Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 кас дар ҳодисаи суқути чархбол дар Узбакистон


Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Узбакистон, як чархболи ҳарбии МИ-171 рӯзи 18 октябр дар водии Фарғонаи ҳаммарз бо ҷумҳурии Қирғизистон, сарнагун шудааст. Ин расонаҳо ба такя ба манобеи худ дар вазорати дифои он кишвар навиштанд, ки дар ин ҳодиса 9 нафар, аз ҷумла се узви ҳайати парвоз ва 6 низомӣ, ҷон бохтаанд.

Сабабҳои ин ҳодиса то ба ҳол маълум нест ва вазорати дифои Узбакистон ин ҳодисаро "фалокат" номида ва аз ташкили комиссияи вижа барои таҳқиқи сабабҳои сарнагун шудани чархболӣ низомӣ, хабар додааст.

Мақомоти Узбакистон низ ба пайвандону наздикони қурбониёни ҳодисаи суқути чархбол дар водии Фарғона ҳамдардӣ намудаанд. Иттилоияи расмии ҳукумати Узбакистон мегӯяд, ки ин чархбол ҳини "парвози нақшавӣ" ба садама дучор шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, аз соли 2009 инҷониб 7 ҳолати суқути чархболҳои МИ-171-и истеҳсоли Русия ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа дар маҷмӯъ 41 нафар ҷон бохтаанд.

Ин дувумин садамаи маргбори ҳавоӣ дар Узбакистон дар чанд соли ахир ба шумор меравад. Дар таърихи 13 январи соли 2004 бар асари суқути як ҳавопаймо дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд 37 нафар аз мусофирон ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG