксари деҳотро аз байн бурд. Масъулин барои кӯмак ба мардуми деҳоти осебдида ва таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ, аз чарбол истифода мекарданд. Дар водии Бартанг, ки ба ҷуз ҷамоати Бартанг ду ҷамоати дигар низ аст, беш аз 7 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Мардум бинобар надоштани роҳ ҳамеша мушкил доштанд. Сокинони ин водӣ аксаран ба далели баста будани роҳ аз мушкили дастрасӣ ба ғизову хӯрок ва ҳам ба хизматрасонии тиббӣ шикоят мекарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG