Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе аз ҷавонон ҷашни Ҳелловинро, ки дар яке аз клубҳои шаҳри Душанбе баргузор гашт, халалдор кардаанд.

Шоми 27-уми октябр ҷавонони зиёде бо либосҳои хоси ҷашни Ҳелловин, назири ҷомаи Вампир, Аҷузакампир ва дигар қаҳрамонҳои афсонавии ваҳмангез, дар назди дискоклуби "Snap 83" ҷамъ омада буданд. Вале аксарият, бо вуҷуди доштани билет, натавонистанд вориди дискоклуб шаванд.

Антон Родин, яке аз ҷавонон, ки Ҳелловинро дар дохили дискоклуб ҷашн гирифта буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чун муҳофизони дискоклуб шиносҳои худро бар ивази чанд сомонӣ ё наздиконашонро бидуни чипта вориди толор кардаанд, ба нафарони чиптадор ҷой боқӣ намонд. Антон мегӯяд, бархе ҷавонон бо либосҳои варзишӣ дохили клуб шуда, ҷараёни консерти рок ва маросими ҷашни Ҳелловинро халалдор намудаанд.

Ба қавли ӯ, "аввал дар клуб танҳо онҳое буданд, ки мехостанд Ҳелловинро бо ниқобҳою либосҳои хос ҷашн гиранд. Баъд ҷавонҳое вориди клуб шуданд, ки онҳо аз Ҳеловин дур буданд. Ба онҳо ҷашни дигаре лозим буд, вале онҳо ба ин ҷо омаданд. Чун дар ин шом ду гуруҳи мухталифи ҷавонон омада буданд ва онҳо зери як мусиқӣ наметавонистанд дилхушӣ кунанд, бинобар нафароне, ки Ҳеловинро ҷашн гирифтанӣ буданд, пароканда шуданд."

Антон Родин

Антон Родин

Бархе аз ҷавононе, ки баъдан аз клуб хориҷ шуданд, дар суҳбати бидуни микрофон ба мо гуфтанд, ки онҳо аз хавфи сар задани занозанӣ аз клуб берун омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, зеро як гурӯҳ ҷавонон Ҳеловинро ҷашни бегона хонда, намехостанд мусиқии рокро, ки дар барномаи ҷашн буд, гӯш кунанд. Онҳо аз DJ талаб кардаанд, ки суруди Зафар Аюбӣ, маъруф ба "Зафарча"-ро монад, то онҳо дилхушӣ кунанд.

Аммо Сабрина Ачилова, сокини шаҳри Душанбе ва донишҷӯи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, ки бо ҷомаи Аҷузкампир ба назди дискокулуби "Snap 83" ҳозир шуда буд, мегӯяд, ӯ ва бисёре аз дӯстони дигараш аз қабл барои ҷашнгирии Ҳеловин омодагӣ гирифтаанд. Вай илова кард, шарти асосии Ҳеловин ин пӯшидани ягон либоси ғайриодӣ ва ваҳмангез аст: "Ман аввал тасмим гирифтам, бо либоси "вампир бо шамшер" ба шабнишинии Ҳеловин меравам. Вале баъд фикр кардам, ки шамшер дар тӯли ин шаб ба ман халал мерасонад. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки бо либоси аҷузкампир ва шляпа ба шабнишинӣ ҳозир шавам."

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки фарохтар шудани шикофи фарҳангӣ миёни ҷавонони ба истилоҳ "дунявӣ" ва "мазҳабӣ", ба оромии ҷомеа то куҷо хатарбор аст? Ёқуби Саид, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, набудани як идеяи миллӣ, ки ҳамаи ҷавононро гирди ҳам меорад, боис шудааст ҷавонон рӯ ба ҷашну фарҳангҳои богона оранд: "Тақлид кардани ҷавонон аз фарҳангу ҷашнҳои бегона аз вуҷуди як халои фарҳангӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин, ки мо ҷашнҳои миллиамонро зебову хотиромон барои ҷавонон ҷашн намегирем. Бинобар ин, ҷавонон ба ҷашнҳои бегона рӯ меоранд. Вале бояд кӯшиш кард, ки ҷавонон аз фарҳангу урфу одати миллии худамон пайравӣ кунад."

Ҳеловин аслан иди англисҳост, ки аз асри 9 то инҷониб таҷлил мешавад, ҳарчанд дар тӯли асрҳо расму анъанаҳои ин ид такмил ёфта, тағйир хӯрдаанд. Муҳимтарин унсури ҷашни Ҳеловин бар иловаи пӯшидани либоси ваҳмангез, ин сохтани қандилҳои аҷиб аз каду ва турб мебошад. Дар даруни ин сабзавотҳо шамъ фурӯзон карда, паҳлӯҳояшро сӯрох мекунанд, то ки аз ин сӯрохиҳо равшании шамъ ҳайратовар намудор шавад.

Таҷлили густурдаи Ҳеловин дар мактабу донишгоҳҳои Русия нигаронии вазорати маорифи ин кишварро ба бор оварда буд ва ин ниҳод аз хонандагон хост дигар онро таҷлил накунанд. Аммо Синоди Просалавҳои Русия ин ҷашнро шайтонӣ унвон карда аз пайравонаш хоста буд онро таҷлил накунанд. Аммо дар Тоҷикистон ба далели маҳдуд будани доираи ҷашнгирандагони Ҳеловин то ҳол ягон вокунишеро ба бор наовардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG